Кор бо занон

Мулоқот, вохӯрӣ бо фаъолзанҳои ноҳияи Шоҳмансур оид ба пешвози таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 27.08.соли 2019 соати 10:00

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Дар мулоқот иштирок намуданд:

Зувайдзода М.М муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Муинӣ М.М муовини Раиси шаҳри Душанбе, Солеҳов Ф. мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Каримзода Н. мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мирзозода И. сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Норасов А.А мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шарифзода Н. сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, Саидова Ф. муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур. Бадалова М. сармуттахасиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Рӯзномаи Маҷлис:

Мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои волои озодӣ, ташаккули сохти конститутсионӣ, арҷ гузоштан рамзҳои давлатӣ, нақшаи Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, татбиқи чаҳор ҳадафи стратегӣ, инчунин дастовардҳои беназири истиқлолияти давлатӣ