ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИ – ХАТАР БА ИНСОНИЯТ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гуруҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногун ҷомеашиносӣ мавриди омузиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башарро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ ҳушдор гаштан, мавқеи худро муайян менамоянд.
Ахиран ҳодисаҳои террористи дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, амалу кирдори вахшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.
Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро пайдо менамояд. Созмону ҳаракат ва гурӯҳҳои, аз қабили “Ал-Қоида”,“Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҷиҳоди силом”, “Ҳаракати толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҳизби Наҳзати ислом” ва амсоли онҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд.
Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, афкори терроризмро биёмузанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.
Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчун субъекти муносибатҳои сиёсӣ ин хусусияти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки аз ноустувории нисбӣ, тағирёбии мавқеи ҷавонон дар сохтори ҷамъиятӣ,мақоми иҷтимоии начандон баланди онҳо, маҳдудияти алоқаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ муайян карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкори ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар Ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода барада ҷавононро ҳамчун қувваи сиёси қурбони мнфиатҳои хеш намоянд. Аз ин лиҳоз мо ҷавононро зарур аст, ки ҳамчун муҳҳарики пешбарандаи ҷомеа саҳмгузор дар рушди кишвар бошем, то равишҳои нодуруст вориди андешаи мо нагарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *