Category Archives: Хабарҳо

26 феврал дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 […]

19 феврал дар бинои Ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд. Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба маъракаи кишту кори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, созандагию […]

16 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуданд. Бо иштироки Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад […]

Санаи 16 – уми феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид. Бино ба иттилои раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи номбурда дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иқдому амалҳои хубу […]

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, на танҳо дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давдлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон назири худро надорад. Ин дар дунё ягона созмонест, ки дар ҷамъомадҳои он ҷонибҳо дар шахси роҳбарияти олии мамлакат ва намояндагони […]

9 феврали соли 2021 бо сокинону фаъолони ноҳияи Шоҳмансур дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 доир гардид. Аксҳо аз ҷараёни баргузории вохӯри:

Тибқи ҷадвали муштарак баргузор намудани вохӯриҳо дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷиҳати пурзур намудани пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари шомилшавии ҷавонон […]

Имрӯз бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои омода намудаи Раёсати кор бо ҷавононо ва варзиши шаҳри Душанбе вобаста ба расонидани мӯҳтавои Паём ба сокинон ва ҷавонони ноҳия дар толори Консерваторяи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Конференсияи ноҳиявӣ таҳти унвони «Паём роҳнамои мо ҷавонон: ҳолат ва […]

3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” дидан намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзиданд. Иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он помидору […]

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар бунёди боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” дар масоҳати 5 гектар иштирок карданд. Бино […]