ФАЗИЛАТИ ИДИ ҚУРБОН

Алҳамду лиллоҳ, вас салоту вас салому ало Расулиллоҳ.

Намозхонони гиромӣ, ҳамаи шуморо бо фарорасии иди Қурбон табрик гуфта, аз Худованд хоҳонем, ки ватани моро дар ҳифзу ҳимоят ва дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад. Бигзор ҳар нияти неке, ки дошта бошед, баровардаи хайр гардад.

Баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии кишвар эҳё, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба анъанаву маросимҳо ва суннатҳои мардумӣ, ҷузъи сиёсати давлатдорӣ гашта, бо тантана ҷашн гирифтани онҳо як амали муқаррарӣ гаштааст.

Иди Фитр ва Иди Қурбон дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии ҳаёти кишвар ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таљлил мегардад. Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих, фарҳанги мардумӣ ва маросимҳои марбут ба дини мубини ислом мебошад.

Мо бояд донем, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба ҷуз ғамхорӣ зоҳир намудан барои некўаҳволии мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ҳадафи дигаре надоранд.

Муҳтарам ҷамоат, имрўз рўзи ид аст ва чанд масъалае, ки хоси ин рўз аст бароятон таъкид менамоям.

Тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам дар иди Қурбон то се рўз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Аснои қурбонӣ кардан шахс метавонад гўшти қурбониро ҳам худаш бихўрад ва ҳам ба хешону ҳамсоягонаш миқдоре аз онро бидиҳад.

Гўшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дўстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад. Шахсони қурбоникунанда бояд саъй кунанд, ки қурбониашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик ва ҳамсоягон диҳанд.

Дар шаҳрҳо, хусусан дар назди биноҳои баландошёна қурбонӣ кардан аз рўи одоби шаҳрдорӣ нест, зеро манзараи забҳи чорвои калон метавонад ба руҳияи кўдакон таъсири манфӣ расонад. Беҳтар аст, ки забҳи чаҳорпои қурбонӣ дар ҷойҳои махсус ё қассобхонаҳо сурат гирифта, ба муҳтоҷон ҳадя карда шавад. Агар қурбонӣ ба ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон ҳадя карда шавад, савоби бештар дорад.

Дар деҳот бошад қурбонӣ дар ҳавлиҳо низ ҷоиз аст.

Аммо бояд дар хотир дошт, ки гўшти қурбониро пухта, маъракаҳои пурдабдаба оростан ва худнамоӣ кардан дуруст нест.

Дар мавриди ҷойҳои забҳи чорво қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ содир шуд, ки дар он ҷойҳои забҳи чорво мушаххас карда шудаанд. Аз ҷумла,

— дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои ҶСП «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Фучик, 4;

— дар ноҳияи Сино дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав;

— дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2);

— дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ.

Дар рўзҳои ид аз зиёдаравӣ дар оростани дастурхони пурдабдаба ва хароҳоти беҳуда худдорӣ намоем, зеро оростани дастурхони пурдабдаба бо шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор набуда, ба танзим даровардани онҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Ба ҷои ин оростани дастурхони тоҷикона, ки дар он ҳалвову шириниҳо, кулчаву чаппотӣ, ки занҳои тоҷик мепазанд ва зеби дастурхони моро доранд, беҳтар аст.

Сониян, пештар дар рўзҳои ид мардум барои изҳори ҳамдардӣ ба як-ду хонадоне, ки онҳо таъзия бошад, рафта дуо мекарданд. Имрўз бошад одамон – занону мардон тўда-тўда қариб ба ҳар як хонавода ташриф меоваранд. Як гуруҳро гусел накарда, аллакай гуруҳи дигар меояд. Дар ин ҳолат соҳиби хона маҷбур аст, ки барои меҳмонони нохонда дастурхони идона ороста кунад, новобаста аз он ки шароит дорад ё не!

Ба ҷои ин кор мо бояд ба амалҳои савоб рў оварем. Аз ҷумла, қабристонҳо, сари манзили гузаштагонамон баъзан ифлосу ноободанд. Бинобар ин, бояд қабл аз идҳо дар ҳаққи гузаштагон дуои нек кунем, ба қабристон рафта сари мазори гузаштагонро тоза намоем, атрофи хонаҳоро сафед карда, роҳравҳоро рўфта, маҳаллаҳоро обод созем.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” баргузории идҳои Рамазону Қурбон мушаххас шуда, таъкид гардидааст, ки ин идҳо бо оростани дастурхони маънавӣ ва хоксорона бояд таҷлил гардад, зеро исрофкорӣ аз назари шариат ҳам ҳаром буда, шахси исрофкор дар Қуръони карим “бародари шайтон” хонда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳли ҷомеа таъкид намуда буданд, ки : Мардум ба ҷойи корҳои дуввумдараҷа ба амалҳои хайру савоб аз қабили кумак кардан ба хешу табори наздики ниёзманд; таъмири хона, дару бом ва расонидани ёрмандӣ барои пурра кардани маводи рўзгор ба хешу табори наздики ниёзманд; таъмиру тармими роҳ, мактаб, китобхона, беморхона ё бунгоҳи саломатии деҳаи худ машғул шаванд.

Ҳамин тариқ калонсолонро дида, кўдакон низ ба идгардак мебароянд. Аз хона ба хона, аз маҳалла ба маҳалла, рўзи дароз овораву саргардон, дар назди дари мардум бо дасти дароз ва халтаҳои худ, агар гўем гадогӣ мекунанд, хато намешавад. Гуруҳи дигари талабагон ба хонаҳо омада маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он ки худ саводи динӣ надоранд, сураи фотиҳаро ғалат азёд карда, ба ин васила манфиати пулӣ ба даст меоранд. Чунин рафтор аз хурдӣ дар замири фарзандони мо ҳисси гадогӣ, бе меҳнат ба даст овардани маблағро бедор мекунад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд аз ҳозир кўдаконро омода намоем, фаҳмонем, насиҳат кунем, ки ин кори хуб нест. Пас агар ба як-ду хонаи хешон раванд кифоя аст.

Кўдакон бояд ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, на ин ки дар кўчаву хиёбонҳо беҳуда гаштугузор намоянд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” таълиму тарбияи дурусти кўдакон вазифаи аввалиндараҷаи волидон буда, шариати исломӣ онро барои мо ҳам фарзу ҳам суннат гардонидааст.

Бинобар ин, ҳидоятҳои Пешвои миллатро роҳнамои худ қарор дода, биёед хурофоту исрофкориҳоро як сў гузорему фарзандонро тарбияи дуруст кунем, ба онҳо илму маърифат омўзонем ва якҷоя Ватанро обод созем!

Дигар ҳамаи маросимҳои марбут ба Иди Қурбон аз ҷониби ҳоҷиёни анҷом дода мешаванд ва мо умед дорем, ки онҳо низ дар ҳаққи мардуми шарифи Тоҷикистон, ободию оромии кишвар ва рушди он дуои хайр хоҳанд кард.

Дар охир иҷозат фармоед бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии иди Қурбон аз самими қалб муборакбод намоем. Ба шумо ибодати мақбул, бахту иқболи баланд ва саодати дуҷаҳонӣ, хушбахтиву некрўзӣ, барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, фазои софу беғубор ва неъмати бузурги тинҷиву осоиштагӣ таманно менамоем.

 

Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиллоҳи Раббил оламин.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *