Оид ба рафти амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №334 аз 30.06.2012 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №765 аз 07.12.2012 дар бораи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (ба ҳолати 01 августи соли 2019)

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намуданд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти худро дар назди омўзгорон ва толибилмон хуб эҳсос менамояд. Яъне ғамхорӣ ба соҳаи маориф маънои ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва давлатро дорад. Бинобар ин бояд пуштибонии давлат аз системаи маориф пайваста афзуда, барои беҳтар гардонидани шароити кори муаллимон ва рўзгори онҳо мусоидат намояд. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф ба таври бунёди баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Маориф дар маркази сиёсати давлат қарор дорад.

Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (минбаъд – Стратегияи миллӣ) мутобиқи вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф гузоштаанд, инчунин тибқи мақсадҳо ва вазифаҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 таҳия шудааст. Дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҳамчунин афзалиятҳои асосии Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ҳадафу вазифаҳои «Таҳсилот барои ҳама» ва дигар санадҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шудаанд. Ин ҳуҷҷат бояд ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар самтҳои афзалиятноки рушди маориф ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати ислоҳоти соҳаи маориф таъмин намояд. Санади мазкур ҳамчунин асос барои ҷудокунии оқилонаи захираҳои давлатӣ ва ҷалби маблағҳои донорҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот дар соҳаи маориф мебошад. Стратегияи миллӣ ба таҷдиди низоми маориф равона гардидааст, то ки он рисолати худро дар мавриди захираи асосии баланд бардоштани некўаҳволии ҷомеа ва шаҳрвандон пурра иҷро карда, ба талаботи иқтисодиёти кишвари рў ба инкишоф ҷавобгў бошад.

Ҳангоме, ки  чунин бошад, чаро мо имрўз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз имкониятҳои дар даст доштаамон истифода намекунем. Ҳар як роҳбари муассисаи таълимӣ ҳамеша бояд дар фикри ободонӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаи худ бошад.

Тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳия  бо мақсади омўзиши рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №334 аз 30.06.2012 дар бораи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия мунтазам дидан менамоем.

Дар ҳамаи 18 муассисаи дар боло зикргадида ҷузвдонҳои алоҳида бо маводҳои зарурӣ таҷҳоҷозонида шудаанд. Дар ҷузвдонҳо фармоиш, нақшаи чорабиниҳо,  протоколҳо ва дигар ҳуҷҷату маводҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.

Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд, ки вақте, ки мо дар бораи тарбияи наслҳои нав  — ояндаи миллат сухан меронем, фаромўш набояд кард, ки онҳо бояд дар мактабҳои бо таҷҳизоти замонавӣ аз ҷумла компютер муҷаҳазонида таҳсил намоянд. Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши аниқ, донистани техникаву технологияи навтарин ва донистани забони русӣ ва англисиро ба таврӣ қатъӣ талаб менамояд.

Аз ин хотир мо бояд дар Барномаи рушди муассисаи худ ҳиссагузор бошем, ба нақша бигирем, ки дар солҳои ояндаи наздик кадом таҷҳизотҳо, кадом кабинетҳо, кадом воситаҳои техникиро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати дониши шогирдон харидорӣ меккунем.

Айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, ҳамзамон дастгирии сарпарастон дар 19 муассисаи таълимии тобеи шуъбаи маорифи ноҳия (муассисаҳои таълимии рақамҳои 2,15,16,20,21,23,29,31,35,36,39,41,48,55,63,65,71,100) ҳамагӣ 1443 адад компютер мавҷуд буд, ки  бо дастгирии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар моҳи апрели соли равон барои муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 104 адад компютерҳо гирифта шуда, дастраси муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия гардонида шуд, ки теъдоди компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба 1547 адад расонида шуд.

Аз 1547 адад компютер, 202 адад принтер ва 82 адад тахтаҳои электронӣ мавҷуд мебошанд, ки аз онҳо омўзгорони фанҳои таълимӣ самаранок истифода менамоянд.

Сатҳи сифати дониши хонандагон зина ба зина афзуда истодааст.

Дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар маҷмаи варзишии «Ҳаят Реҷинсӣ» аз 01 то 05 апрел   шуда гузашт, дар байни намояндагони 146 мамлакати дунё хонандаи синфи  1 муассисаи таълимии рақами 21 Хедаяулла  Марям  аз арифметики зеҳни сазовори  ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки   дар «Империя знания» баргузор гардид аз арифметикаи зеҳнӣ   хонандаи синфи 3 «в» муассисаи таълимии рақами 21 Бердиев Ҷасур сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра ва хонандаи   синфи 4 «в» Қаюмов Усмон сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.

Гритскив Ильяд хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ дар шаҳри Москва сазоворӣ ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти умумии рақами 20 Юнусов Ҷасур дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.

Дар озмуни шаҳрии «Китобхони беҳтарин», ки дар моҳи январи соли равон шуда гузашт хонандаи синфи 11 «а» муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 Ҳамроева Омина сазовори ҷойи аввал ва мукофотҳои пулӣ гардид.

Ҳафизова Насиба хонандаи синфи 11 «б» муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 дар озмуни даврии шаҳрии «Бозёфт» сазовори ҷойи аввал ва мукофотҳои пулӣ гардид.

Хонандаи синфи 11 «г» -и ҳамин муассисаи таълимӣ Маҳмудзода Фаришта дар даври шаҳрии «Ровии беҳтарин» сазоври ҷойи аввал дониста шуд.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон хонандагони зерини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия соҳиби ҷойҳои аввал ва медалҳои тилло ва нуқра гардиданд:

1.Самандарова Гулнас – хонандаи синфи 11 «а» МТМУ №21 аз фанни   биология, ҷойи 2,

2.Азизаи Ҷалолзода – хонандаи синфи 7 «б» МТМУ №2 аз фанни забони русӣ,ҷойи 2,

3.Ватаншоева Миҷгона – хонандаи синфи 11 «а» МТМУ №15 аз фанни   ҳуқуқи инсон, ҷойи 1,

4.Ҳамроева Бибиомина – хонандаи синфи 11 «а» МТМУ №16 аз фанни   забони тоҷикӣ, ҷойи 3,

5.Файзиев Беҳзод – хонандаи синфи 11 «в» МТМУ №20 аз фанни  забони англисӣ, ҷойи 2,

6.Ҳафизов Парвиз – хонандаи синфи 11 «а» МТМУ №55 аз фанни забони англисӣ, ҷойи 3,

7.Пўлодов Мирсаид – хонандаи синфи 11 «д» МТМУ №55 аз фанни география, ҷойи 2,

8.Шаймуродова Марҳабо – хонандаи синфи 11 «б» МТМУ №55 аз фанни география, ҷойи 3,

9.Холов Сомон – хонандаи синфи 11 «в» МТМУ №55 аз фанни ҳуқуқи инсон, ҷойи 2,

10.Амрихудоева Камила – хонандаи синфи 10 «а» МТМУ №55 аз фанни забони русӣ , ҷойи 3,

11.Сангалиев Шоҳрух – хонандаи синфи 11 «б» МТМУ №48 аз фанни   биология, ҷойи 3, дорандаи шоҳҷоизаи илми тибб аз академияи хурд,

12.Бобоҷонова Маҳина – хонандаи синфи 11 «а» МТМУ №35 аз фанни забони русӣ, ҷойи 3,

13.Ёдгоров Мансур – хонандаи синфи 11 «б» МТМУ №35 аз фанни забони англисӣ, ҷойи 3,

Хонандагони зерин, дар соли таҳсили 2018-2019 бо баҳои  аъло таҳсил намуда, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буданд:

 

  1. Самандарова Гулнас – хонандаи синфи 11 «а» МТМУ №21,

2.Қурбонов Тоиршоҳ  – хонандаи синфи 11 «в» МТМУ №36,

3.Шарифхонова Зуҳал – хонандаи синфи 11 «а» МТМУ №55,

4.Сафарова Зайҳуна – хонандаи синфи 11 «б» МТМУ №55,

5.Бегматова Дилноза – хонандаи синфи 11 «а  » МТМУ №55,

 

Дар соли таҳсили 2018-2019   12 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва 23 нафар  стипендияи Раиси ноҳияи Шоҳмансурро гирифтанд.

Дар озмуни даври шаҳрии озмуни «Гирандагони Раиси шаҳри Душанбе», барои ноил гардидан ба стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 36 нафар довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуданд, ки 12 нафарашон сазовори гирифтани ин стипендия гардиданд.

Дар озмуни шаҳрии «Олимони ҷавон» хонандаи синфи 11 «а» муассисаи таҳсилоти умумии  №20 Абдуллоева Фархунда сазовори ҷойи якум ва шоҳҷоиза гардид.

Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии №20 Рахматова Олия, Зарипов Рустам ва Ҳусейнзода Меҳрдод дар озмуни шаҳрии  саёҳат  дар экология фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва шоҳҷоизаи (Бизнесплан- «Дистанционное обучение») гардиданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *