Дар Душанбе машварати кории гурӯҳҳои дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон нишасти машваратии ҳайати байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон- гурӯҳҳои дӯстӣ баргузор гардид. Дар нишасти машваратӣ муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима шуда, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои тарафайн таъкид намуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо  Мансурӣ дар раванди гуфтугӯи тарафҳо таъкид намуд, ки «муносибатҳои ду давлати  ҳамҷавор дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми самтҳо рушди густурда пайдо намуда, ба шарикии стратегӣ мубаддал гардиданд, ки аз иродаи қавии роҳбарони сиёсии ду давлат шаҳодат медиҳанд».

Муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов раванди ҳамкории тарафайнро неку дурандешона номида, рушди муносибатҳоро барои ҳарду давлат муҳим ва манфиатбор арзёбӣ намуд.

Дар ҳамоиши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ 4 масъала: дар бораи дурнамои ҳамкории минбаъдаи байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон; дар бораи вазъи иҷрои шартҳои дар Ёддошти соли 2019 байни палатаҳои поёнии ду давлат баимзорасонидашуда ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда; ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими робитаҳои ҳасанаи байниминтақавӣ ва рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ — АБП ИДМ, АП САҲА мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.

Худи ҳамин рӯз меҳмонони  ҷониби Ӯзбекистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, толори таърихӣ ва толори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон дидан намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *