Коррупсия-кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсоне ба онҳо баробаркардашуда, бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонуни ба даст овардани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додаанд, таклиф ё пешкаш намудани ин неъмату бартарит ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ.
Принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия:
Мубориза бар зидди коррупсия бо бавуҷуд овардани шароити поктинатӣ барои шахсоне, ки дар сархати 4 моддаи 1 ҳамин Қонун номбар шудаанд, дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
-эътироф, риоя ва ҳимояи ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-баробарии ҳама дар назди қонун ва суд;
-танзими дақиқи ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд, қонуният шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти онҳо ва назорати давлативу ҷамъиятӣ аз болои ин субъектҳо;
-такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ ва тартибии ҳалли масъалаҳое, ки ба ҳукук ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ дахл доранд;
— эътирофи раво будани маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— баробар намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгири намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
— аз тарафи давлат муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, муқаррар намудани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба онҳо ва аҳли оилаашон сатҳи муносибати зиндагиро таъмин мекунанд;
— манъ будани ваколатдоркунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ба танзими давлатӣ ва назорат аз болои фаъолияти соҳибкорӣ;
-пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан ва рафъ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ва ё содиркарда, инчунин татбиқи тадбирҳои махсуси назорати молиявӣ;
-таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат менамоянд;
-ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ
Бо фикри том гуфтан мумкин аст, ки шахс бо даст задан бо амалҳои коррупсионӣ метавонад дар як лаҳза ҳаёти худро ба барбод диҳад. Бо ин амали номатлуб зиндагии орому осуда ва шоистаи худро ба зулмат табдил диҳад.
Бо ин гуфтаҳо ибрози он мекунем, ки ҳамеша ба коррупсия ҷавоби рад намуда, ҳалли тамоми мушкилӣ ва талаботҳои худро дар доираи қонунҳои амлакунанда иҷро намоед.