Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санаи 02.06.2022 кормандони дастгоҳ воҳидҳои сохтории МИҲД-и ноҳия, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии 1 ва 2, комисарияти ҳарбии ноҳия донишгоҳҳо ва колеҷҳои ҳудуди ноҳия, муассисаҳои таълимӣ ва то мактабии ноҳия ва раисони шаҳраку маҳаллаҳо барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти бо самари касбӣ ва пеш аз муҳлат иҷро намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №352 аз 4 марти соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.