Category Archives: Хабарҳо

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд. Дар чорабинӣ, ки дар доираи раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва доираи васеъ баргузор шуд, сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои […]

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

16 сентябри соли 2022 дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд. Сарони давлатҳо вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд. Президентҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба […]

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд. Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан […]

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуданд

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи устодону донишҷӯёни пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо фарорасии соли нави […]

Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар ноҳияи Шоҳмансурро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи чорабиниҳои идона ба муносибати солгарди 31-уми Истиқлоли […]

Таъиноти кадрӣ

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи […]

Ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”-ро мавриди истифода қарор доданд. Бояд гуфт, ки бинои замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 1,40 гектар […]

Боздид аз намоишгоҳҳои дастовардҳои сокинони Истаравшан

Пас аз ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии муассиса аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони Истаравшан, аз ҷумла гӯшаи маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои дастӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулоти ҳунарҳои мардумии дастӣ пешкаш карда шуд. Дар ин […]

Ифтитоҳи шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи шаҳри Истаравшани Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд. Таъкид гардид, ки бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни […]

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъалаҳо Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 ва Дар бораи дурнамои […]