Аз 25 январ то 16 феврал барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир мегардад

 Аз 25 январ то 16 феврали соли 2021 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир карда мешавад.

Ба зикри манбаъ, барои иштирок дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки қабалан ҳуҷҷатҳои худро ба унвонии котиби Комиссияи озмунӣ – Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз руйи низоми тестӣ санҷиш месупоранд.

Ёдовар мешавем, ки  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳамасола озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳр   роҳандозӣ мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *