ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПАРЧАМ ВА НИШОНИ ДАВЛАТИРО ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС ИФТИТОҲ НАМУДАНД.

Баъд аз ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус»-и ноҳияи Шаҳритус ва шиносоӣ бо шароити он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи иншооти маишиву хизматрасонӣ ва фарҳангиву фароғатӣ, ки дар доираи омодагиҳо барои истиқболи сазовор аз ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ин ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зикр намуданд, ки тӯли 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи Шаҳритус низ рушду инкишоф ёфта, бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун симои худро ба куллӣ тағйир додааст.

Роҳбари давлат доир ба дастовардҳои сокинони ноҳия ибрози андеша намуда, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади беҳтар гардидани зиндагии сокинони ноҳияи Шаҳритус, инчунин ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми он бо истифода аз тамоми захираву имконот давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат зиёда аз 515 миллион сомонӣ равона намудааст.

Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус 5 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 22 миллион сомонӣ татбиқ намуда, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об анҷом дода шудаанд. Ҳоло дар самтҳои зикршуда боз 7 лоиҳа ба маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии 365 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 270 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 74 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Соҳаи кишоварзии ноҳия дар пешбурди иқтисодиёти он нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи кор ва даромади аҳоливу буҷети маҳаллӣ мебошад.

Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле назаррас аст.

Ба ҳолати 1 августи соли 2020 кишоварзони ноҳия дар 14,7 ҳазор гектар кишти зироат гузаронидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё 543 гектар зиёд мебошад.

Дар ҳафт моҳи имсол ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 430,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 11,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус супориш доданд, ки бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, инчунин зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар охири суханронӣ баъди таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи бахшҳои ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳритус анъанаҳои неки аҷдодамонро дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ идома бахшида, сарҷамъу муттаҳид барои рушди Тоҷикистони азизамон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ сазовор мегарданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун Ҳусноро Бобоева – табиб, Зулфия Имомова – донишҷӯ, Насриддин Ғуломҳайдаров – собиқадор ва Сафаралӣ Бобоназаров — собиқадор сухан гуфта, бо қаноатмандӣ аз рушду пешрафти ин гӯшаи диёр андешаронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *