25-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Санаи 22.июни соли 2022 бо ташаббуси макомоти ичроияи хокимияти давлатии ноҳияи Шохмансур Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони » Ваҳдат- омили сулху суботу ороми ва зиндагии шоиста» бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавонӣ нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд. Барои расидан ба ин рӯзи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ доранд. Он кас сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, наҷоти давлат ва миллатро таъмин намуда, тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона сохтанд. Ин иқдоми Сарвари давлат аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накарданд ва савганд хӯрданд, ки то охирин фирории Тоҷикистонро ба Ватан барнагардонанд, ором нахоҳанд буд.
 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *