Соҳаи дин

ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Мо дар арафаи ҷашни бузург – рўзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Дар тўли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як ҷумҳурии ҷангзада, қафомонда ва камбағал ба давлати мутараққӣ, муқтадир ва пешрафта табдил ёфт. Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони милали муттаҳид ва дар саросари ҷаҳон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба онҳо аҳсан хонда мешавад.

Мисоли возеҳи пешрафти давлатамон, дар сатҳи бениҳоят олӣ баргузор намудани Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, ки дар он барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср, Давлати Исроил, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврўз” ба ҳам омаданд.

Дар ин рўз шаҳри Душанбе ба худ қабои идона пўшида, меҳмонон бо завқ шаҳри Душанберо «Шаҳри сабз» ном гузоштанд, зеро бо кўшишҳои шабонарўзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ба зеботарин шаҳри сайёра табдил ёфт ва ҳамаи меҳмононро дар ҳайрат гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо — Раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврўз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи оламро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими аксбардории роҳбари кишвари мизбон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлат ва ҳайатҳо дар толорҳои “Дидор” ва “Аржанг” сурат гирифт.

Макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё толори пурнақшу нигори “Зарандуд” интихоб гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки ин навбат таҳти раёсати Тоҷикистон сурат мегирад, ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардид.

Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ, хабарнигорони рўзномаву маҷаллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва дигар агентиҳои иттилоотӣ инъикос мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё — МҲТБО, анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Мо бо Сарвари давлати тоҷикон ифтихор дорем, ки бо сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷӣ давлати моро дар арсаи пешрафтатарини ҷаҳон қарор доданд, ки ҳамаи ин ба шарофати истиқлолияти давлатӣ аст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 2500- солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500- солагии Хуҷанд, 2700- солагии шаҳри Кўлоб, 700- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом — Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қурони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Пешвои миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ба сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа пардохта, хишти аввали бинои наву замонавии Донишкадаи исломиро гузоштанд. Айни ҳол сохтмони ин иншоот идома дошта, масҷиди бузурги Душанбе ба наздикӣ ба истифода дода мешавад.

Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Аммо бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрўз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад. Чунин хизматҳо буданд, ки дарҳои Хонаи Каъба ҳамеша ба рўи Пешвои миллати мо кушодаанд!

Нақшаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Дар ин раванд қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 — 2028), ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард. Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем.

Бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлолият мехостам бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, баҳамин арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд.Яъне, онҳо пеш аз ҳама, ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд.

Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Дар дунё чандин миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон миллионҳо буда, дар орзуи давлату давлатдорӣ мебошанд, барои расидан ба ин омол азму талош мекунанд, ҳазорон нафарашон фидо шудаанд, аммо ватану давлат надоранд. Аз ин рў, мо бояд шукр кунем, ки Худованд ба мо чунин ватани азизу маҳбуб, ободу зебо ато намудааст, ки биҳишти рўи замин мебошад. Бояд ба қадри Пешвои миллат, ватану давлати худ бирасем ва ҳама чун як тан дар ободонии он заҳмат кашем.

Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Масҷиди ҷомеъ

 марказӣ, ҷомеъ, панҷвақтаи муваққатан намози ҷумъахонӣ

 ва панҷвақтаи ноҳияи Шоҳмансур

 

Т/р

Масҷиди ҷомеъ

Ному насаб имомхатиб

ва суроға

Суроғаи масҷид

 

Масљиди љомеъи маркази

1. Масҷиди ҷомеъи маркази  ба номи Имоми Аъзам Обидов Абдулхақ  Ноҳияи.Шоҳмансур.  к.Восифӣ

 

                                                                                   Масҷидҳои ҷомеъ
1. Масҷиди ҷомеи  ба номи

Ал-Бухорӣ

Хоҷаев Обидин ноҳияи Шоҳмансур, Дустии халқҳо
2. Масҷиди ҷомеъи  ба номи Ҷалолиддин Руми Амонов Ардашер Ноҳияи Шоҳмансур Қаротегин 3 ҳ. 1
3. Масҷиди ҷомеъи  ба номи Ҳоҷи Мирали Қодиров Давлатшо к. Афзалӣ
                                             Масҷидҳои панҷвақтаи муваққатан иҷозати намози ҷумъахонӣ
1. Масҷиди панҷвақта ба номи «Ҳоҷи Сайдалӣ» Ҳомидов Зикруллоҳ Суфиевич

 

ноҳияи Шоҳмансур,  Кучаи Айнӣ 192 Ш.Хайробод
2. Масҷиди панҷвақта ба номи М.А.Бедил Раҷабов Файзиддин    Гузаргохи 2, кучаи Восеъ хонаи 1.
3. Масҷиди панҷвақта ба номи  Чиноро  

Саидов Саидакмалидин

 

 

    ноҳияи Шоҳмансур, кучаи   Чиноро 117
                                                                                             Масҷидҳои панҷвақта
1. Масҷиди панҷвақта ба номи ҲоҶиён

 

Раҳимов Маҳмаднаим Кишварович

 

ноҳияи Шоҳмансур, кучаи  Қаротегини 2
2. Масҷиди панҷвақта ба номи Ҳофизи Шерозӣ Камолов Ҷамшед Кароматуллоевич ноҳияи Шоҳмансур, Қаротегин 1
3. Масҷиди панҷвақта ба номи Мутиуллоҳ Ҳомидов Мутиолоњ   Суфиевич ноҳияи Шоҳмансур  Мирзобек
4. Масҷиди панҷвақта ба номи      Ҳоҷӣ Исматулло Шаҳобиддинов Шарҳиддин Фазлиддинович  ноҳияи Шоҳмансур  Деповская 56а

 

5. Масҷиди панҷвақта ба номи

Эшони Аслам

Шарипов Азизбек Асламович ноҳияи Шоҳмансур  Назаршоев 470
6. Масҷиди панҷвақта ба номи Мавлавӣ Ҳабибов Саидакбар Роҳатшоевич  ноҳияи Шоҳмансур  Шаумян 30 А
7. Масҷиди панҷвақта ба номи Ғуломҷон  Ахроров Мардонқул  ноҳияи Шоҳмансур  Гастелло 43
8. Масҷиди панҷвақта ба номи Ҳоҷӣ Талбон     Суфиев Охунљон

Назриевич

 ноҳияи Шоҳмансур  Будённый 69
 9. Масҷиди панҷвақта ба номи Салмоно Форс Исмоилов Абдузор Муминович  Ноҳияи Шоҳмансур Гузаргоҳи 1к  Курғон х.65
10 Масҷиди панҷвақта ба номи  Абу Ҳанифа  Шарипов Ривичидин Шоҳобидинович  ноҳияи Шоҳмансур кучаи  Помир 140
11. Масҷиди панҷвақта ба номи Камоли Хуҷанди Давлатов Абдусатор  ноҳияи Шоҳмансур Гузаргоҳи 1 Хуҷандӣ 49
12 Масҷиди панҷвақта ба номи Қорӣ Ҳикматулло Бобоназаров Аломуддин

Ҳукуматович

ноҳия Шоҳмансур кучаи Зебуниссо
13. Масҷиди панҷвақта ба номи

Шайх Абдураҳими Элокӣ

 Садуллоев Зулфиқор Абдулҳокимович

 

ноҳияи Шоҳмансур МИМ-7 Мастонгулов 38/1
14. Масҷиди панҷвақта ба номи   Ҳоҷӣ Маҳмуд Исмоилов Абдулло ноқияи Шоқмансур Мирзо Ризо