Author Archives: Shohmansur Shohmansur

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин

2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлати мо муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷараёни мусбати равобити ду кишвар дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории зичи ҷонибҳо дар бахши амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, 1 миллиарду 674 миллион долларро ташкил дод.

Дар ин замина, дар бораи имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобила ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд, андешаронӣ сурат гирифт.

Пешвои миллат ба сатҳи ҳамкориҳои дар соҳаи гуманитарӣ бадастомада баҳои баланд доданд. Ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ (Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ) (Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов — «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(31), 2023)

ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ

(Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ)

(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов —  «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, 1(31), 2023)

 

Марди таърихсоз

Бидуни шак яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳаи Истиқлоли давлатӣ эҳёи дубораи мактаб ва маорифи миллӣ, ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия ва фароҳам кардани шароити созгор барои рушди илму маърифат аст. Ояндаи пойдор ва равшани миллат аз низоми таълиму тарбияи ҳамин мактаб ва маърифатбахшии ҳамин маориф вобаста аст. Аз ин нигоҳ аст, ки Сарвари давлат ба ниҳоли парваридаи худ ба назари меҳр ва бо ҷиддияти тамом муносибат намуда, маориф ва илмро дар сархати Паёми солонаи худ қарор додаанд.

Муаллифи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ба унвони як муҳаққиқ ва нозири дақиқназар ҳамин ҷиддияти рисолат ва зарурати таваҷҷуҳ ба онро солҳост, ки дарк намуда ва дар талоши ҳамкорӣ барои таҳкими пояҳои маориф ва маънавиёти миллӣ ҳаст. Муаллиф бо муруре ба гузашта як қиёси таърихӣ анҷом додааст: «…агар даврони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст». Ин ҷо як қиёси шоиронаи Бозор Собир ёд меояд, ки мехоҳад хидмат ва заҳматҳои бузургу бесобиқаи таърихии устод Садриддин Айниро барои миллати тоҷик дар қиёс бо устод Рӯдакӣ бозгӯ кунад ва мефармояд:

Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,

Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард.  

 

Манзури шоир аз ин сатрҳоро аз худи ӯ пурсида будам, ки барои аҳли фаҳм ошност. Қиёси муаллифи муҳтарам низ дақиқан дар ростои ҳамин мантиқ қобили арзёбӣ аст. Ҳамин тавр, Пешвои миллат рисолати таърихии худро аввал бо ҷасорат қабул карданд, дарк намуданд ва ба дурустӣ анҷом доданд. Парчами ҷунбишҳои ба камол нарасида ва ба шикаст мувоҷеҳшудаи миллиро баланд намуда, роҳбарӣ карданд ва бо баланд кардани дасти Исмоили Сомонӣ дар майдони Озодӣ – рамзи қудрати сиёсии тоҷикон ба кӯйи мурод расонида, орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик ва дудмони Сомониро бо ин иқдом ба курсӣ нишонданд.

Бидуни шак, метавон гуфт, ки руҳи Куруши Бузург, Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ дар симо ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буруз кардааст. Аз ин нигоҳ арзёбии муаллиф қобили дарк ва дақиқ аст: «Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад». Бо баёни омиёнатар метавон хулоса кард, ки дар воқеъ як давраи томи таърихи миллати тоҷикро Пешвои миллат сохта ва сабти таърих кардаанд. Аз ин нигоҳ, дар ин баҳси фалсафии муаллиф Инсони таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

 

Хирад мояи ҷовидонӣ бувад

Зимни арзёбии сабаб ва омили шикастҳои пай дар пайе, ки тоҷикон дар дарозои таърих ба он рӯ ба рӯ шудаанд, муаллиф бо ҷасорат ба ин хулоса мерасад: «Бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд». Бояд гуфт, ки дар осебшиносии таърихи миллати тоҷик ин назария ва хулосаи бисёр муҳим қобили таҳқиқ ва пажӯҳиш аст. Ҳам таърихнигорӣ ва ҳам оянданигарии мо бояд бар мабнои ҳамин назария ва ҳамин андеша шакл бигирад. Мутаассифона, то кунун ҳеҷ яке аз бузургони мо аз ин манзар таърихи моро мӯшикофӣ ва осебшиносӣ накардааст. Умуман, осебшиносӣ дар соири илмҳои муосир, хусусан, осебшиносии таърих асли муҳим барои ояндаи миллатҳо маҳсуб мешавад, ки дар илми мо ривоҷ надорад. Ин масъала қобили баҳси ҷудогона аст.

Мутаассифона, метавон гуфт, ки тоҷикон дар олами муосир аз ҷумлаи камтарин миллатҳое ҳастанд, ки «фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур», балки ба тақдир ҳавола кардаанд. Мушоҳидаи муаллиф дар мавриди қиёси мизони динзадагии миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳам қобили таваҷҷуҳ ва дақиқ аст: «… барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман Осиёи Бузурги Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад?».

Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат дар ин миён мо танҳо миллате ҳастем, ки аввал ба ақида ва дини худ менозем, баъд ба миллати худ. Дар аксари маврид миллатро муҳим намешуморидем ва намешуморем. Хусусан, барои аҳли таассуб ва хурофот дар тӯли таърих миллат ва давлат муҳим набуд ва имрӯз ҳам нест. Он ки аз давлат гоҳе имрӯз ҳам ҳимоят мекунанд, аз рӯйи риёст, на вафо ва садоқат.

Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки омили суқути ҳамаи давлатҳои миллии тоҷикон, чӣ то исломӣ ва чӣ замони исломӣ динзадагӣ ва ҳамон ҳаволаи оянда ба тақдир буд ва ҳаст. Имрӯз ҳам дар андешаи аксари кулли диндорон ҳамин ақида чира аст, ки дар сурати ҳамлаи як кишвари исломӣ оё мо ҳаққи шаръии ҳимоят аз худро дорем ё не? Ин тоифа дар асли худ ба ақидаи давлат-миллат боварманд нестанд. Ва дар ҳавои 1400 соли пеш ба сар мебаранд. Ин ҷо бояд ҳатто зикр намуд, ки дар таҳти шуури баъзе аз афрод ҳатто андешаи хилофатхоҳӣ ҳам зинда аст. Яъне андешаи ДИИШ-ӣ, ки аз маҷрои сиёсӣ тавассути қудратҳои фароминтақавӣ обёрӣ ва фарбеҳ шудааст.

Ҳатто сабаби иқтидори сиёсиро аз даст додани тоҷикони Афғонистон, ки наздики даҳ сол (1992 — 2001) қудратро дар ихтиёр доштанд, пойбандии беш аз ҳади онҳо ба арзишҳои динӣ назар ба андешаи миллӣ буд. Баъди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд маълум гашт, ки танҳо тоҷики соҳибнуфузе, ки «фардои худро ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур» вобаста медонист, ба иқтидори сиёсӣ барои бақои миллат бовар дошт, шахси Аҳмадшоҳи Масъуд будааст. Баъди вафоти ӯ дар ҳамсоякишвар ихвониҳо андешаи «қудрати сиёсӣ»-ро ба ақидаи «тақдири илоҳӣ» иваз намуданд.

Иттифоқан, тоҷик шояд танҳо миллати соҳибдинест, ки на аз дини миллии худ ва на аз динҳои дигаре, ки дар дарозои таърих ба ӯ таҳмил шуда, ҳаргиз ба нафъи бақои миллӣ фоида наҷустааст. Балки динхӯйӣ дар ин муддат барои давлатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ кушанда воқеъ шуда ва имрӯз ҳам бузургтарин таҳдид ба ҳастии давлат динзадагии афрод ва ба хислати фардӣ табдил шудани он аст. Дар дараҷаи аввал хатари ба хислати фарогир табдил шудани ҳамин зуҳурот вуҷуд дорад, ки он гоҳ ба таҳдиди билфеъл барои вуҷуди давлати миллӣ низ табдил хоҳад шуд.

Ин дугонагии тафаккур садсолаҳост, ки думболагири афроди миллат аст, ҳоло ман дар худам ин ҷуръатро суроғ надорам, то бигӯям, он хислати миллии моро ташкил медиҳад, аммо шодравон Лоиқ Шералӣ бо дарки умқи масъала ва вусъати пайомади он, ин ҷасоратро дошт, ки гуфта буд:

Миллати мо миллати яклахт нест,

З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.

Вақте яклахт мешавем, ки навъи ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури воҳид, усули тафаккури ягона, на бегона дошта бошем, то он замон миллат намебошем. Ин давоми ҳамон андешаи шоири дигари забони тоҷикии форсӣ Муҳаммад Иқбол аст, ки бовар дошт:

Миллат аз якрангии дилҳостӣ,

Равшан аз як ҷилва ин синостӣ.

Қавмро андешаҳо бояд яке,

Дар замираш муддао бояд яке.

Аз ин манзар, хулосаи муаллиф роҷеъ ба аҳамияти усули ташаккули андешаи воҳиди миллӣ, қобили таваҷҷуҳ аст: «Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст».

Албатта, мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмуи ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ муайян мекунанд, сохта мешавад. Ва тафаккури дунявӣ, ки ба ҳайси як ҷаҳонбинии фарогир дар ҷомеаи муосир ҷой уфтодааст, реша дар хиради тоҷикӣ ва ориёии мо, дар биниши миллии мардуми мо дорад. Хиради тоҷикӣ, ки бар мабнои таҷриба, бовар ва ҷаҳонбинии гузаштагони мо ташаккул ёфта буд, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ, барои ҳифзи асолати миллӣ дар марҳилаҳои мухталифи сарнавиштсози таърих мусоидат намуд.

Дар боварҳои куҳани миллии мо масъалаи давлатсозӣ ва иштироки мардум дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба унвони асл матраҳ мебошад. Мувофиқи боварҳои миллии мо, низоми сиёсӣ бояд бар мабнои мафҳум ва қарина (консепсия)-и ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфта бошад. Ин ҳама падидаест, ки муаллиф онро дар хусусияти давлати миллӣ ва сифатҳои шахсии Пешвои он пайдо намудааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шояд аз нодиртарин раҳбарони сиёсии олам аст, ки бо мардуми одӣ ба тарзи мустақим, рӯ ба рӯ суҳбат ва ҷаласаҳо меорояд. Бо тамоми қишрҳои аҳолӣ… батафсил, тахассусмандона, бурдборона, бо дарки хусусияти шахсӣ, дараҷаи дониш ва касбияти ҳар кас муошират мекунад. Ба муҳтавои нутқи ҳар кадом таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин восита мехоҳад, тасаввурот ва маълумоти худро оид ба ҳолу аҳвол, сатҳи маърифатнокии онон бозсанҷӣ, хулосабарорӣ ва чораҷӯӣ кунад. Ин усул ва тарзи давлатдорӣ намунаи олии ҳидояткунандаи раҳбарист».

Албатта, ба қадри ин заҳматҳо бояд расид ва ба он посухи муносиб дод, то дар роҳи расидан ба рифоъ, тавсеа ва ҳамзамон ташккули як хислат ва як тафаккури воҳиди миллӣ ё ба ибораи шоир «яклахт сохтани миллат» ҳамовозӣ ва кумак кунем.

Хирад, – яъне  дониш, фаросат, огаҳӣ, ҳуш, дарк, зиракӣ, дарёфт ва тадбир, (Шарофатномаи Мунирӣ, Анҷуманорои Носирӣ, Деҳхудо) бо усулҳои аслии дунявият мисли илмгароӣ ва инсонгароӣ созгорӣ дорад. Бинобар ин, талоши ба ҷойгоҳи худ бозгардонидани хирад ва озодсозии зеҳни миллӣ аз ишғоли таърихӣ вазифаи муқаддас аст. Зеро вақте «бахти араб бар Аҷам чира шуд», хирад ва хирадварзӣ ҷойи худро ба ақлонияти динӣ ва тақдири аз пештайиншуда дод. Фард озодиву қобилияти зояндагии фикрӣ ва миллат руҳияву иқтидори ҷаҳонкушоии худро бохт. Аз ин нигоҳ, хулосаи муаллиф саҳеҳ ва қобили дарк аст: «Муҳтавои ҷаҳонбинӣ ва равандҳоеро, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо тоҷикон, онро дар сатҳҳои гуногун, ба тарзи одӣ «пайравӣ ба фарҳанги бегона» меноманд, падидаи маъмулӣ — ғуломии руҳӣ ва ақидатӣ аст. Чизи дигаре нест. Маҳз ҳамин ҳолат, ҳамин ҷаҳонбинӣ муҳтавои гуфтор ва рафторҳои ғуломонаро тавлид, ташвиқ, тарғиб, «асоснок» ва барои мутеъшавӣ ба онҳо истодагариву якравӣ мекунад».

Ин ҷо суханони машҳури нависандаи бузург Лев Толстой ба ёд меояд, ки гуфтааст: «Бадбахттарин ғулом инсонест, ки хиради худро ба ғуломӣ додааст ва чизеро воқеият мепиндорад, ки хирадаш онро қабул надорад».

Акнун дар ин маврид муносибат ба масъалаи мазкур муҳим аст. Бояд эътироф кунем, ки ғуломон дар фикри озодӣ нестанд, ин инсонҳои озода ҳастанд, ки ғуломонро озод месозанд. Бинобар ин, вазифаи давлати миллӣ дар симои маориф ва барномаи таълим иҷрои ҳамин вазифаи муҳим аст. Мутмаинан, агар давлати Сомониён ҳазор сол пойдор мемонд ва ё давлатҳои дигари миллӣ идома мекарданд, мо ҳоло ба як марҳили дигаре аз ғурури миллӣ ва истиқлоли фикрӣ расида будем. Ба ин маънӣ дарк, бардошт ва хулосаи муаллиф аз иллат ва сайри таърихии таҳаввули фикри миллӣ саҳеҳ аст:  «Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тули ҳазор сол аст».

Аммо бояд эътироф кунем, ки он чизе дар садсолаҳо шикаста шуда ва зарба хурдааст, то ин ки тармим шавад, роҳи дароз дорад. Яъне заҳмати зиёд мехоҳад, то дубора, хирад ва хирадварзӣ, ҷойи таваккал ва тақдирпарастиро бигирад. Дар ҳар сурат, масъалаи муҳим барои мо боз гардонидани хирад ва ё бозгашти мо ба хирадварзист. Ин вазифаи муқаддаси мактаб аст. Зиёиён ва олимон бояд дар ин масъала ба давлат кумак кунанд.

Масъулият ва буҳрони бекифоятӣ

Бидуни шак, мактаб курраи миллатгудозӣ, шахсиятсозӣ аст. Он чӣ мебинем ва он чӣ дорем, маҳсули мактаб аст. Тавре муаллиф зикр намудааст, «Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест».

Агарчи дер, аммо бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба профессори муҳтарам, узви вобастаи АМИТ муҳтарам Саймумин Ятимов барои таваҷҷуҳе, ки ба китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» зоҳир намуданд ва тақризи фарогир, ширкат ва суханронияшон дар муҳокимаи китоб, изҳори сипос ва миннатдории самимии муаллифонро изҳор намоям. Маҳз тақриз ва тавсияи мазкур буд, ки китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс»  мутобиқ ба таъйинот ва рисолати аслии худ таҳия ва ислоҳ шуд.

Инҷо ба ҷузъиёти нуктаҳои мавриди баҳс дар китоб намепардозам, танҳо бояд гуфт, ки эродҳои профессори муҳтарам дуруст ва усулӣ буданд. Аммо як нуктаеро мехоҳам ёдоварӣ намоям, ин аст, ки дар лоиҳаи аввалияи бархе саҳифаҳои он китоб, ки мавриди муҳокима қарор гирифт, воқеияти тарзи тафаккури ҷомеаи илмӣ ва умуман андешаи дугона дар зеҳни ҷомеаи мо ба намоиш омада буд. Зеро мо ҳудуди 70 тақриз аз муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо (роҷеъ ба муҳтавои ҳар боб то 3 тақриз) гирифтем. Он ҳам баъди ислоҳ ва таҳрир, ки ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи таҳиягар анҷом додем. Ҳеҷ муқарризе ба масъалаи тарзи ҷаҳонбинӣ ва зикри масъалаҳои усулӣ дар китоб изҳори назар накард. Баръакс, муаллифонро дар баъзе маврид ба эҳёи дидгоҳи замони Шӯравӣ дар нисбат ба масъала муттаҳам месохтанд.

Бинобар ин, муаллифи муҳтарам вазъиятеро, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ, барномаи таълимӣ ва мушкилеро, ки дар ҷаҳонбинии муаллифон ҷой дорад, инчунин сабаб ва омилҳои вазъияти мавҷудро ба тафсил таҳлилу матраҳ намудаанд. Ба он чизе изофа намудан мушкил аст. Ҷойи баҳс ҳам надорад. Фақат бояд афзуд, аз нигоҳи осебшиносии маориф ё низоми омӯзишу парваришро ба ин вазъият «буҳрони бекифоятӣ» (incompetence crisis) метавон гуфт. Ин як амри табиист, бояд онро эътироф кард, осебшиносӣ намуд ва барои ислоҳи он ирода варзид.

Ба қавли А. Эйнштейн, «бидуни буҳрон, озмоишҳои ҷиддӣ пушти сар намешаванд. Ва буҳрони аз ҳама воқеӣ буҳрони бесалоҳиятӣ аст». Бояд гуфт, ки ин фақат мушкили нависандагони китобҳои дарсӣ нест. Ин ба як мушкил барои идораи муассисаҳои маориф, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ низ табдил шудааст. Яъне мушкил ин ҷо умдатан мушкили адами кадрҳои шоиста, огоҳ ва боиродаи миллист.

Муаллиф, зимни натиҷагирӣ аз пажӯҳиши худ роҷеъ ба роҳҳои ҳалли масъала, аз ҷумла таъкид мекунад: «Дар ин раванд олимоне, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ ҷалб карда мешаванд, бояд на танҳо донишманди соҳибтаҷриба, дар байни аҳли илм эътирофгардида, ҳамзамон боҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, соҳибтадбири худшиносии миллат, руҳбахш, вассофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғурур ва ифтихори миллӣ бошанд».

Албатта, мутлақо дуруст аст, вале бояд фақат афзуд, ки хуб мебуд, онҳое низ, ки «ба ҷалби олимон барои навиштани китобҳои дарсӣ машғуланд», яъне масъулини соҳа ҳам донишманд, худогоҳ, хештаншинос ва хирадситойю бо дарки амиқи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва босалоҳияту бокифоят  бошанд. Инҷо масъулият миёни муаллифон ва масъулин баробар тақсим аст, балки бори масъулият ва рисолати масъулон бештар аст.

Бинобар ин, роҳи берунрафт аз ваъзият кумак хостан ва боварӣ кардан ба қишри боирода, соҳиби андешаи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, босалоҳияту бокифоят, шинохтан ва гумоштани онҳо ба идора ва роҳбари муассисаҳои маориф, барномаҳои таълимӣ ва илмӣ мебошад.

Он гоҳ метавонем ба тарбияи шоиста ва ба камол расонидани насли худогоҳ, миллиандеш, хирадгаро ва бокифояту босалоҳият, ки бақои давлати миллӣ ва ояндаи дурахшони миллатро тазмин намояд, умед бибандем ва дар татбиқи роҳнамоиҳои Паёми Пешвои муаззами миллат саҳм бигирем.

Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия–1 ҷой, маоши мансабӣ–1571 сомонӣ.
2.Мудири бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳия–1 ҷой, маоши мансабӣ-1571 сомонӣ.
3.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ–1427 сомонӣ.
4.Сармутахассиси бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия–1 ҷой, маоши мансабӣ–1427 сомонӣ.
5.Сармутахассиси бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳия–1 ҷой, маоши мансабӣ–1427 сомонӣ.
6.Сармутахассиси бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи Раиси ноҳия–1 ҷой, маоши мансабӣ-1427 сомонӣ.
7.Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия–1 ҷой, маоши мансабӣ-1112 сомонӣ.
8.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ–1112сомонӣ.
9.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ–962 сомонӣ.
10.Сармутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ–1427 сомонӣ.
11.Сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ–1427 сомонӣ.
12.Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия–1 ҷой, маоши мансабӣ–1427 сомонӣ.
13.Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия–1 ҷой, маоши мансабӣ-1112 сомонӣ.
14.Мутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ -962 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ
-варақаи баҳисобгирии кадрҳо
-3 дона расм (андозаи 4 х 6)
-нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият
-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти зарурии касбӣ, такмили ихтисос ва
унвони илмӣ (диплом, шаҳодатнома ва ғайра)
-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии меҳнатӣ, аз ҷумла собиқаи
корӣ аз рўи ихтисос (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ)
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи амволи хизматчии давлатӣ
-маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида
-нусхаи билети ҳарбӣ ( барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд
-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ
-маълумотнома (резюме)
-донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта
мешавад.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ба нишони зерин муроҷиат намоед, кўчаи Айнӣ 20, утоқи 6, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур.Телефонҳо барои маълумот: 223-23-49,907785005,907080884,918371212

Сарчашмаҳои маблағгузории Ҳаракати Толибон* (2001-2021)

Сарчашмаҳои маблағгузории Ҳаракати Толибон* (2001-2021)

 

Чоп шудааст: 13.01.2023 21:50

Муаллиф: Олга МИТРОФАНЕНКОВА

 

Дар бораи муаллиф: Олга Евгенйевна Митрофаненкова — номзади илмҳои таърих, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия. Мавод як қисме аз матни барои маҷмӯаи мақолаҳо омодашуда мебошад.

 

Бо вуҷуди он ки соли 2001 дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии «Озодии шикастнопазир» ҳаракати Толибон (мамнӯъ дар Россия) қариб пурра торумор шуда буд, вале моҳи августи соли 2021 онҳо тавонистанд дубора дар Афғонистон ба сари қудрат баргарданд. Албатта, дар бозгашташон сарчашмаҳои маблағгузорӣ нақши муҳим бозиданд ва ба онҳо на танҳо барои барқарор шудан, балки дубора ба даст овардани нуфуз ва назорати кишвар мусоидат карданд.

Соли 2001 пас аз вуруди неруҳои хориҷӣ бо сарварии ИМА ба хоки Афғонистон, ҳаракати Толибон аз сари қудрат дур карда шуда, қисми зиёди ин гурӯҳ дар Покистон паноҳ бурданд. Дар ин давра, Толибон барои барқарор кардани қудрати худ ба захираҳои молиявӣ ниёз доштанд.

Вазифаҳои асосии Толибон дар аввали солҳои 2000-ум мустаҳкам кардани неруҳо ва инчунин баргардонидани мавқеи қаблии худ дар Афғонистон буд.

Тадриҷан пас аз соли 2001, толибони боқимонда дубора аз нав ба гурӯҳ-гурӯҳкунӣ ва барқароршавӣ даст заданд. Бино ба гузоришҳо, роҳбари руҳонии ҳаракат мулло Умар бо муовинони худ тамос гирифта, ба онҳо дастур додааст, ки ҷангиёни худро ташкил кунанд, даъватшавандагонро аз мадрасаҳои Покистон бигиранд, махфигоҳи силоҳ пайдо намоянд ва маблағ ҷамъ созанд. Қочоқчиёни маводи мухаддир аз аввалинҳо шуда, барои толибон маблағ ҷудо карданд.

Тибқи баъзе арзёбиҳо, даромад аз маводи мухаддир метавонад аз 20 то 40% тамоми даромади толибонро дар миёнаи солҳои 2001 ва 2014 ташкил диҳад. Тиҷорати маводи мухаддир ба як сарчашмаи сердаромад табдил ёфт, ки ба оғози барқарорсозии Толибон пас аз дур кардани ҳаракат аз сари қудрат дар соли 2001 мусоидат кард.

Бо вуҷуди он ки соли 2003 толибон ҳанӯз неруҳои худро (инчунин нуфузи худро дар Афғонистон) пурра барқарор накарда, хуб муташаккил набуданд, тавонистанд назорати истеҳсоли маводи мухаддирро дар як қатор минтақаҳои ҷануби кишвар ба роҳ монанд. Дар ин давра аз ҳисоби даромади молиявӣ аз савдои маводи мухаддир «Шуро-и-Кветта» (мақоми асосии ҳарбӣ-сиёсии толибон, ки дар қаламрави Покистон фаъолият мекард) тавонист назоратро аз болои толибон, ки суст шуда буд, ташкил кунад.

Сарчашмаи дигари молиявӣ, ба ғайр аз тиҷорати маводи мухаддир, даромади андоз аз деҳқонон буд. Солҳои 2000-ум толибон пинҳонӣ андозҳои афюнро аз деҳқонон дар қаламравҳои таҳти назорати худ ҷамъоварӣ мекарданд. Онҳо ҳанӯз солҳои 1990-ум ба чунин ҷамъоварии андоз шурӯъ карда буданд. Дар минтақаҳое, ки қувваи ошкорои бартаридошта вуҷуд надошт, давра ба давра байни фармондеҳони толибон, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва мансабдорон бархӯрдҳо ба амал меомаданд, ки онҳо низ аз тиҷорати маводи мухаддир даромади ғайриқонунӣ ба даст меоварданд. Дар ин давра байни қувваҳои гуногун барои назорати тиҷорати маводи мухаддир рақобати шадид сурат гирифт. Маркази ягонае набуд, ки истеҳсоли маводи мухаддирро дар кишвар комилан дар дасти худ нигоҳ дорад. Дар навбати худ, вазъи кунунӣ ҳам ба ноором шудани вазъ дар минтақаҳои алоҳидаи Афғонистон ва ҳам ба паст шудани нуфузи ҳокимияти марказӣ мусоидат кард.

Барои ба даст овардани даромади устувор аз маводи мухаддир, толибон ҳамчун ҳимоятгари деҳқонони парваришгари кӯкнори афюн баромад карданд. Ҷамъоварии анъанавии даромади маводи мухаддир дар солҳои 2000-ум ба таври зерин ба назар мерасид (тавре ки қаблан қайд карда шуд, нақшаи ҷамъоварии андоз аз деҳқонон аз солҳои 1990-ум бетағйир боқӣ мондааст):

 

1) Фармондеҳони Толибон аз деҳқонони парваришгари кӯкнор андози «ушр» ҷамъоварӣ мекарданд, ки ба 10% арзиши зироат баробар буд;

2) Барои зиёд кардани даромади худ, ҷангиёни толибон аксар вақт дар майдонҳои кишти кӯкнор дар вақти ғунучини ҳосил кор мекарданд (аз тамоми раванди истеҳсоли маводи мухаддир, ҷамъоварии афюни хом сердаромад ва инчунин меҳнатталаб аст);

3) Тоҷирони хурде, ки афюни хомро аз деҳқонон мехариданд, низ ба толибон андоз месупориданд. Ба ғайр аз ин, ронандагоне, ки ба интиқоли маводи мухаддир машғул буданд, ба толибон барои ҳар кило афюни хом ё маводи мухаддири тайёре, ки аз Афғонистон қочоқ мегардид, тарифи транзитӣ пардохт мекарданд;

4) Толибон инчунин барои ҳифзи озмоишгоҳҳои маводи мухаддир, ки героинро аз афюни хом истеҳсол мекарданд, маблағ мегирифтанд;

5) Сарчашмаи муҳимтарини даромад барои толибон аз маводи мухаддир пардохтҳои мунтазами ташкилотҳои калони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир буд. Ин пардохтҳо мустақиман ба «Шуро-и-Кветта» ворид мешуданд, ки дар он роҳбарони толибон, ки дар шаҳр ё дар наздикии шаҳри Кветтаи Покистон, маркази маъмурии вилояти Балуҷистон, зиндагӣ мекарданд, шомил буданд.

Аз гуфтаҳои боло маълум аст, ки тиҷорати маводи мухаддир барои толибон сарчашмаи муҳими маблағгузории онҳо буд. Дар айни замон, хусусияти муҳими он қобилияти ба даст овардани даромад дар муддати хеле кӯтоҳ буд, ки ба толибон дар аввали солҳои 2000-ум имкон дод, даъвоҳои худро дар бораи таъсир дар Афғонистон баён кунанд.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ дар зиёд шудани даромади толибон аз тиҷорати маводи мухаддир нақши назаррас доштанд. Пеш аз ҳама, хатсайрҳои асосии интиқоли маводи мухаддири Афғонистон тавассути қаламрави онҳо мегузаштанд. Ҳамзамон, тавассути ҳамин кишварҳо интиқоли ғайриқонунии маблағ тавассути системаи ҳавола (системаи ғайрирасмии интиқоли маблағҳо ва арзишҳо дар асоси мубодилаи талабот ва уҳдадориҳо байни брокерҳо) анҷом дода мешуд.

Мувофиқи маълумоти Институти EastWest, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ба марказҳои асосии муомилот барои «ҷараёнҳои молиявии марбут ба истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии афюнҳои Афғонистон» табдил ёфтанд. Дар ҳамин кишварҳо раванди расмигардонии пул низ ба амал меомад. Баъдан, аз ин ҷо пул ба қочоқчиёни маводи мухаддир ба Афғонистон дубора баргардонида мешуд.

Наздик ба соли 2014, диверсификатсияи сарчашмаҳои маблағгузории толибон ба таври возеҳ пайгирӣ карда шуд. Маълум буд, ки дар таъмини молиявии фаъолияти худ онҳо кӯшиш мекарданд, ки на ба як манбаи даромад такя кунанд, балки тавонанд захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ба даст оранд. Онҳо шароит фароҳам оварданд, ки дар он аз як намуди даромад маҳрум шуда, ба намуди дигар такя кардан мумкин буд. Вазъияте, ки толибон метавонистанд комилан бидуни маблағ бошанд, ба ин васила ба ҳадди ақали эҳтимолият коҳиш ёфт.

Дар солҳои 2000-ум Толибон аз рӯи хусусияти амалҳояшон бештар ба мафия шабоҳат доштанд (масалан, тамаъҷӯӣ аз тиҷорат ба яке аз сарчашмаҳои даромади ҳаракат табдил ёфт). Дар ин давра толибон мисли солҳои 1990-ум ба таври возеҳ ташкил нашуда буданд. Метавон гуфт, ки онҳо дар муқоиса ба ташкилоти ягонаи мутамарказ, бештар ба ҷамъомади гурӯҳҳои алоҳидаи «ғоратгар» шабоҳат доштанд ва ҳар яке аз ин гурӯҳҳо бо дараҷаҳои гуногуни мустақилият дар Афғонистон фаъолият мекарданд ва дар Покистон ақибгоҳ доштанд.

Тибқи маълумоти як қатор муҳаққиқони ғарбӣ, ба ғайр аз ҷамъоварии андоз аз афюн аз деҳқонон ва тиҷорати маводи мухаддир, толибон инчунин аз соҳибони тиҷорати хурди маҳаллӣ 10% «андоз» (ушр) ҷамъоварӣ мекардаанд.

Як қатор фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ҳамчун сарчашмаи маблағгузорӣ барои толибон амал мекарданд. Тибқи иттилои манбаъҳо (масалан, FATF, Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявӣ барои мубориза бо расмигардонии (шустушӯи) пул), ҳар як намуди даромад дар буҷети толибон барои таъмини вазифаҳои мушаххас хидмат мекард. Ҳамин тавр, даромадҳое, ки аз андозбандии иқтисоди маҳаллӣ ба даст меомаданд, барои гузаронидани амалиётҳои маҳаллӣ хизмат мекарданд ва танҳо дар баъзе ҳолатҳо ба роҳбарияти олии ҳаракат равона мегардиданд. Қисми даромади аз тиҷорати маводи мухаддир ба даст омада, инчунин ҳиссаи маблағи аз фоида ҷудошуда  аз ширкатҳои сохтмонӣ ва нақлиётӣ, операторони алоқаи мобилӣ, ширкатҳои истихроҷи маъдан ва лоиҳаҳои кумак ва рушд ба комиссияи молиявии Толибон ворид мешуданд (Ҳаракати Толибон аллакай сохтори возеҳе дошт, ки дар солҳои 2010-ум «вазоратҳо» — и гуногунро дар бар мегирифт). Комиссияи молия зери назорати роҳбарияти олии ҳаракат қарор дошт. Намудҳои гуногуни хайрияҳо, асосан аз кишварҳои арабӣ, бевосита ба роҳбарияти олии толибон дода шуданд. Тибқи маълумоти СММ, миёнаи солҳои 2011 ва 2012 буҷети толибон 400 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод, ки сеяки он аз ҳисоби тиҷорати маводи мухаддир ба даст омадааст. Албатта, ҳиссаи назаррасро дар буҷети толибон манбаъҳои дохилии маблағгузорӣ ташкил медод. Ба ғайр аз тиҷорати маводи мухаддир, ба онҳо андозҳои гуногуни ғайриқонунии деҳқонон ва тиҷорат, боҷҳои нақлиётӣ, рэкет ва ҳама намудҳои тамаъҷӯӣ дохил мешуданд.

Дар давраи пас аз соли 2015, коркарди афюни хом ба маҳсулоти тайёр таҳти назорати пурраи толибон гузашт. Акнун даромади толибон аз маводи мухаддир аз андозҳое, ки онҳо барои афюн аз деҳқонон ҷамъоварӣ мекарданд, аз лабораторияҳое, ки героин истеҳсол мекарданд ва аз андозҳое, ки тоҷирон барои интиқоли маводи мухаддир аз кишвар пардохт менамуданд, иборат буд. Ҳамин тариқ, пас аз соли 2015 толибон тавонистанд тамоми соҳаҳои тиҷорати маводи мухаддирро дар Афғонистон зери назорат қарор диҳанд.

Толибон инчунин диверсификатсияи манбаъҳои даромади худро идома доданд. Ҳамин тавр, аз ронандагон барои истифодаи шоҳроҳҳо дар минтақаҳои таҳти назорати толибон боҷи нақлиётӣ ситонида мешуд. Онҳо инчунин аз аҳолӣ ситонидани «ушр» ва «закот»-ро идома доданд. Чунин андозситонӣ то 160 миллион доллари ИМА дар як сол даромад овард.

Зикр кардан муҳим аст, ки арзёбии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар бораи даромади толибон асосан даромад аз афюни хом ва андозҳоро дар бар мегирифт. Ҳисоботи дигар ташкилотҳои байналмилалӣ (масалан, RAND corporation) аллакай даромадро дар маҷмӯъ аз тамоми саноати маводи мухаддир баррасӣ карданд. Интиқоли афюни хоми коркардшуда ба ҳероин ба бозорҳои ниҳоӣ ва инчунин раванди баъд аз шустушӯи пул даромади бештар меоварданд.

Истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир тамоми солҳои қаблӣ барои толибон манбаи хеле сердаромад боқӣ монд. Бо фарохгардонии қаламрави таҳти назорати толибон дар солҳои охир, сатҳи даромади онҳо аз савдои маводи мухаддир ва инчунин ҷамъоварии боҷҳои нақлиётӣ низ афзоиш ёфт. Ғайр аз ин, онҳо қариб дар ҳама соҳаҳои минтақаҳои таҳти назорати худ фаъолона андоз меситонданд.

Миёнаи солҳои 2015 ва 2021 толибон манбаъҳои маблағгузории худро тавсеа доданд. Бо васеъшавии қаламрави таҳти назорати ҳаракат, минтақаи тамаъҷӯӣ аз тиҷорати қонунӣ низ васеъ гардид. Бисёре аз ширкатҳои истихроҷи маъдан, ҳам корхонаҳои хурд ва ҳам ширкатҳои бузург, маҷбур шуданд, ки ба толибон маблағ пардохт кунанд, то тавонанд тиҷорати худро идома диҳанд.

Ғайр аз ин, толибон аз донорҳои хусусӣ дар саросари ҷаҳон гирифтани хайрияҳои пинҳонии молиявиро идома доданд. Қисми зиёди ин хайрияҳо аз созмонҳои хайрия ва фондҳои хусусии воқеъ дар кишварҳои Халиҷи Форс – аз минтақае буданд, ки толибон дар солҳои 90-ум робитаҳои зич доштанд.

Ин хайрияҳо метавонистанд дар як сол аз 150 то 200 миллион долларро ташкил диҳанд. Тибқи иттилои ҳукумати ИМА, ин созмонҳои хайрия ба рӯйхати гурӯҳҳои маблағгузории терроризм шомиланд. Дар байни онҳо бунёдҳои Арабистони Саудӣ ва АМА ҷойи махсусро ишғол мекунанд. Онҳо ҳаҷми бештари хайрияҳоро ба толибон ташкил медиҳанд.

Дар байни бунёдҳои Арабистони Саудӣ инҳоро бояд қайд кард: Al-Haramain foundation («Ал-Ҳарамайн», созмони мамнӯъ дар Россия). Al-Haramain Islamic foundation дар Индонезия ва Сомалӣ низ намояндагиҳои худро дорад. Ин бунёд ва созмонҳои вобаста ба он қаблан дар Босния фаъолият мекарданд. Соли 2015 онҳо аллакай дар Покистон ва Афғонистон фаъол шуданд. Тибқи иттилои СММ, аввалҳои соли 2022 фаъолияти ин бунёд дар Нигерия ва кӯли Чад  мушоҳида гардид. Ташкилоти болозикр дар солҳои охир ба сифати маблағгузори ҳаракати Толибон низ зикр мешавад. Хайрияҳо ба толибон аз Покистон низ ворид мешуданд.

Таъсиси назорат аз болои қисми зиёди қаламрав барои толибон имкониятҳои нави даромад фароҳам овард. Яке аз онҳо — даромад аз қӯруқшикании (шикори ғайриқонунии) дуғдоғ (мурғи калони даштии гардандароз, паррандаи калон ва нодире, ки ба Китоби сурх дохил карда шуда, дар шикори варзишӣ қадр карда мешавад) барои шайхҳои саудӣ ва аморат буд. Солҳои охир толибон тавонистанд манбаъҳои маблағгузории худро ба таври муассир диверсификатсия кунанд ва фаъолияти мусаллаҳонаи худро бо маблағгузории устувор таъмин намоянд. Дар натиҷа, онҳо аз як ё ду сарчашмаи маблағгузорӣ вобаста набуданд.

Дар бораи ҳаҷми даромадҳои толибон то давраи дубора ба қудрат расидан, маълумоти зиёде дар сарчашмаҳои озод мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна, бо назардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, даромади онҳо дар солҳои охир аз 300 миллион то ба 1,6 миллиард доллар дар як сол мерасад. Манбаъҳо инчунин қайд мекунанд, ки дар соли 2020 толибон тавонистанд аз тиҷорати маводи мухаддир тақрибан 460 миллион доллар ба даст оранд, ки на танҳо андозҳои ҷамъоваришуда, балки равандҳои минбаъдаи истеҳсол, фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва расмикунонӣ (шустушӯи) пулҳои бо ин роҳ ба даст овардашударо дар бар мегирифт.

Тавре қаблан зикр гардид, ба афзоиши даромад васеъшавии қаламрави таҳти назорати толибон, бахусус таъсиси назорат аз болои минтақаҳое, ки дар Афғонистон истеҳсоли зиёди маводи мухаддир мутамарказ шудааст (масалан: вилояти Ҳилманд, ки такягоҳи толибон ҳисобида мешавад) мусоидат намуд.

Тибқи маълумоти як қатор марказҳои таҳлилии байналмилалӣ, солҳои 2019-2020 буҷети толибон тақрибан 1,6 миллиард долларро ташкил дод, ки он фарогири даромад на танҳо аз истеҳсоли маводи мухаддир, балки аз сарчашмаҳои қаблан зикршуда низ мебошад.

 

***
Ҳаракати Толибон ҳамеша бо он фарқ мекард, ки амнияти молиявии худро ҷиҳати мубориза барои қудрат хуб ташаккул додааст. Ҳамзамон, рушди иқтисодиёти давлат ва сиёсати иқтисодӣ ҳам дар солҳои 1990 ва ҳам пас аз 15 августи соли 2021 нуқтаи заъфи онҳо ба ҳисоб мерафт.

Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, тамоми сарчашмаҳои маблағгузории Толибонро дар давоми бист сол метавон ба дохилӣ ва хориҷӣ тақсим кард. Сарчашмаҳои дохилии даромад, пеш аз ҳама, даромадҳои гуногуни андоз (аз ҷумла онҳое, ки ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд), даромад аз тиҷорати маводи мухаддир, ҳама намудҳои тамаъҷӯиро дар бар мегиранд. Ба манбаъҳои берунаи маблағгузорӣ воридоти гуногуни пулӣ, аз ҷумла хайрияҳо аз бунёдҳои хориҷӣ дохил мешаванд.

Агар мо манбаъҳои маблағгузориро аз рӯи аҳамият арзёбӣ кунем, пас бешубҳа, яке аз захираҳои муҳим барои толибон тиҷорати маводи мухаддир мебошад. Маҳз ҳангоми бори аввал дар сари қудрат будани ҳаракат дар солҳои 1990-ум дар Афғонистон тиҷорати маводи мухаддир ба таври қатъӣ ба саноати пурраи ғайриқонунӣ ба роҳ монда шуд.

 

Олга Митрофаненкова

Ҷавонон неруи бузург бар зидди терроризм ва экстремизм

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон амалҳои марбут ба террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ќайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон — дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «ҳизб-ут-таҳрир», «ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф гардонидааст. Дар ин раванд, моддаҳои 6 – 8 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлатӣ ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидоштаро дар бар мегиранд.
Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.
Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи коршиносон, дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронидан аз манфиат холӣ нест.

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд.

Дар мулоқот доир ба маҷмӯи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои амнияту мудофиа табодули афкори судманд анҷом дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон нақши Покистонро дар ҳалли мушкилоти таъмини сулҳу субот ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир муҳим арзёбӣ карда, ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои амнияту мудофиа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо зимни суҳбат муҳимияти таҳкими ҳамкориҳои амниятии ду кишварро, ки асоси онро мубориза бо зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ташкил медиҳад, таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили муҳими марбут ба вазъияти сиёсию низомӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ АСОСИСТ.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум то имрӯз 19 маротиба бо Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ намудаанд.

Чунин рӯйдод имрӯз дар ҳаёти кишвар ба як маъракаи мухими сиёсии давлатӣ мубаддал гардидааст.

Мӯҳтавои Паём аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иҳгисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Боз ба таври ҷузъӣ назар намоем, он масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, занон, таълиму тарбия, мудофиа, сиёсата хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва ғаӣраро дар бар мегирад. Аммо дар оғози Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи баӣналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад.

Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлата мо расидааст.

   Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террориста манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғаӣришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Чумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароита торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш паӣдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилота аср ва тахдидҳои нав ба тамадцуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнията давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатго такдири тамоми ахди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз «Давлатӣ исломӣ» capкарда, то толибону ҳизбҳои дигари ба номи «исломӣ» равғани бештар мерезанд. Хабари воқеаҳои рӯзҳои охир дар давлатҳои Туркия ва Австрия, ки дар нашрия ва саӣтҳои серхонандатарини ҷаҳонӣ паҳн гардид, ин андешаро дар зеҳни онҳое, ки исломро чун дини террористон мешиносанд, боз ҳам қавитар карду дини исломро боз ҳам бадномтар.

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террориста аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун мухдмтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

 Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дани мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз Тоҷикисгон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздак ба ватани мо низ тахдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми киншари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақцири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернета ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсата пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интақом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Террористону экстремистон, хоинону ватан фурӯшон ҷиҳод алаӣҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ. Вазифа меистад, ки шахсони масъул, шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимията давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аминони маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз Худо битарсанд ва ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба наели ҷавон ва наврас тарзи ҳаёта содам, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вакта холӣ фурсат наёбанд.

Бештар ба забон омӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама ншорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофата исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттахдд, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯншшро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба наели наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу хдмояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдата миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулху суботи кишвар мебошем.

Ҳодисаҳои рӯзҳои аввали моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия рухдода яке аз амалҳои террористие мебошад, ки натанҳо кишвари Русия, балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш андохт. Махсусан мо, халқи тоҷик бешгар аз дигарон дар ташвиш афтодем. Зеро чандин ҳазор аҳолии чумхурии мо дар ин кишвар кору таҳсил мекунад. Ҷумхурии мо бо Федератсияи Русия ҳамеша муносибати хубу дӯстона доппу дорад.

Мусибати ин кишвар мусибати мо ҳам ҳаст, зеро бо таъмини чандин оилаи тоҷик аз ин кишвар буда, барои осон кардани зисту зиндагӣ ва кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ бисер тадбирҳои судманд андешида мешавад. Ва ин амали террористие, ки дар яке аз метроҳои шаҳри Санкт-Петербург ба вуҷуд омад, амали номардонаву ғаӣриинсонӣ маҳсуб меёбад. Ифротгароӣ ва иғвоангезӣ дар тамоми давру замон ҳамчун падидаи ногувор ва номатлуб шинохта шуда, ҷомеаро ба оқибатҳои нохуш гирифтор месозад. Дар сиёсатшиносии муосир ин падидаро бешгар ба терроризму экстремизм нисбат медиҳанд.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва игвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ -ХАТАР БАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ, демократӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид шуда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар мекард.

Ҳамчун давлати тозаистиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30-солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил мекунад, дар баробари дигар мамлакатҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.

Мардуми кишвари мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва мавқеи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар кард, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Зеро мамлакати мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдевори Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ намудан, аз байн бурдан ва несту нобуд сохтани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.

Дар ҷаҳони муосир равишҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як мамлакат ва ё як минтақа, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои дунёи имрўза тамоюли паҳншавиро дорад, экстремизм ва терроризм аст, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гаштааст. Ҳарчанд падидаҳои номатлуби ҷойдошта мавҷуди ин давру замон нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо намудааст.

Дар айни замон ва дар оянда низ экстремизм ва терроризм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб донистааст. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои экстремистӣ ва террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Экстремизм ва терроризм- хатари умумиҷаҳонӣ

Терроризм ва эктремизм чун зуҳуроти хавфнок ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, ки торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремисти боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба миён меоранд, ки бартараф кардани он баъзан муддатҳои тӯлониро фаро мегирад.

Амалиётҳои террористӣ бо истифода аз техникаи навтарин, силоҳ ва воситаҳои алоқаи замони муосир сол ба сол муташаккилтар ва бераҳмонатар мегарданд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гуруҳҳои гуногуни сиёсӣ ва миллатгаро барои расидан ба мақсадҳои худ методи террорро касб намуда, барои худ муассисаҳои зиёди ба таври пинҳонӣ амалкунанда, анборҳои силоҳ ва маводи тарканда ташкил намудаанд. Онҳо бо номи фирмаҳо, ширкатҳо бонкҳо ва фондҳо амал мекунанд.

Барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро қабул мекунанд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8-уми декабри соли 2003, таҳти №69: Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азхудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) – ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилотҳо ё воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона карда мешавад.

Экстремизм тамоюл ба зӯроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Инчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти эктремизм, инчунин, даъват барои мунтазам поймол ва вайрон кардани ҳуқуқи озодиҳои инсон, истисмори одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба ягон миллат ё нажод дохил мешаванд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мафҳуми терроризм чунин омадааст: Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар обектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии молу мулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмиллалии таҳти ҳимояи байналмиллалӣ қарордошта ё аъзои бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи баналмиллалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмиллалӣ содир шуда бошанд, эътироф мешавад.

Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ду намуд террор маънидод карда мешавад: якум, терроризм ба мақсадҳои сиёсӣ – яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ.

Дуюм, терроризми ҷиноятӣ – яъне гуруҳҳои ҷинояткорони муташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти мӯътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад ва шароит муҳаё месозанд барои содир кардани ҷиноят, масалан, ҷиноятҳои. трансмиллӣ, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқамандбуда ва дигарҳо. Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣ онҳо рақибони худашонро метарсонанд ва мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд.

Азбаски, ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқа доранд, ташкилотҳои террористӣ гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккилро, ки дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурӯши силоҳ ҷиноятҳои трансмиллиро истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъовар таъмин мекунанд, байни якдигар ҳамкорӣ доранд.

Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм як қатор корҳои тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки фаъолияти террористонро ҳеҷ вақт ҳимоя кардан лозим нест. Масалан, онҳо террористони покистонӣ, толибон, террористони Ирландияи Шимолӣ ва Индонезияро ҳамчун гурӯҳҳои озодихоҳ, ки барои ватан ва озодии миллат мубориза мебаранд, маънидод мекунанд. Ё худ амалиётҳои курдҳо дар Туркия ва Ироқ низ ба ҳамин раванд мансуб мебошанд. Ин албатта терроризми сиёсӣ ба ҳисоб меравад, лекин бо ин роҳ одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва зарари иқтисодии калон расонида мешавад. Барои ҳамин, терроризм аз тарафи тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ маҳкум карда мешаванд.

Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан, барои амалӣ сохтани акти террористӣ, шароит муҳаё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд.

Аммо, дар ҳарду сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳарду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад. Заминаҳои ҳуқуқиро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм дар сатҳи байнидавлатӣ ва байналмиллалӣ ҳуҷҷатҳои мухталиф ташкил медиҳанд.

Ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷинояти терроризм ва эктремизм мувофиқи Оиномаи Созмони Миллали Муттаҳид мусоидат мекунанд.

Баргузори маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Санаи 23 ноябри соли 2022 бо ташаббуси макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Шохмансури шахри Душанбе дар толори муассисаи тахсилоти миенаи умумии раками 31 мачлиси тантанави баргузор гардид. Дар кори мачлис Нурляминзода Саида муовини Раиси нохияи Шохмансур, Ато Хамдам нависандаи халкии Чумхурии Точикистон, иштирокчии Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон, хаммуалифи парчами давлатии Чумхурии Точикистон, Сафаров Сайфулло Сафарович доктори илмхои сиесатшиноси, профессор иштирок намуда, маьрузахо ироа намуданд.Сипас барои болидарухии хозирин чорабинии фарханги пешкаш гардид.