«ҶИЛВАИ РАНГҲО»: ҶАШНВОРАИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ВА МУОСИР

Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони 800-солагии Москваи пойтахти мамлакат даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, бонувону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Фестивали «Ҷилваи рангҳо» ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон ва мардон, ҳамчунин риояи тарзи пӯшидани онҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе созмон дода шудааст.
Ҷашнвораро бо сухани муқаддамоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки либоспӯшии тоҷикон аз қадимулайём аз дигар халқҳо фарқ карда, бо тарзи дӯхт, нақшу нигор ва истифодаи он ба куллӣ тафовут дорад ва як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, шахс бо намуди зоҳирӣ ва маданияти либоспӯшӣ мавқеи худро дар ҷамъият нишон медиҳад ва бо ин роҳ метавонад дар миёни атрофиён соҳибэҳтиром гардад.
Дар даври шаҳрии фестивали «Ҷилваи рангҳо» духтарону бонувони касбу кори гуногун, ҷавонон ва кӯдакони хушиқболи пойтахт иштирок карда, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси миллӣ ва муосирро вобаста ба касбу кор, ороишоти миллӣ ва ҳунари волои рақсу суруд пешкаши ҳозирин намуданд.
Ҷашнвораи либоси миллӣ ва муосир ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ташкил гардида, ҳунари волои халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ таҷассум месозад.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории Фестивали «Ҷилваи рангҳо» анъана ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро эҳё намуда, иштирокчиёни он — тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва дигар хоҳишмандони ин касб, ҳунари волои худро ба алоқамандону дӯстдорони либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ карданд.
Вазифаи асосии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» ҳар чӣ бештар тарғиб кардани либосҳои миллӣ ва муосири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъҳои ватанӣ вобаста ба фаслҳои сол мусоидат менамояд.
Дар доираи ин ҷашнвораи фарҳангӣ чорабиниҳои зайл, аз қабили дӯхтани либосҳо бо тарзу усулҳои хоси маҳал, ривоҷу равнақи истеҳсоли либосҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир, густариши фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду инкишофи корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолии либосҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъсис ва рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, арҷ гузоштан ба меҳнати ҳунармандон, тарроҳон ва эҷодкорон, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ҳунармандон, тарроҳон, дӯзандагон, эҷодкорон, рассомон, қаламкашону наққошон баргузор гардиданд.
Фестивали «Ҷилваи рангҳо» дар 6 (шаш) бахш, аз ҷумла либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ, либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон, бонувон ва ҷавонону мардон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ), либосҳои арӯсии миллӣ ва созмон дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибону иштиркочиёни фаъоли фестивал бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *