ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ

ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ

ш. Душанбе, 24.09.2018,  Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. 

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Пас аз интихоби котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 3 масъала, аз ҷумла, ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар шаҳри Душанбе, ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба вазъи рушди сайёҳӣ дар пойтахт ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардида буд.

Дар оғози кори иҷлосия, муовини Раиси шаҳри Дущанбе Ҷумазода Фарух Тӯрақул доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҳисобот дод. 

Зимни баррасии масъалаи мазкур, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вакилони халқро ба масъалаи иҷрои нақша-чорабиниҳо ҷиҳати сари вақт омода намудан ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми иншооти хоҷагиии халқи пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки бо инобати сард пешгӯӣ гардидани зимистони имсола, тамоми сохторҳои марбутаи пойтахт бояд барои бемушкилӣ паси сар намудани он ҳамаҷониба омодагӣ гиранд. Аз ҷумла, Раиси шаҳр ба муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохтору ниҳодҳои марбутаи пойтахт дастур доданд, ки доир ба омода ва пайваст намудани биноҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои   пойтахт ба системаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ, фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо, анҷом додани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгард,  омода намудани низоми обпартоии шаҳр, таъмини муътадил ва босифати оби нӯшокӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ ва ангишт ва назорати генераторҳои барқӣ дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тадурустӣ ва фарҳангӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Раиси шаҳр ҳамчунин масъулини сохторҳои марбутаи пойтахтро ҷиҳати пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, захираи кофии он барои давраи зимистонгузаронӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолии сокинон дар мавсими сармо муваззаф карданд.

Сипас ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оид ба вазъи рушди сайёҳӣ дар пойтахт шунида шуд.

Дар вақти муҳокимаи масъалаи мазкур, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати барнома ва нақшаи чорабиниҳо муваззаф намуданд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки баҳри рушди хизматрасонии инфрасохтори сайёҳии пойтахт тадбирҳои зарури андешида, барои таҳияи харитаи сайёҳӣ, пешниҳоди рӯйхати ҷойҳои сайёҳат ва ташкили курсҳо ҷиҳати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ,сифатнок ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва муоширати дуруст ба меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ, меҳмонхонаву тарбахонаҳо, бозору марказҳои савдо, нақлиёти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва инчунин таҳияи лоиҳаи мукаммалсозии инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо мақсади дарк намудани аҳамияти сайёҳӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт ва таҳкими муносибати некбинона бо меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ масъулини сохторҳои марбута ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр муваззаф карда шуданд, ки корҳои тарғиботӣ ва тарбиявию ахлоқиро миёни сокинон тақвият бахшанд ва барои таъмини амнияти сайёҳон мунтазам корбарӣ намоянд.

Ҳамчунин вазифадор карда шуданд, ки Шӯро оид ба рушди сайёҳӣ дар шаҳр ҳар чӣ зудтар таъсис дода шуда, аз натиҷаи корҳо то 1 ноябри соли равон ба Раиси шаҳр гузориш пешниҳод карда шавад.                                                                             

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб карданд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти рушду пешрафт ва ободонии шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ  ба тамоми қишрҳои ҷомеа бетараф набуда, доир ба ҳамеша тозаву озода  нигоҳ доштани шаҳр, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, таъмини фарҳанги шаҳрнишинӣ ва мутобиқ гардонидани сатҳу сифати хизматарсонӣ дар пойтахт мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрдорӣ, инчунин бо назардошти чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *