Оид ба рафти амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №334 аз 30.06.2012 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №765 аз 07.12.2012 дар бораи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (ба ҳолати 01 августи соли 2019)

Бо дастгирии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар моҳи апрели соли равон барои муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 104 адад компютерҳо гирифта шуда, дастраси муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия гардонида шуд, ки теъдоди компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба 1547 адад расонида шуд.

Айни замон дар муассисаҳои таълимӣ 169 принтер, 172 тахтаи электронӣ, 111 новтбук, 929 камераҳои мушоҳидавӣ, 19 то хати озоди барқ мавҷуд мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф баҳри мустаҳкам кардани пояи моддӣ техникии муассисаҳои таълимӣ пайваста чораҳо меандешанд. Дар марҳиллаи аввали  «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фанни ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳтаълимӣ барои солҳои 2011-2015», дар зарфи панҷ сол муассисаҳои таълимии ноҳия 67- адад  кабинети муосири таҷҳҳиҷозонидашудаи  таълимиро харидорӣ карданд.

Аз ҷумла, кабинетҳои забон ва адабиёти тоҷик, забонњҳои русӣ ва англисӣ, химия, биология, физика, математика, таърих, география, технологияи информатсионӣ ва санъати тасвирӣ

Дар давоми соли 2018 кабинетҳои зеринромуассисаҳои таълимӣ  харидорӣ намуданд:

Аз ҷумла; муассисаҳои таълимии №№ 31 ва 55 физика -2, химия – 2, биология 2, география – 1, математика -1 ва технологияи информатсионӣ 2 дар маҷмуъ – 10 адад.

Дар соли 2019 харидории  ҳамин миқдор кабинетҳои таълимӣ  ба нақша гирифта шудааст. Айни замон харидории кабинетҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия идома дорад.

Дар соли 2018 барои харидории кабинетҳои муосири таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 600 ҳазор ва аз буҷаи ноҳия 101 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо шуда буд.

Дар соли равон низ ҳамин миқдор маблағҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидаанд.

Харидории кабинетҳои таълимиро дар соли равон муассисаҳои таҳсилоти умумии №№16,21,29,48,63,65 ва 71 (дар маҷмуъ 10 адад) ба нақша гирифтаанд.

Дар қаламрави ноҳия 28 муассисаи таҳсилоти умумӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 18 — тояш муассисҳои буҷавӣ мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии буҷавӣ 18 воҳиди кории лаборант мавҷуд мебошад, дар онҳо мутахассисон кору фаъолият менамоянд.

Дар муассисаҳои таълимӣ  озмоишгоҳҳо, кабинетҳои таълимӣ ва лабораторияҳо  нақшаҳои кории худро доранд. Омўзгорон аз воситаҳои айёнӣ, техникӣ  ва реактивҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.

Дар ҳар як  муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз 5 то 8 адад кабинетҳои муҷаҳҳазонидашудаи таълимӣ мавҷуд мебошад, ки дар маҷмуъ шумораи онҳо 109 ададро ташкил медиҳад.

Дар соли таҳсили равон дар Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия 18 маҳфил 860 нафар хонанда (аз моҳи январи соли 2019 бо қарори Раиси ноҳия таҳти № 173 аз 16 ноябри соли 2018 Марказ таъсис дода шуд) ва дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия дар 34 маҳфил 1200 нафар хонандагон ба гирифтани дарсҳои иловагии ройгон, аз ҷумла, ба омўзиши забонҳои русиву англисӣ ва фанҳои дақиқи машғул мебошанд.

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва ташаккули тафаккури техникии онҳо дар муассисаи таълимӣ машғулиятҳои иловагӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва  фарҳангӣ мунтазам баргузор карда мешавад, ки ин тадбирҳо насли наврасро дар рўҳияи ватандўстӣ ва ифтихори миллат, ғанӣ гардонидани маънавиёт, бунёдкориву созандагӣ, ҳисси эҳтиром ба таърихи миллат, равона сохтани майлу рағбати онҳо ба донишомўзӣ тарбия менамояд.

Маҳз амалишавии Барномаи мазкур ба афзудани теъдоди иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ мусоидат намуд.

Дар моҳи декабри соли 2018  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 8 нафар (4нафар омўзгорони фанни забони русӣ ва 4 нафар омузгорони фанни забони англисӣ) дар шаҳри Москва аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Дар давоми соли таҳсили 2018-2019 аз 86 нафар, 28 нафар омўзгорони фанни забони русӣ ва 82 нафар, 24 нафар омўзгорони фанни забони англисӣ дар филиали ДҶТИКСМ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Нишондодҳои муассисаҳои томактабии тобеи шуъбаи маорифи ноҳия  (буҷавӣ) ба ҳолати 25 июни соли 2019 чунин мебошанд:

-шумораи муассисаҳои томактабӣ             -10-то;

-шумораи гуруҳҳо дар муассисаҳҳои томактабӣ- 82-то;

-шумораи кўдакон дар муассисаҳои томактабӣ -2501 нафар;

-ғунҷоиши умумии муассисаҳои томактабӣ  -1562 ҷой;

-шумораи умумии кормандони кўдакистонҳо     -323 нафар,

-шумораи кормандони омўзгорӣ                        -122 нафар,

Нишондодҳои муассисаҳои томактабии ғайрибуҷавӣ ба ҳолати 25 июни соли 2019 чунин мебошанд:

-шумораи муассисаҳои томактабӣ             -12-то;

-шумораи гуруҳҳо дар муассисаҳҳои томактабӣ- 72-то;

-шумораи кўдакон дар муассисаҳои томактабӣ -1272 нафар;

-ғунҷоиши умумии муассисаҳои томактабӣ  -1749 ҷой;

-шумораи умумии кормандони кўдакистонҳо     237 нафар,

-шумораи кормандони омўзгорӣ                        -108 нафар,

 

Нишондодҳои муассисаҳои таълимии тобеи шуъбаи маорифи ноҳия  (буҷавӣ) ба ҳолати 25 июни  соли 2019 чунин мебошанд:

-шумораи муассисаҳои таълимӣ                -18-то;

-шумораи синфҳо дар муассисаҳои таълимӣ  -1007-то;

-шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ -33637 нафар;

-ғунҷоиши умумии муассисаҳои таълимӣ   -15151 ҷои нишаст;

-шумораи умумии кормандони омўзгорӣ  -1235 нафар,

Нишондодҳои муассисаҳои таълимии ғайрибуҷавӣ ба ҳолати 25 июни  соли 2019 чунин мебошанд:

-шумораи муассисаҳои таълимӣ                -10-то;

-шумораи синфҳо дар муассисаҳои таълимӣ  -188-то;

-шумораи хонандагон дар муассисањҳои таълимӣ -4071 нафар;

-ғунҷоиши умумии муассисаҳои таълимӣ   — 1988 ҷои нишаст;

-шумораи умумии кормандони омўзгорӣ  -260 нафар,

 

Дар асоси  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №260 аз 02 майи соли 2019, фароғатгоҳи «Зимчуруд» ва майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ аз 25 июни соли равон  фаъолияти худро оғоз  намуданд.

Тибқи қарори дар боло зикргардида фароғатгоҳи тобистонаи «Зимчуруд» ва майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 2,23,29,31,35,36,41,48,55 дар чор баст фаъолият менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар фароғатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи «Зимчуруд» ва дар  майдончаҳо солимгардонии наздимактабӣ корҳои таъмиру тармим, ороишӣ ва кабудзоркунӣ то 20 июни соли 2019  ба пуррагӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар ҳар як баст дар фароғатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи «Зимчуруд» 250 нафар кўдакону наврасон, аз ҷумла 25 нафар кўдакони  ятим,  90 нафар  кўдакони нимятим, 70 нафар кўдакон аз оилаҳои камбизоат, 30 нафар хонандагони болаёқат, 15 нафар кўдакони душвортарбия ва 20 нафар аз мактаб – парваришгоҳи №4  ба истироҳати тобистона фаро гирифта шуданд.

         Бо дастгирии Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе шакли электронии китобҳои дарсии адабиёти тоҷик, луғати калимаҳои душворфаҳми забони тоҷик, ва  як қисм фанҳои дақиқ  (ба миқдори 900 адад) дискҳо дастраси муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон  гардонида шуданд.

Барои зиёд намудани ҷойҳои нишаст  корҳои зиёде  ба самон расонида мешаванд.         Ҳоло аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 барои 1250 ҷойи нишаст дар як баст ва бинои литсейи рақами 55 барои 1500 ҷойи нишаст дар як баст ҳар кадоме ба маблағи зиёда аз 45 млн сомонӣ азнавсозӣ карда шуда истодаанд, ки дар арафаи соли нави хониши 2018-2019 ба истифода дода мешаванд.

Бояд қайд кард, ки  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №102 аз тарафи ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» дар маҳаллаи Бадахшон барои 1200 ҷойи нишаст, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 аз тарафи ҶДММ«Далер – 2000» барои 1200 ҷойи нишаст ва литсейи  №55 аз тарафи ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» барои 1500 ҷойи нишаст сохта шуданд.

Ҳоло дар қаламрави ноҳия  муассисаи таҳсилоти умумӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 барои 840 чойи нишаст ва филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 барои 320 ҷойи нишаст дар як баст азнавсозӣ карда шуда истоданд.

Ҳар як роҳбари  муассисаи таълимӣ нақшаи дурнамои сохтмонии худро барои 5-10 сол дорад. Барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ техникии муассиса андеша бояд кард. Дар асоси ин нақша барои харидории таҷҳизотҳои зарурӣ чораҳо андешад, дар ҳамин замина мунтазам зина ба зина сатҳи сифати дониши хонандагонро баланд бардорад. Барои ба ин мақсадҳо расидан, аз роҳу усулҳои гуногун истифода намудан лозим аст. Барои ободу зебо гардонидани муассисаи таълимӣ ва беҳтар намудани шароити таълим чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

ҲИСОБОТИ  ОМОРИИ  ШУЪБАИ  МАОРИФИ

НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

(ба ҳолати 01.07.2019)

 

Тр Номгўй 6 — моҳи соли 2019 6 –моҳи соли  

        2018

 Фарқият
1. Муассисаҳои таълимӣ

 

Ҷойи нишаст

Хонандагон,

28/18

 

16895/16588

37708/34019

28/19

 

15585/15282

36225/32408

0/-1

 

+131/+1306

+1483/+1611

2. Муасҳои томактабӣ

Ҷои нишаст(ҷои хоб)

Кўдакон

24/10

2528/1515

2973/2842

19/10

2488/1515

2856/2673

 +5/0

+40/0

+117/+169

3. Омўзгорон 1495/1255 1444/1235 +51/+20
4. Мураббиён 184/114 178/111 +6/+4

 

(Эзоҳ: рақами  аввал дар маҷмуи умумӣ буда,  рақами  дуюм  ба муассисаҳои буҷавӣ таалуқ дорад)

Бинобар сабаби набудани маблағҳои зарурӣ дар ноҳия то имрўз Маркази рушди истеъдодҳо таъсис дода нашудааст.

Новобаста аз ин дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия

теъдоди зерини омўзгорону мураббиён кору фаъолият карда истодаанд.

 

Аз ҷумла:

-бо таҳсилоти олӣ  171,

— бо таҳсилоти олии нопурра – 6 нафар,

— бо таҳсилоти миёнаи касбӣ -5 нафар,

— мудирон  -19 нафар,

-мушовирон-19 нафар,

— омўзгорони мусиқӣ     -12 нафар,

— омўзгорони варзиш -9 нафар

Нишондодҳои муассисаҳои таълимии тобеи шуъбаи маорифи ноҳия  ба ҳолати 20 январи соли 2018 чунин мебошанд:

-шумораи муассисаҳои таълимӣ                — 29/19-то,

-шумораи синфҳо дар муассисаҳои таълимӣ  -1180/986-то,

-шумораи хонандагон аз ҷумла духтарон дар муассисаҳои таълимӣ -36977/16624 — 32937/15291 нафар,

-ғунҷоиши умумии муассисаҳои таълимӣ   -15585/14888 ҷойи нишаст,

-шумораи умумии кормандони омўзгорӣ  -1444/1235 нафар.

Аз ҷумла,

— таҳсилоти олӣ ,-1386 нафар,

— таҳсилоти олии нопурра-35нафар,

-таҳсилоти миёнаи касбӣ-26

-миёнаи умумӣ нест.

-аз курси салоҳиятнок дар моҳи январи соли 2018 – 310 нафар,

-аз курси такмили ихтисос (дигар курсҳо вобаста ба ихтисос) 206- нафар, гузаштанд.

Бинобар сабани мунтазам афзудани шумораи аҳолӣ дар қаламравӣ ноҳия  ҳоло ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15,16,20,21,41,48,63,65,71,79 ва дар кўдакистонҳои рақами 1,27,36,44,67,79  намерасанд.

Яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи рушди маориф ин зина ба зина аз байн бурдани баҳои паст, яъне аз байн бурдани баҳои «2» ва «3» мебошад. Ҳоло, ки низоми таълимӣ салоҳиятнок ҷорӣ шудааст, бояд онро аз синфи 1 то синфи 11 ҷорӣ намоем.Баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба талаботҳои замони имрўза баробар кардани дараҷаи донишандўзии шокирдон кўшиш ба харҷдиҳем. Аслан маънии Стратегия ин Барнома ё дурнамои рушди соҳа мебошад, ки дар ин самт бояд ягон нафар корманди соҳа бетараф набошад.

Бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ ва мунтазам зиёд шудани теъдоди кўдакони синнимактабӣ дар қаламравӣ ноҳия дар маҳаллаҳои Ховарон, Хайробод, Қаротегин, Чиноро, Гулобод, Афзалӣ, шаҳраки 192-193 сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кўдакистонҳо зарурият дорад. Агар дар ояндаи наздик дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 15,20,21,41,48,65 ва  кўдакистонҳои рақами 1,27,44,67,79 сохтани бинои  иловагии таълимиро ба нақша гирем, дар ин муассисаҳо шароити таълиму тарбия беҳтар мешавад.

Яке аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маориф ин харидорӣ ва таҷҳиҷозонидани кабинетҳои таълимӣ мебошад. Бо ҳамин мақсад дар  давоми солҳои 2011-2015 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 73 кабинети таълимиро харидорӣ карда, нақшаи пешниҳодшударо ба пуррагӣ иҷро намуданд.

Ҳоло тибқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ  барои солҳои 2018-2020» харидории кабинетҳои таълимӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии ноҳия идома дорад. Бояд дар давоми соли 2019 муассисаҳои таълимии ноҳия 5 адад кабинетҳои муоссири технологияи иттилоотиро харидорӣ намоянд.

дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфилҳои гуногун аз қабили «Эҷодкорони ҷавон», «Физикони ҷавон», «Математикони ҷавон» «Ихтироъкорони ҷавон», «Рақси миллӣ», «Овозхонони ҷавону боистеъдод», «Катбонуи беҳтарин», «Дуредгарӣ», «Кандакорӣ» ва ғайраҳо кору фаъолият намуда истодаанд.

Бо мақсади ташаккули тафаккури техникии хонандагон дар назди 18 муассисаи таълимӣ 39 адад кабинетҳои технологияи касбу ҳунар ва 33 адад кабинетҳои технологияи информатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз онҳо хонандагон ба таври васеъ истифода мекунанд.

Тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар нимсолаи дуюми  соли таҳсил ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии дар қаламрави ноҳия фаъолияткунанда ба шуъбаи маорифи ноҳия ҳисоботҳои омории нимсолаи соли таҳсилро пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми соли таҳсил теъдоди довталабони медалҳои тилло ва нутқра 9 нафар мебошанд, теъдоди гирандагони Аттестати аъло намунаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар соли равон 72 нафарро ташкил доданд, ки аз ин шумора 67 нафар аттестати намунаи аъло ва 4 нафар хатмкунандагонии синфи 11 аттестати аълои  равияи универсалӣ ва медали тилло гирифтанд.

Баҳри амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди маорифи кишвар

маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур  то соли 2020 ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд ва баҳри ҳарчӣ бештар баланд бардоштани сатҳи сифати дониши хонандагон кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *