25 солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғи «Куруши Кабир» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур багузор гардид

Дар боги «Куруши Кабир» бо ибтикори Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Шохмансур чорабинии фарханги бахшида ба Рузи Вадати милли багузор гардид. Дар хакикат миллати тамадунофару сулҳҷӯи тоҷик 25 солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботу ҳусни тафоҳум ба таври мутантан таҷлил мекунанд. Чаро, ки маҳз дар ин рӯзи фархундаву муборак, ки ба 27-уми июни соли 1997 рост меояд, бо кӯшишу талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҷанги хонумонсӯзи ҳамватанӣ хотима ёфт. Ғояи Ваҳдати миллӣ тадриҷан тамоми нуқтаҳои маъмурию ҷуғрофии Тоҷикистонро фаро гирифта, рушди бесобиқаи тамоми риштаҳои иқтисодию иҷтимоиро таъмин сохт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *