Маълумот

Ҳисобот

дар бораи натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Шоҳмансур дар нимсолаи аввали соли 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рањҳмон: ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 баён гардидаанд ва қарору амрҳои Раиси шаҳри Душанбе сармашқи кори худ намуда, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кори муайянеро анҷом дод.

Қобили зикр аст: ки дар ин муддат комплекси иқтисодии ноҳия корро мувофиқи талаботи айём ба роҳ монда: ба баъзе пешравиҳо ноил гардид.

Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давраи ҳисоботи чунин натиҷа дорад.

 

ИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

 Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши контингенти умумии даромадҳо аз ҳисоби андозсупорандагони ноҳия ба андозаи 100,0 фоиз таъмин карда шуд. Нақшаи контингенти умумии даромадҳо дар ин муддат маблағи 506,6 млн. сомониро ташкил дода, ба буҷети давлатӣ маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ 506,8 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи  31,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. (дар 6 моҳи аввали соли 2018-ум ба буҷет 475,2 млн сомонӣ ворид шуда буд)

Қисми даромади буҷети ноҳия дар давраи ҳисоботи 100,3 фоиз иҷро гардид. Нақшаи  аниқгардида 69 733 094 сомониро ташкил дода, дар  асл бошад 69 963 558 сомонӣ даромадҳои андози ва ғайриандозӣ ба буҷети ноҳия ворид гашт. Нисбати нақша ба буҷети ноҳия 230 464 сомонӣ зиёд ворид шуд.

Нақшаи аниқгардидаи қисми хароҷоти бучети ноҳия 97,9 фоиз иҷро гардида, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 24,8 фоиз ё ин, ки 15 568 862 сомонӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҷия зиёд маблағ равона шудааст. Нақшаи аниҷгардидаи хароҷотҳои буҷети ноҳия 79 944 982 сомониро ташкил дода дар асл 78 235 631 сомонӣ харҷ гардидааст.

Иҷроиши хароҷотҳои буҷети ноҳия дар соҳаҳои хоҷагии халқ чунинанд%                                                                                            сомони

Номгуи хароҷот Маблағ (накша) Маблағ (иҷро) Фоиз
Хароҷотҳои мақомоти иҷроия 1345836 1204954 94,2 %
Хароҷотҳои соҳаи маориф 29492628 28805610 97,7 %
Хароҷотҳои соҳаи тандурусти 18570214 18305025 98,6%
Хароҷотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимои 929755 926802 99,7 %
Хароҷотҳои коммунали манзили 29255928 28647090 97,9 %
Соаи фарҳанг ва варзиш 42189 37718 89,0 %
Дигар соҳаҳо 308432 308432 100,0 %
              ҲАМАГИ: 79944982 78235631 97:9%

 

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  маблағи 126,9 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 102,8 фоизи нақшаро ташкил менамояд. Нақшаи тасдиқшуда 123,4 млн. сомонӣ буда, ба буҷети фонди ҳифзи иҷтимои 3,5 млн. сомонӣ зиёд ворид гардид.

Дар ноҳия иҷроиши 1 сарчашмаи даромад, андоз аз даромад ба маблағи 20,4 млн. сомонӣ, ворид нашуд.

Нақшаи тасдиқшудаи андоз аз даромад 149,5 млн.  сомониро ташкил дода, дар асл ба буҷет 129,1 млн. сомонӣ (86,4%) ворид шуд.

 

САНОАТ

Корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳия бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 183 991 700 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018-ум 36964100  сомонӣ зиёд мебошад (нимсолаи аввали соли 2018-ум 147 927 600 сомонӣ). Ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурўш баровардашуда ба 167 240 500  сомонӣ (90,1%) расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 46 800 500 сомонӣ зиёд мебошад (нимсолаи аввали соли 2018-ум 120 440 000  сомонӣ).

Дар корхонаҳои саноатии ноҳия 1726 нафар коргарон кор мекунанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 408 нафар кам буда (нимолаи аввали соли 2018-ум 2134 нафар), маҳсулнокии меҳнати ҳар коргар 106 600 сомонӣ ва музди миёнаи моҳонаи ҳар як истеҳсолотчӣ 1327 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли 2018 маҳсулнокии меҳнати кормандон 69319 сомонӣ ва музди меҳнати кормандон 1244 сомониро ташкил медод, ки дар муқоиса маҳсулнокии меҳнат 37281  сомонӣ ва музди меҳнат 83 сомонӣ зиёд шудааст.

 

 

НАҚЛИЁТ

Муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ 1 636 900 тонна борҳои хоҷагии халқро кашониданд, (дар нимсолаи аввали соли  2018-ум 2 289 900 тонна), ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2018-ум 71,5 фоизро ташкил дода, 653 000 тонна кам мебошад. Гардиши боркашонӣ ба 92 500 000  тонна-километр расонида шуд (дар нимсолаи аввали соли 2018-ум 80 000 000 тонна-километр), ки ин баробари  115,6%-и нимсолаи аввали соли 2018 буда, 12 500 000 тонна зиёд мебошад.

Дар ин давра аз тарафи муассисаҳои мусофиркашонии ноҳия 27 890 000  мусофирон ба манзил расонида шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 115,2%-ро ташкил дода, 3 688 100 мусофир зиёд мебошад (нимсолаи аввали соли 2018-ум 24 201 900 мусофир ба манзил расонида шуда буданд).

Гардиши мусофирон 148 900 000 мусофир-километрро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 116,0 фоизро ташкил ва 20 500 000 мусофир-километр зиёд мебошад. (нимсолаи аввали соли 2018-ум 128 400 000 мусофир-километрро ташкил дода буд).

 

 

 

ХИЗМАТИ МАИШӢ

Муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маблағи  67 687 900 сомонӣ хизмат расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 114,8 % буда, 8 772 100 сомонӣ зиёд мебошад. (ҳамин давраи соли 2018 ба аҳолӣ ба маблағи 58 915 800 сомонӣ хизматрасонӣ шуда буд)

Дар ин давра ба аҳолӣ ба миқдори 1 408 747 600 сомонӣ хизмати пулӣ расонида шуд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018-ум 96,1% буда, 56 329 400 сомонӣ кам мебошад (Дар нимсолаи аввали соли 2018-ум 1 465 077 000 сомонӣ хизмати пулӣ расонида шуда буд).

 

СОҲИБКОРӢ

Имрўз ба соҳибкорӣ, ки омили асосии пешрафти ҷомиаи шаҳрванди мебошад, дар ноҳия диққату эътибори ҳаматарафа дода мешавад.

Дар нимсолаи аввал 4653 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 1022 нафар кам мебошанд. Дар нимсолаи якуми соли 2018-ум 5675 нафар соҳибкорон ба қайд гирифта шуда буданд.

Маблағи патент ва шаҳодатномаи онҳо 14 502 671  сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум  1 858 324  сомонӣ зиёд мебошад. Дар нимсолаи авали соли 2018-ум маблағи патент ва шаҳодатномаҳо  12 644 347  сомониро ташкил дода буд.

 

СОҲАИ МАОРИФ

Маорифчиёни ноҳия дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда, дар давраи ҳисоботи баҳори баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандўстӣ як қатор чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ намуданд.

Дар  қаламрави ноҳия  28- муассисаи таҳсилоти умумӣ (аз ин шумора 18-буҷавӣ, 10 хусусӣ) ва 22-кўдакистонҳо (10-то буҷавӣ, 12 то хусусӣ)   фаъолият доранд,  ки дар он 1495 нафар омўзгорон (1245 нафар занон)  ва  184 нафар мураббиёну омўзгорон (147 нафар занон) ба кори таълиму тарбия фаро гирифта   шудаанд.

Дар ин давра 106 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии мактаббачагон штирок намуда сазовори ҷойҳои 1-ум 2-юм ва 3-юм гаштанд.

Дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар маҷмаи варзишии «Ҳаят Реҷинсӣ» баргузор гардид, дар байни намояндагони 146 мамлакати дунё хонандаи синфи  1-уми муассисаи таълимии №21 Хедаяулла  Марям  аз арифметики зеҳнӣ сазовори  ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Бо мақсади  такмили ихтисоси кормандони соҳа 64 нафар омўзгорону мураббиён аз курсҳои низоми салоҳиятнок гузаштанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия вохўриҳои мутахассисони шуъбаи маориф бо иштироки падару модарон бо мақсади амалӣ  намудани Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронида шуданд.

Бо дастгирии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 104 адад компютерҳо таъмин гардиданд, ки теъдоди компютерҳои муассисаҳои таълимӣ ба 1547 адад расонида шуд.

Айни замон дар муассисаҳои таълимӣ 169 принтер, 172 тахтаи электронӣ, 111 новтбук, 929 камераҳои мушоҳидавӣ, 19 то хати озоди барқ мавҷуд мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 27 нафар ятим, 928 нафар нимятим, 95 нафар маъюб ва 819 нафар аз оилаҳои камбизоат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки таъмиру тармими фароғатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи «Зимчуруд» ба пуррагӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар ҳар як баст дар фароғатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи «Зимчуруд» 250 нафар кўдакону наврасон, аз ҷумла кўдакони  ятим,  нимятим, кўдакон аз оилаҳои камбизоат, хонандагони болаёқат, кўдакони душвортарбия ва аз мактаб – парваришгоҳи №4  фаро гирифта мешаванд.

Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 2, 15, 23, 29, 35, 36, 41, 48, 55 низ майдончаҳои солимгардонӣ дар чор баст ташкил  карда мешаванд, ки дар ҳар як баст 360 нафар кўдакону наврасон, ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.

Дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи Хадамотҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД 1 ва 2-и ноҳия аз тарафи 7 нафар ноболиғон 23 ҳодисаи ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 30 нафар ноболиғон дар қайди хадамоти номбаршуда номнавис шудаанд, ки аксарияти онҳо хонандагони муассисаҳои талими мебошанд.

 

РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА

Баҳри таъмини ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоташон бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли равон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо аҳли ҷомеа, воситаҳои ахбори омма, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ба ватан, пешгирии шомилшавии чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террорисӣ ва тақлиди фарҳанги либоспушии бегона чораҳои мушаххас андешида шуда, дар ин самт як қатор корҳои судманд ба  сомон расонида, тадбирҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.  

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявию бадеӣ гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ, нақша чорабиниҳо тартиб дода, тибқи он ҷашнҳои “Наврўз”, “Сада”, “Меҳргон”, “Рўзи ваҳдати миллӣ” дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” гурўҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо фаъолон ва масъулини ноҳия  19 мулоқоту вохўриҳо ва  дар самти татбиқи  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 8 мулоқоту вохўриҳо бо кормандони соҳаи тиб, 22 вохўрӣ бо кормандони соҳаи маориф, 26 мулоқоту вохўрӣ бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва 6 мулоқот дар корхонаҳои саноатии ҳудуди ноҳия баргузор гардиданд.

Дар самти бартараф намудани шиору навиштаҷотҳо ва парчамҳои фарсудаву офтобзада дар кўчаҳои Айнӣ, Лоҳутӣ, А. Дониш, М. Мастонгулов, Д. Халқҳо, Беҳзод, Бухоро, Н. Муҳаммад ва хиёбони Рўдакӣ санҷишҳо гузаронида, беш аз 73 адад парчамҳои фарсуда ва 56 адад шиору навиштаҷотҳои офтобзада бартараф карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  дар ҳудуди ноҳия 24 муассисаи тандурустӣ ҷойгир буда, аз шумораи зикргардида 8 муассиса аз буҷети ноҳия маблағгузорӣ карда мешаванд.

   Дар 6 моҳи аввали соли 2019 дар муассисаҳои тандурустии аз буҷети ноҳия маблағгузоришаванда 1785 нафар кору фаъолият намуда, аз онҳо 532 нафар табибон, 753 нафар кормандони миёнаи тиббӣ (ҳамшира ва бародари тиб) боқимонда маъмурият ва корҳои хоҷагӣ ташкил медиҳанд.

 

ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ  

Дар ноҳияи Шоҳмансур 11529 нафар нафақахўрон, аз ҷумла нафақахўрон аз рўи синну сол — 7462  нафар, нафақахурони маъюби 2922 нафар, бесаробон 979 нафар, нафақахурони хизматҳои махсус ва аҳамияти махсус 141 нафар ва барои хизматҳои  дарозмуддат 25 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

Талаботи моҳонаи нафақахўрон дар моҳи июни соли 2019-ум  4 896 245 сомонию 50 дирамро ташкил дода, дар давоми 6 моҳ барои пардохт намудани нафақаи нафақахўрон аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 28 808 775 сомонӣ ҷудо гардида, барои маблағгузорӣ пардохт карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08. соли 2008, №379 «Дар бораи тақвият ва кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ба 1450 оилаи камбизоат ба маблағи 1496490 сомонӣ кўмак расонида шуд. Дар ин муддат аз тарафи ташкилоту муассиса ва соҳибкорон ба оилаҳои ниёзманд ба маблағи 349567 сомонӣ маводҳои хўрокворӣ кумак расонида, ба маъюбон 24 адад ассо, 10 адад асобағал ва 6 роҳравак дастрас карда шуд. Ҳамзамон 5 нафар маъюб ба осоишгоҳи «Дўстӣ», 4 нафар ба осоишгоҳи «Ромит» ва 2 нафар ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» равон карда шуданд.

 

 

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Бобати амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тадбирҳои судманд андешида, дар ин муддат бо иштироки раиси ноҳия 45 вохўриҳо бо истиқоматкунанагони шаҳраку маҳаллаҳо  баргузор гардид. 

Дар мулоқоту вохўриҳо бо фаъолон, сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо  ҷиҳати камхарҷ доир намудани ҷашну маросимҳо, риояи Қонунҳои миллии кишварамон, хоса, роҳ надодан ба зиёдаравӣ дар оростани дастурхон, пўшидани сару либоси ба фарҳанги миллии  мо  бегона ва шомил нагардидан ба гуруҳҳои ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Айни замон дар қаламрави ноҳия 250 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар ин давра 448 ҷашну маросимҳҳо, аз ҷумла туи домодию арусӣ- 442 адад, маросими  чил -6,  сол -2 адад ба қайд гирифта шудаанд. 

Вобаста ба риоя накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо” 2 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта, нисбати қонуншиканон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шуд.

 Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти умумии маъракаҳо 1 768 000 сомониро  ташкил дод, ки ба ҳар як маърака ба ҳисоби  миёна 4000  сомонӣ  рост меояд.  

Дар ноҳия 21 муассисаҳои динӣ, аз ҷумла; 1 масҷиди ҷомеа марказӣ, 3 масҷиди ҷомеъ, 17 масҷиди панҷвақта ва  6 муассисаҳои ғайридинии исломӣ фаъолият дошта, таҳти назорати доимӣ қарор дорад. 

Ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, дар муассисаю корхонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои истифодабарии манзилҳои ноҳия зиёда аз 45 мулоқоту вохўриҳо гузаронида шуд.

    Бо дастгирии имомхатибон ва намозгузорон бахшида ба рўзи Наврўз девори оромгоҳи марказии ноҳия ба маблағи 35710 сомонӣ рангу бор карда шуда дар мавсими кабудизоркунӣ зиёда аз 368 адад дарахти мевадиҳанда, 870  адад сояафкан ва 1500 дона  гулҳои мавсими шинонида шуд. Ҳамзамон баҳри дастгирии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат (78 нафар) ба  маблағи 13465 сомонӣ, маъюбон (11 нафар) ба маблағи 1150 ва ба ятимон (38 нафар) ба маблағи 11000 сомонӣ маводҳои хўрокворӣ кумак расонида,  аз тарафи шаҳрвандоне, ки сафари ҳаҷ доранд барои ободонӣ ва дар ҳолати хуби санитарӣ эпидимеолгӣ нигоҳ доштани ноҳия ба маблағи 62000 сомонӣ барои рангу бори биноҳои истиқоматӣ ва сохтмони партовгоҳҳо саҳмгўзорӣ шуда истоданд.

     Аз тарафи бахш ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар давоми шаш моҳи сипаригашта ба 28 нафар шаҳрвандоне, ки бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” амал нумудаанд, парвандаҳо бо қисми 1,  моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи  9925 сомони ҷарима ситонида шудааст.

 

КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар баҳри татбиқи босифати он тадбирҳои муҳиму саривақтӣ роҳандозӣ шудаанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолият дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ин таъмини тарзи ҳаёти солим миёни насли наврас ва ҷавонон мебошад. Дар робита ба ин, таъмини тарзи ҳаёти солими ҷавононро ба мисли ҳамешагӣ дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои ноҳиявӣ ва муассисаҳои давлатию ҷамъиятии ноҳия, ки ҷиҳати нигоҳдошти тарзи ҳаёти солим фаъолият менамоянд, ҳамкорӣ намуда, силсила чорабиниҳоро дар байни наврасону ҷавонон баргузор намуд.

 Дар маҷмўъ, дар самти пешгирии паҳншавии бемории сироятии ВНМОҶБПНМ, нашъамандӣ ва дигар сироятёбиҳо 13 чорабинии хусусияти тарғиботиву ташвиқотидошта бо фарогирии 5 ҳазору 321 нафар ташкил карда шудааст.

Дар самти ахлоққи ҳамида ва фарҳангдўстии ҷавонон, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва одобу маданияти шаҳрнишинӣ 9  чорабинии тарғиботиву ташвиқотӣ бо фарогирии 1 ҳазору 673 нафар баргузор гардиданд.

 Илова ба ин ҳамарўза кормандони бахш дар рейдҳои муштарак дар якҷоягӣ бо сохторҳои шаҳриву ноҳиявии ҷиҳати пешгирии фарҳанги либоспўшии бегона дар ташкилоту муассисаҳо, маркази бо доираи васеъи ҷавонони касбу кори гуногун дар робита ба фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти сокинони пойтахт аксияҳо ва суҳбатҳо гузаронида шуда, дар умум ба 321 нафар суҳбати инфиродӣ гузаронида шуда, 143 нафар ба корҳои пешгирикунанда ҷалб гардиданд.

Баҳри рушд ва оммавию мукаммалгардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии наврасону ҷавонон дар 6 моҳи соли ҷорӣ татбирҳои мушахас андешида, дар самти рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар асоси «Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилаӣ дар умум 47 мусобиқаҳои кушоди ноҳиявиро бахшида ба рўзҳои таърихи оид ба гуштини миллӣ, гуштини ДЗЮДО, бокс, шоҳмот, шашка, футбол, футболи хурд, баскетбол, волейбол, тениси рўи миз, вазнбардорӣ, давидан дар масофаи 100-200 метр, бандкашӣ миёни сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия, донишҷуёну ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо ва ташкилоту идораҳои ҳудуди ноҳия  бо фарогирии  22 ҳазору 31 нафар ташикил ва гузаронида шуд.

Дар ноҳия 16 толорҳои варзишӣ, 50 адад майдончаҳои варзишӣ, 7 адад марказҳои солимгардони  фаъолият доранд, ки дар онҳо 25 мураббӣ ба 9 ҳазору 432 нафар машқварзон  нозукиҳои намудҳои варзишро тамрин медиҳанд.

Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 172 медалро ба даст овардаанд. Аз ҷумла; тилло 95, нуқра 52 ва биринҷӣ 25 адад  мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 23 медал зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахш дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 94-чорабинӣ (дар ҳамин давраи соли 2018, 80 чорабинӣ 14-чорабинӣ зиёд) бо фарогирии 15 ҳазору 741 нафар, рушди инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 47 мусобиқаҳои варзишӣ ва 22 машқҳои субгоҳиро бо фарогирии 5 ҳазору  231 нафар ва самти ободкорию созандагӣ  22 ҳашару шанбегиҳо бо фарогирии 1520 нафар гузаронида шуд.

Дар маҷмўъ 141 чорабини бо фарогирии 37ҳазору 772 нафар аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш гузаронида шуд.

 

КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА (3 моҳа)

Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2010 таҳти №269 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» аз 3 майи соли 2014 таҳти №294, пешгирии  ҷудошавии оилаҳо, фаъолияти кории худро ба роҳ монда, дар асоси он нақшаи чорабиниҳо тайёр намуда, оид ба ин самт ва ҳадафҳо фаъолият менамояд.

Дар ин маврид ба бахши кор бо занон ва оила 26 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ва аз тарафи судҳо 20 таъиноти судӣ оиди бекоршавии оилаҳои ҷавон ва маскун ворид гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи корӣ оиди баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон 21.02. соли 2019 бахшида ба 26-умин солгарди Артиши Миллӣ, вохўрии волидайн бо сарбозони қисми ҳарби 02615-и Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар вохўрии мазкур модароне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат мекунанд, раисони Шӯрои занони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия ва адибону шоирон иштирок намуданд.

Дар фестивал-озмунӣ ҷумҳурияви “Чакомаи гесў”, ки дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷои аввал гарид. 

Санаи 05.03 соли 2019 бахшида ба рўзи модарон дар мавзўи “Зан Пешво” ва “Зан хирадманд” бо занон мизи мудаввар баргузор карда шуд, ки дар он донишҷудухтарони аълочӣ ва занҳои фаъол иштирок намуда,  чорабинии фарҳангӣ-фароғати таҳти унвони «Зиндаги аз модар сарчашма мегирад» бо занон ва ҷавондухтарони фаъоли ноҳия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №31 баргузор гардид.

Дар ноҳия озмуни “Кадбонуи беҳтарин” тибқи Низомнома, ки аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2019 тасдиқ шудааст, дар байни занону духтарони маҳаллаҳо баргузор гардида, ғолиби озмун истиқоматкунандаи маҳаллаи Чехов – Бозорова Марҳамат  сазовор дониста, шуд, ки номбурда дар озмуни шаҳри сазовари ҷои дуюм гашта, бо тўҳфаҳо қадрдони карда шуд.

Тибқи супориши и.в Раиси ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо комиссарияти ҳарбӣ ва шуъбаву бахшҳои ноҳия дар  маҳаллаҳои  ҳудуди ноҳия  барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи оиди даъвати ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, корҳои фаҳмондадиҳи миёни сокинони маҳалла баргузор гардид, бояд тазаккур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳи дар ин самт дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи нақша гузаронида машавад.

 

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021, дар ноҳия 6 Марказҳои касбомузӣ ва 4 маркази дўзандагию ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 82 нафар ҷавонон ва занҳои хонашин ба омўзиши касбӣ ҷалб карда, 130 нафар шаҳрвандон омўзишро хатм намуда, 92 нафари онҳо бо сертификат барои фаъолият таъмин гардиданд.

Инчунин дар шаҳраку маҳаллаҳо дар муҳити хонаводагӣ 24 маҳфилҳои омўзишӣ ҳунарҳои мардумӣ аз қабили дўзандагӣ, зардузӣ, гулдузӣ, ҷомадузӣ, бофандагӣ, курпадузӣ, тоқидузӣ, попурзанӣ, қуроқдузӣ, танурсозӣ, табақтарошӣ ва нонпазӣ фаъолият менамоянд, ки дар он беш аз 100 нафар занону ҷавонон ба ҳунаромўзӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ин муддат Муассисаи давлатии “Ҳунарҳои мардумии ноҳияи Шоҳмансур” дар тамоми чорабиниҳои сатњи ноҳиявї, шаҳрӣ ва Ҷумҳуриявӣ аз ҷумла дар Фестивалњои “Ҳунар беҳтар аз симу зар”, “Ҳунар омўз”, озмунҳои “Ҳунарҳои ороиши аз санг”, “Беҳтарин дастархони ороишӣ”, кушодашавии боғи фарҳангӣ фароғатии “Куруши Кабир” фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст.

 

САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

 Баҳри иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи  бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, баланд бардоштани  маърифати  ҳуқуқӣ, оиладорӣ,  саривақт ба қайд  гирифтани сабти  таваллуд, ақди никоҳ,  вафот,  фарзандхонӣ, иваз намудани ному насаб ва муқаррар намудани падарӣ, миёни аҳолӣ вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ  оиди пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва пошхўрии оилаҳои ҷавон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин самт 43 вохўриву мулоқотҳо ва  ҷаласаҳои  сайёр дар шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳо  ва  идораву  муассисаҳо баргузор  карда  шуданд.

Дар ин давра 1318 сабти таваллуд, нисбати соли 2018 (28 адад зиёд),  вафот -242 адад  (19 адад  зиёд), никоҳ -143 адад (13 адад кам), талоқ — 245 адад (57 адад  зиёд), муқаррар кардани падарӣ 411 адад (68 адад зиёд),  иваз  намудани  ному насаб — 400  адад  (53  адад  кам) ва фарзандхонӣ- 6 адад          (8 адад кам) ба қайд  гирифта  шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи талоқ дар ноҳия  245 ададро ташкил дод, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 57 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади пешгирии пошхўрии оилаҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ вусъат бахшида шуд.

 

МАРКАЗИ  НАЗОРАТИ  ДАВЛАТИИ 

 САНИТАРӢ-ЭПИДЕМИОЛОГӢ

Дар нимсолаи аввали соли 2019 мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ноҳия фаъолияти худро аз руи нақшаи нимсолона ва моҳона ба роҳ монда дар 260 иншоот санҷиши ҷории санитарӣ гузарониданд, ки 29,1%-ро (ҳамагӣ 893 объект) ташкил медиҳад. Дар давоми 6 моҳ заҳролудшави дар байни аҳоли аз маводҳои ғизои ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08. соли 2012, №890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” аз нуқтаҳои савдо 464 кг маҳсулотҳои хўроквории пастсифат ва мўҳлати истеъмолашон гузашта, ба маблағи 5601 сомон аз муомилот гирифта, безарар ва нобуд карда шуд.

Аз тарафи мутахассисони Марказ нисбати шаҳрвандоне, ки қоидаҳои санитариро риоя накардаанд 92 протокол тартиб дода, ба маблағи 37280 сомонӣ аримабандӣ карда шудааст.

Дар ин давра аз тарафи Маркази таъминоти бехатарии озуқавори бинобар сабаби риоя накардани талаботҳои бойторию беҳдоштии нигоҳдорӣ, интиқол ва фурўши озуқаворӣ 67 санад ирсол карда, нисбати 44 нафар шаҳрванд ҷарима ба маблағи 7725 сомонӣ татбиқ карда шудааст. Инчунин нисбати 101 иншоот аттестатсияи байтории шароити-истеҳсолӣ гузаронида шуда аст. Дар маҷмуъ аз тарафи Маркази таъминоти бехатарии озуқавори ба буҷаи давлат 52309 сомонӣ ворид гардидааст.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия нисбати 44 адад ташкилоту муассисаҳо дастури иҷроишашон ҳатмӣ барои ислоҳи камбудиҳо ва 84 супориш дар самти беҳдошти ҳифзи муҳит додааст, ки аз онҳо 77 ададаш иҷро гардидааст.

Дар ин давра 2 маротиба аксияи экологии “Тозагии маҳал” бо иштироки 2434 нафар гузаронида шуд, ки дар натиља 30300м2 гирду атрофи шаҳраку маҳаллаҳо ва 6550м2 ҷуйборҳо аз партовҳои сахти маишӣ ва ифлосиҳо тоза карда шуда, бо ҷалби 14 адад техникаҳои коммуналӣ 84м3 партовҳо бароварда шуданд.

Аз тарафи нозирони шуъба нисбати 5 нафар шаҳрвандон барои худсарона бурридани дарахтон, ба маблағи 1375 сомонӣ, 35 нафар барои риоя накардани талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истемолӣ” ба маблағи 2310 сомонӣ  ҷаримабанди карда шуданд.

 

 

МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ

Сохторњои соњаи манзилї, коммуналї ва муњандисии дастгоњи Раиси ноњия  дар асоси низомномаи тасдиќгардида ва наќшаи чорабинињои корї фаъолият менамоянд.

Бо маќсади омодагии њамаљонибаи маќомоти мањаллии намояндагию иљроияи њокимияти давлатї ва худфаъолияти љамъиятї, сохторњои идоракунии биноњои бисёрхонагї, соњањои иљтимоию хизматрасонї, бахусус маориф, тандурустї, фарњанг,  субъектњои њаётан муњими иќтисодию бозори истеъмолии ноњияи Шоњмансур ба мавсими тирамоњу зимистони солњои 2019-2020 ва дар ин замина таъмини фаъолияти самараноки онњо, инчунин иљрои  ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз  29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари ваќт омода намудани соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2019-2020», ќарори дахлдори Раиси шањри Душанбе ва раиси ноњияи Шоњмансур  ќабул гардида, наќша — чорабинињо тасдиќ ва ситоди ноњиявї дар њайати 22 нафар таъсис дода шуд.

Дар мавсими зимистонгузаронии солњои 2019-2020 вобаста ба иќтидорњои зикргардида ва интиќоли нерўи гармї дар маљмўъ 470 иншоотњо барои кабули гармї ба наќша дохил карда шуд.

То марњилаи имрўза аз тарафи соњибмулкони манзилњои истиќоматии биноњои баландошёна, таъмири бомњо ба миќдори 5480 м2, таъмир ва иваз намудани дарњои даромадгоњњои биноњои истиќоматї 45 адад, иваз намудани хатњои гармигирї ва оби гарм дар дохили биноњои истиќоматї ба миќдори 1820 м/т иљро гардиданд. 

Аз тарафи Раёсати истифодабарии роњњои  ноњия 55 адад наќлиёту механизмњо дар њолати коршоямї ва омодабош ба  мавсим ќарор доранд.  

То имрўз 1789 тонна намак  (масолењи инертии зидди лаѓжиш) ё ба андозаи 47,7 %-и наќша ва 10 м3 њезум ё ба андозаи 10%-и наќша, барои мавсими тирамоњу зимистони дарпешистода захира карда,  таъмири љории роњњои мошингард ва роњњои дохили мањаллањои ноњия, дар њаљми 13,6 њазор м2 анљом дода шуд.

Дар давоми шаш моњ аз тарафи сохторњои коммуналї 80 адад садамањои оби нўшокї, 27 адад садамањои оби ѓализ, 77 адад садамањои ќувваи барќ аз тарафи сохторњои муњандисии шањрї дар њамкорї  бартараф гардиданд.

Бањри иљрои дастуру супоришњои Раиси шањри Душанбе аз 03.06. соли 2015 бобати ба танзим даровардани њолати санитарї-экологї дар ќаламравї пойтахт Ќарорњои  Раиси шањри Душанбе № 186 аз 01 апрели соли 2010  «Дар бораи тасдиќи тартиботи љамъоварї, баровардан, коркард ва безараргардонии партовњои сахти маишї дар њудуди марзию маъмурии шањри Душанбе» ва № 98 аз 13 февралї соли 2004 «Дар бораи наќшаи комплексии чорабинињои асосии ташкилї, профилактикї, санитарию гигиенї, дезинфексионї, дезинсексионї ва дератизатсионї оид ба таъмини амнияти санитарию  эпидемиологї, њифзи муњити зист ва саломатї», аз њудуди ноњия дар ин давра  ба миќдорї  27800 тонна  партовњои сахти маишї ва партовњои њамшафати роњњо, аз тарафи КВД “Наќлиёти махсуси партовњои сахти маиши” ва Раёсати истифодабарии роњњои ноњия  бароварда шуданд.

Тибќи љадвали баргузории њашарњои умумишањрї дар њудуди ноњия 36 маротиба њашарњои умумишањрї дар њудуди шањраку мањаллањо гузаронида, маълумотњои љамъбасти бо расмњо ба сохторњои марбута пешнињод карда шудааст.

Дар ин муддат аз тарафи сохторњои соњаи коммунали нисбати бартараф намудани панљарањо ва симхорњои худсарона васл гардида, дар њавлињои назди биноњои истиќоматии баландошёна корњои фањмондадињї гузаронида, ќитъањои замин аз дегдонхонањо (36 адад), панљарањо, симхорњо (72604 м2) ва мошинсаройњо (56 адад дар масоњати 784 м2) тоза карда шуданд. Рангу бори намои биноњои истиќоматии баландошёна дар масоњати 41850 м2    гузаронида шуданд.

Бо маќсади баргузории чорабинињои сиёсї дар пойтахти мамлакат намои биноњои истиќоматии хиёбони Рўдакї №24, Ањ.Дониш №11, №15, №17, №28, С. Айнї  №57, №59, №59/1, №61, №63, №71/1, №71/2, №62, 77/1, 80/1, 82, 84/1, Бењзод №1, №2, Њусейнзода №26, №28, №36, Н. Муњаммад №1/1, 1/2, 1/3, 1/4, 1/5, 4, 4 “а”, 6/1, 5/1, биноњои Академияи рушди маорифи Љумњурии Тољикистон, Вазорати саноат ва технологияи нав, Агентии омор ва БДА “Амонатбонк” таъмир ва рангубор карда шуданд.

Аз тарафи Раёсати истифодабарии роњњо бањри омода намудани шабакањои коммуникатсионї, низоми обпартої ва дигар иншоотњои ёрирасони ноњия тозакунии системањои обпарто 37400 м/т, таъмири љўйборњои обпарто 261 м/т, таъмири сафолакњои бетони 452 мгузаронида шуданд.

Наќшаи мумфарш дар соли 2019 масоњати 30000 м2-ро ташкил медињад, ки то ин давра масоњати 16633 м2 (1860,4 тн) мутаносибан 52,1%  ичроиш ёфтааст. 

 

 

СОХТМОН

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузоришаванда барои сохтмони капитали 275 383 400 сомонӣ маблағ сарф шудаааст ва то ин муддат 102 283 500 сомонӣ ба фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст?

Аз тарафи комиссияи давлатии қабули иншоотҳо дар ин давра: сохтмони биноҳои истиқоматии индивидуалии ба итмомрасонидашуда бо масоњати умумии 22011 м2 кабул шуд.

 

 

ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

Шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳия дар ин давра дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба таъмини волоияти қонун ва мубориза ба муқобили ҷинояткорон: муътадил гардонидани вазъият: таъмини  амнияти шаҳрвандон: пешгирии ҷиноятҳои вазнин: дастгир кардани ашхоси ба ҷиноят дастзада ва ҷори кардани тартиботи ҷамъиятӣ: як қатор чорабиниҳоро амали намуд.

Дар ин давра дар ҳудуди ношҳия 390 ҷиноят ба қайд гирифта: аз он 360-тоаш ошкор гардидааст: ки ин 92:3%-ро ташкил медиҳад (дар ҳамин давраи соли 2018-ум 384 ҷиноят содир карда, 358 адади онҳо ошкор гардида буданд, ки 93,2%-ро ташкил медиҳад) Нисбати нимсолаи аввали соли 2018-ум  6 ҷиноят зиёд содир шудааст.

 

 

ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ

Дар ин муддат дар ҳудуди ноҳия 19 ҳодисаи сўхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари моддии расидаи ин сўхторҳо 30890 сомониро ташкил медиҳад. Назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳодисаи сўхтор кам буда, зарари моддӣ 69203 сомонӣ кам мебошад. (дар соли 2017-ум 23 ҳодисаи сўхтор ва 100093 сомонӣ зарари моддӣ)

Сабабҳои асосии сар задании сўхтор ин риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқӣ, беназорат гузоштани оташ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ ва оташбозии кўдакон мебошад.

 

 

СУҒУРТА

Филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия дар ин давра нақшаи ҷамъовариро 100,2%, ба маблағи 498 467 сомонӣ (нақша 497 000 сомонӣ) иҷро намуд. Аз он ҷумла: Суғуртаи ҳатми 73,5% ба маблағи 122 056 сомонӣ ва суғуртаи ихтиёри 113,7% ба маблағи 376411 сомонӣ.

Дар давоми шаш моҳ аз руи суғуртаи ҳатми ва ихтиёри ба шаҳрвандон ба маблағи 45970 сомонӣ пардохт карда, миқдори шартномаҳо ба 2132 адад расонида шуд.

 

 

ДАЪВАТИ ҶАВОНОН

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард ва ташкили он масъалаи рӯзмарраи мақомоти иҷроияи ноҳия ба шумор меравад. Дар давраи даъвати ҷавонон ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ комиссариати ҳарбии ноҳия якқоя бо Раисони шӯроҳои маҳаллаҳо: фаъолон ва кормандони мақомоти корҳои дохила корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.

Зимни даъвати баҳории соли ҷорӣ 154 нафар чавонон (нақша 154 нафар) 100:0% ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.

 

 

ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Дар ноҳия аз рўи нишондодҳои оморӣ 161 038 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд.

Захираҳои меҳнатӣ 108 755 нафар (аҳолии қобилияти корӣ дошта) ва сатҳи шуғлнокии аҳолӣ  41,8%-ро (машғули кор) ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввал 1690 нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки 403 нафари онҳо зан ва 725 нафарашонро ҷавонон ташкил мекунанд.

Дар ин муддат 1328 нафар бекорон бо кор таъмин карда шудаанд, ки 641 нафарашон занон ва 478 нафарашон ҷавонон мебошанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 303 нафар зиёд буда, 129,5%-ро ташкил мекунад.

Ба омўзиши касбӣ 390 нафар бекорон фаро гирифта шудаанд, ки 296 нафари онҳо зан ва 248 нафари онҳо ҷавонон мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди касбомӯзиро ба назар гирифта: маркази омӯзишии касбҳои дӯзандагӣ: компютер: қаннодӣ: забони англисиро таъсис намуд. Ҳоло дар ноҳияи Шоҳмансур филиали маркази таълими «Калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият карда истодааст: ки ин марказ бо таҷҳизотҳои зарурии корӣ аз қабили мошинаҳои дӯзандагӣ: компютер: мизу курсӣ ва маводҳои таълимӣ таъмин карда шудааст.

 

 

МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар ин давра 2433 адад ҳуҷҷатҳо ворид гардиданд.

Аз миқдори умумии ҳуҷҷатҳои воридгашта 2337 адади он пурра ҳаллу фасл гардиданд, ки 96,0%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин муддат ба мақомоти иҷроия 650 адад арзу шикояти шаҳрвандон ворид шуда, 636 адади он ҳаллу фасл гардид. 14 адад арзу шикоятҳо дар ҳолати иҷроиш мебошанд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе 204 арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид шуд. Аз аризаҳои воридшуда 198 адад дар мўҳлати муайяншуда аз назорат соқит карда шуданд. Дар ҳолати иҷро 6 ариза мебошад.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур тартиби қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси ноҳия ба роҳ монда шуда, дар давоми 6 моҳ164 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.

 

 

 Аз натиҷаи ҷамбасти нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар се моҳи аввали соли 2019

Кушодани файл: Ҷамбасти нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар се моҳи аввали соли 2019

 

 

 

 

Маълумотнома

Оид ба муроҷиати шаҳрвандон ва ҳолати иҷрои саривақтии ҳуҷҷчатҳои воридшуда дар ёздаҳ моҳи соли 2018

            Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар ёздаҳмоҳи соли ҷорӣ  4376  ҳуҷҷатхо ворид шуда, 4134  адади он аз назорат соқит шуда 95 % ташкил медиҳанд. Рафти иҷрои саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон  дар асоси Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ» ба роҳ монда, аз тарафи шаҳрвандон ҳамагӣ 1372 адад аризаю шикоят дархост ва пешниҳод ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 1357 адад дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 15 адади он дар ҳолати иҷро мебошад.Аз муроҷиатҳои воридшуда, 895 адад қонеъ гардонида шуда, 253 адад қонеъ гардонида нашуда ба 224  адади он фаҳмонида дода шуд.Тибқи Моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи   муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» 1059  адад муроҷиат дар давоми 15 рўз ва 313  адад дар муҳлати як моҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тартиби қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси ноҳия рўзҳои шанбе ба роҳ монда шудааст.   Дар ёздах моҳи соли  ҷорӣ аз тарафи Раиси ноҳия ҳамагӣ 263 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки аз ин 257 адад муроҷиатҳо баррасӣ шуда, 6 адади он дар ҳолати иҷро қарор дорад. Ҳамагӣ дар маҷмўъ аз тарафи роҳбарият 1602 нафар шаҳрвандон дар мақомоти  иҷроияи хокимияти давлатии нохия қабул карда шуданд.Дар ин давра 158 барқияи телефонӣ оиди набудани барқ, оби нўшокӣ ва дигар масъалаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки сари вақт ҳалли худро ёфтаанд.Дар ин давра ба миқдори 122  амр ва 513 адад Қарори  раиси ноҳия ба имзо расидааст.Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 2522 хуҷҷатҳои содиротӣ ба қайд гирифта шудаанд.