НАВРӮЗ — ПАДИДАИ ФАРҲАНГӢ ДАР ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ

НАВРӮЗПАДИДАИ ФАРҲАНГӢ ДАР ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз кишварҳои ташаббускори ҷаҳонишавии иди байналмилалии Наврӯз маҳсуб меёбад. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббус амалӣ гардида, ҷихати бештар аз пештар бо шаҳомати хоса таҷлил гардидани он шароити мусоид фароҳам овард.

Наврӯз – яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Аввалин шахсе, ки уро ҷашн гигирфт, подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Вақте ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт, дар вақти баромади офтоб, дар кӯҳи баланд бардошт ва тилло дар нурҳои офтоб ҷило дода, равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номиданд ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон 21 – уми март ҳудуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор – саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милли Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 – уми март ҷашн гирифта мешавад.

Таъомҳое, ки бо ҳарфҳои «С» ва «Ш» сар мешавад, ҳамчун қоида дар дастархон оро дода мешаванд. Ин «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» мебошад. Дар дини Зардуштӣ ва Ислом рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ба шумор меравад. Яке аз анъанаҳои Наврӯзӣ ин 7-син мебошад, ба он дохил мешаванд:

1.Сир – рамзи саломатӣ;

2.Себ – Рамзи зебогӣ;

3.Сабзӣ – Рамзи сабзиши табиатро дорад;

4.Санҷид – Рамзи ошиқӣ;

5.Сирко – Рамзи пуртоқатӣ ва хирадманд;

6.Суманак – Рамзи нерумандӣ ва боварӣ;

7.Сипанд – Рафъи бадбӯӣ.

Ба ғайр аз 7-син дар рӯи дастархони Наврӯзӣ 7-шин мемонанд, ба он дохил мешаванд:

1.Шакар;
2.Шона;
3.Шамъ;
4.Ширинӣ;
5.Шарбат;
6.Ширбиринҷ;
7.Шир.
Умуман инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошад. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад, бинобар ин дар ҷои ҳафтсин ва ҳафшини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дида мешавад.

Дар тули садсолаҳо Наврӯз ва оину маросимҳои он, дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд. Оину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз инҳо мебошанд: Гулгардонӣ, ки аз омадани баҳор бачагон як, ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, аз кӯҳу пуштаҳо сиёҳгуш, бойчечак, гули зардакро чида меоранд ва ба мардум муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд.
Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин аст: Гандумро се рӯз дар об тар карда, баъде, ки гандум неш мебарорад, онро гирифта дар табаке ҳамвор мегузоранд ва рӯяшро бо докаи тоза мепушонанд. Рӯзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои ҳамсоя дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ мешаванд. Онҳо суфраеро боз карда, сабзаҳоро гузошта, онҳоро мебуранд. Дар бегоҳ сабзаҳои порашударо ба дег меандохтанд ва ба таги дег оташ меафрӯзанд. Субҳ вақте, ки суманак тайёр мешавад, мардумро даъват карда, рақсу бозӣ мекунанд.

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳлавонон дар намудҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ, бандкашӣ, чавгонбозӣ барпо мегардад.

Наврӯз ҷавон кард бадал пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову замонро.

Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир

Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *