ВОЖАИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАТИҶАИ ИСТИҚЛОЛИЯТХОҲӢ!

Истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд. Истиқлолият калимаест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос менавон кард. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Истиқлолият мафҳумест, ки шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менамояд. Истиқлолият калимаест, ки шахси баҳри ноил гаштан ба ӯ ҷонсупурдаро дар саҳифаҳои заррини таърих қаҳрамон ва шуҷоу далер сабт менамояд.
Соҳиби давлати мустақил ва Конститутсия будан, барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Махсусан дар ин рӯзҳои воқеаҳои гушношунида ва чашмнодидаи ҷаҳони муосир.
Пас аз гузашти солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳимми сиёсӣ, давраи нави давлатсозию давлатдории мустақилона заруратро пеш овард, ки қонунеро ба ҷомеа пешкаш намоем, то ки мардумро аз буҳронҳои маънавию иқтисодӣ раҳоӣ бахшида, рӯ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ намояд. Чӣ қонуне аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда метавонист.
Бале, қонуне буд, ки бо дархосту пешниҳодҳои якдилонаи мардум қабул гардид. Ҳадафҳои аввалини ин қонун танзими ҷашну маросимҳои беососу серхарҷ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистон буд. Бо гузашти беш аз 11 сол мушоҳида намудем, ки чӣ тавр ин қонун манфиатҳои иҷтимоии мардумро ҳифз намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хидмати шоён намуда истодааст, маҳз ҳамин буд, ки ин қонун ба мақоми Қонуни миллӣ расид.
Дар ин радиф дастоварди дигари сиёсии миллати мо дар замони Истиқлолият метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”- ро номид, зеро ин қонун имкон дод, ки дар шароитҳои сахти иқтисодӣ падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда набояд нисбат ба таълиму тарбияи онҳо бетараф бошанд. Маҳз ҳамин буд, ки имрӯз дар кӯчаҳо ҳеҷ мактабхонеро мушоҳида намекунем, ки ба оворагардию беҳуда гузаронидани вақт машғул бошад ва ҳеҷ падареро намебинем, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанди худ беэътиноӣ зоҳир намояд.
Бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.
Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мешуморем”.
Мо ҷавононро мебояд, ки ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хуби огоҳ ва бархурдор бошем. Маҳз мо ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт.
Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳисси ватандории ҷавонони тоҷик ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райхон хуштар медонад.
Бигзор, Истиқлолият барои ҳар шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад! Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *