Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рў оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурўҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад.
Чун Худованди тавоно Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро мабъус сохт ва аҳли оламро бо нури ислом манаввар гардонид, иддае изҳори норозигӣ карданд ва роҳи тафриқа, бадбинӣ ва душманиро пеша намуданд.
Чун Расули акрам (с) аз кўҳи Абўқубайс нидои «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро танинандоз намуд, Абўҷаҳлу Абўлаҳаб ва амсоли онҳо ошкоро ба душманӣ бархостанд ва мардумро зидди Паёмбар (с) мешўрониданд.
Суханҳои таҳқиромез, ташкили гурўҳи бадхоҳон, дар роҳи Паёмбар (с) хорафканиву азиятрасонӣ, азобу шиканҷа нисбати мусулмонони камбағал ва бенуфуз, рехтани хуни мусулмонони аввалин – камтарин паёмадҳоест, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ ба вуқуъ пайвастанд.
Ба бадхоҳон муяссар шуд, ки баъд аз вафоти Абўтолиб ба куштори Паёмбар (с) иқдом кунанд, аммо Худованди нигаҳбон Ҳабиби худро танҳо нагузошт, дар ҳифзу ҳимояи Худ нигаҳ дошт – чун дар ғори Савр ба дўсти худ Абўбакри Сиддиќ гуфт: «Ло таҳзан инналлоҳа маъано», яъне маҳзун мабош, Худо ҳамроҳи мост!
Дар натиҷаи тафриқаандозӣ мусулмонон маҷбур буданд, ки ватани худро тарк намуда, ба Ҳабаша ва сипас ба Ясриб ҳиҷрат кунанд. Аммо дар Мадинаи мунаввара низ бадбинон вуҷуд доштанд, чунонки мегўянд: «Ли кулли қавмин ҳод ва ли кулли Мусо Фиръавн» — ҳар қавмеро роҳнамоест ва ҳар Мўсоро Фиръавне!
Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул бо қудуми аввалини Паёмбар (с) ба Мадинаи мунаввара дар пайи эҷоди тафриқа ва иғво буд, ҳамеша мекўшид мардумро муқобили Паёмбар (с) барангезад, мекўшид ҳаммаслак ва ҳамақидаҳои худро пайдо созад, бахусус дар баъзе масоил аз ноогоҳии мардум моҳирона истифода мебурд.
Баъд аз вафоти Расули Худо (с) аксари мунофиқон аз ислом риддат карданд ва чандин ашхоси дурўғин худро паёмбар эълон намуданд, ки намоёнтарини онҳо Мусайлимаи каззоб мебошад. Дар натиҷаи задухўрдҳои мусаллаҳона байни мусулмонон ва пайравони Мусайлима дар «Ҳадиқату-л-вард» (Боғи гулҳо, гулистон) ҳазорон нафар кушта шуда, боғи гулҳо ба «Ҳадиқату-л- мавт» — боғи марг табдил ёфт.
Куштори Усмон ибни Аффон, зоҳир шудани гурўҳи хавориҷ, муҳорибаҳои Ҷамалу Сиффин, дасисабозиҳо дар аҳди Умавиён ва Аббосиён – метавон чандин мисолҳои дигарро овард, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ, ҷудо шудани мусулмонон ба гурўҳу равияҳои гуногун ҳазорон ҳазор хуни ноҳақ рехта шудааст.
Имрӯз низ идомаи тафриқандозӣ ва зарба задан ба решаи дини мубини ислом бо роҳу усули дигар идома ёфта истода аст.
Алиев Хусрав.