Чорёри фитнагар (Пушти ҳаводиси Бадахшон кӣ манфиат меҷӯяд?)

Бар асари қонуншиканӣ, бастани шоҳроҳи Чин -Хоруғ -Душанбе, таҳдид ба Ҳукумати маҳаллӣ ҳамлаи мусалаҳона дар шаҳри Рӯшони ВАБК аз ҷониби дастаи мусаллаҳи ҷинояткор чанд соат оромии дар ин минтақа халалдор гашт. Аз паси ин гурӯҳи  марбут ба ҷинояткорони мутташаккил, наркотрафикҳо кӣ меистад? Онҳо чаро мехоҳанд оромии мардуми мардуми Бадахшонро халалдор созанд?

 

Амали “Об лой кардану моҳӣ қапидан” хоси касонест, ки дасту дили пок надоранд. Замоне, ки давлат дар роҳи ҳимояи манфиатҳои мардуми оддӣ қарор дорад, зина ба зина қудратманд мешавад, чунин касону чунин гурӯҳҳо чун моҳии ба соҳил афтода дар такопӯй ва талоши ҷон меафтанд. Гурӯҳи мутташаккили ҷинояткори марбут ба Хоруғ, ки солҳост зери домони занону сокинони бартанг, зери фишори ҷинояткори аршад Боқир қарордошта, лаҳза ба лаҳза дарк мекунад, ки умрашон ба охир расидааст. Барои дароз кардани умри худ ӯ ҷинояткорон, интиқолдиҳандагони маводи мухаддир, ҷудоихоҳонро атрофи худ ҷамъ намуда, хост осудатарин осудагии шаҳри ороми Рӯшонро ноором созад. Албатта бо ёрии хоҷагони хориҷӣ ва қувваҳои исломие, ки дар хориҷа мустақар гаштаанд. Албатта бо кумаки онҳое, ки оромии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро халалдор созанд.

Як дастаи ҷинояткор бо роҳбарии Ғуломҳайдаров шоҳроҳи Душанберо бастанд, ва дар теппаи Вомар дар баландии 300 метер мусаллаҳ бо АК, пулемёт ва дигар силоҳҳои ҷангӣ шинак гирифтанд. Замоне ки қувваҳои    мусаллаҳи дар горнизони Рӯшон ҷойгирифта хостанд роҳро кушоянд, ҳаракати мошинҳои боркашро таъмин кунанд, сӯи онҳо оташ кушоданд. Аввалин қурбонии ин ҷанг афсари “Алфа” Файзалӣ Ҷабборзода  буд. Дар натиҷа одамон аз ҳар ду тараф кушта ва маҷруҳ шуданд. Албатта имкон дошт ин задухурди мусаллаҳонаи чандсоата рух надиҳад. Вале дасту дилҳои сиёҳе, ки бо роҳи худро дилсӯзи мардум нишон додан, мехостанд ононро ба шӯр андозанд,  манфиати молиявию «очко»-и сиёсӣ ба даст оваранд, ба ин манфиатдор буданд.  Мутаассифона, инҳо нафаронеанд, ки зодагони минтақа ҳастанд, вале мақсадашон осудагии мардум не, балки иҷрои супориши хоҷагон, дароз кардани умри гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноӣ буд. Алим Шеразмонов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбахш Холбахшов, Улфатхонум Маҳмадшоева аз ин ҷумлаанд.

Ҳанӯз нимаи авали моҳи майи соли  ҷорӣ сакардагони фарории ТТЭ ҲНИ, дар расонаҳо  изҳор намуда буданд, ки  қаноти ҳарбии худро таъсис намудаанд ва минбаъд, ба хотири расидан ба қудрат аз он истифода хоҳанд кард. Далелу санадҳои ба даст омада аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин қанот, шохаи ҷангии дарназардоштаи наҳзатиён бо истифода аз харитаи минтақа дубора онҳоеро ҷамъ оварданист,  ки собиқ дар ҳайатҳои ҷангии неруи мухолифин аз минтақаи Бадахшон  буданд ва тавассути онон  бетартибуву нооромӣ дар Бадахшон роҳандозӣ мекунанд.

Мусаллам аст, ки Алим Шеразмонов узв ва яке аз сарварони ҳизби терористии наҳзат аст, ки солиёни дароз то замони амалкарди ин ҳизб дар дохили кишвар маблағҳои зиёдеро аз сарпарастони ин ҳизб дастрас намуда, ба манофеъи худ истифода намуд ва афкори муғризона ва бешарафонаи ин ҳизбро ба мардум таблиғ намуд. Чун ба ҷиноёти террористӣ даст дошт, кишварро тарк намуд ва дар Аврупо паноҳ бурд. Пас аз ба Аврупо рафтан низ ба фаъолияти наҳзатии худ идома дода, ҷиҳати дарёфти маблағ ва мақом боз ҳам ба бадгӯиву тавтеапардозӣ дар нисбати мақомоти давлатӣ машғул аст. Воқеан ӯ як бозичае дар дасти сарварони фарории наҳзатӣ аст, ки ҳамеша тавассути ӯ мехоҳанд харитаи Бадахшонро  барои ноором сохтани авзои Тоҷикистон истифода намоянд. Дар ҳаводиси ахир низ ӯ таъсир  дорад ва далелҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки яке аз ҳамоҳангсози ҳаводиси охир дар Рӯшон мебошад.

Нафари дигаре, ки дар ҳаводиси ахир омили ин бадбахтӣ шуд, Холбахш Холбахшов аст, ки номбурда ҳанӯз дар нооромиҳои солҳои 90 уми қарни гузашта даст дошта, ҷиноёти зиёде содир намуда буд. Пасон авф гардида, ба ҳайси афсар пазируфта мешавад ва дар қувваҳои сарҳадӣ фаъолият намуда, то дараҷаҳои генералӣ мерасад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз ҳамон дӯстони манфиатҷӯи собиқаш даст накашида ва аз афкори зиддиинсонии онҳо ибрат нагирифта, дубора бо онҳо созиш намуда, мардумро ба нооромӣ даъват менамояд. Тибқи маълумотои расида муддате дар Хоруғ бо Мухамадбоқир низ якҷоя фаъолият намудааст.

Ҳамин тавр, нафари дигаре, ки ҳамеша тавассути иғвоангезӣ манфиат ба даст меоварад ин  Мамадшоева Улфатхонум аст. Номбурда солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фаъолони Шурои сиёсии мухолифин ба ҳисоб рафта, ҳанӯз он замон дар майдонҳо баромад намуда, худро ҳамчун як «дилсӯз» -и миллат нишон медод, ки дар асл ҳадафаш манфиатбардорӣ будаасту халос. Дар идомат низ бо роҳи гирифтани маблағҳои пулӣ аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ (хориҷиҳо), аз ҷумла «Фонди СОРОС», ва ғайраҳо, нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои иғвоангезона ва бадномкунанда чоп мекард. Амалкардҳои ахири он дар қазияи Бадахшон нишон додаанд, ки мавсуф муддати мадиде то оғози амалиёт дар минтақа ҳузури шубҳаовар дошт ва бо ои бархурд худро ба Душанбе расонид то аз об хушк барояд. Чунин ба назар мерасад  то ҳол аз фаъолияти тахрибии худ нисбат ба сохти конститутсионии ҶТ даст накашида, дар шабакаҳои ичтимоӣ (бахусус Фейсбук) ва дигар сомонаҳои интернетӣ ба чопи маводҳои иғвоангез машғул мебошад. Як нукта қобили зикр аст, ки Улфатхонум собиқ бо Холбахш Холбахшов зиндагониии муштарк доштанд ва ҳар ду дар солҳои 90 ум аз фаъолони мухолифин буданд.

Хамин гуна манфиатхоҳони дигаре дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ тавассути расонаҳо ҷиҳати ба шӯр овардани мардум ба дурӯғпардозӣ машғуланд. Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду нафари дигар, ки аз назари табаият ва тарзи зиндагиву ахлоқӣ ба Мамадшоева Улфатхонум ва Холбахш Холбахшов хеле монанд ва то андозае иртиботи дустӣ доранд, Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова мебошанд. Онҳо чорёроне ҳастанд, ки ҳадафашон ҷуз тахрибкорӣ чизи дигаре нест. Онҳо манфиатҷӯёнеанд, ки ҳар замон бо тағйири авзо об лой мекунанду моҳӣ меқапанд. Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова, ду ҷуфти ба ҳам мувофиқ замоне дар расонаҳои Тоҷикистон фаъолият дошанд ва ҳарфу ҳиҷояшон дигар буд. Ҳоло пайваста пайи дурӯғу тавтеа машғул буда, худро мусичаи бегуноҳ меҳисобанд ва мақомотеро, ки дар роҳи ҳифзи амнияти мардум ва якпорчагии кишвар қарор доранд, дар ин ҳодисаҳо муқассир медонанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар лаҳза хабарҳои иғвоангез роҳандозӣ мекунанд. Онҳо пайи дарёфти ҳақиқат набуданд ва нестанд. Онҳо намегӯянд, ки як гурӯҳ ҷавонон чи гуна ба гирдоби гурӯҳҳои ҷинояткор афтоданд, силоҳ ба даст гирифтанд. Онҳо намегӯянд, ки кӣ ва барои чи ба онҳо 300 доларӣ тақсим намуд? Аввалин тирро дар баробари неруҳои ҳукуматӣ кӣ кушод ва афсари тоҷикро кӣ ба  ҳаллокот расонид. Онҳо нисбати  тавассути расонаҳо аз мардум даъват ба амал овардани мақомот, ки ҷавонон ба  гуруҳҳои ҷинояткор напайванданд, ҷони худу дигаронро дар хатар нагузоранд, хомӯшӣ ихтиёр кардаанд.

Қаблан, яке дар Радиои Озодӣ ва дигаре дар расонаи дигари аврупоӣ фаъолият доштанд ва ҳарду аз кор ронда шуданд. Холо ба хотири ба даст овардани манфиат, яъне чанд пули садақа ба дурӯғпардоз машғуланд.

Асноди ба дастомада нишон медиҳанд чанд нафар иғвогари манфиатхоҳ, ки барояшон ба ҷуз киссаашон чизи дигаре муҳим нест, аз зодаи минтақа будан истифода намуда, мардумро гумроҳ месозанд. Баро чунин касон  арзишу муқаддасоти миллӣ, сулҳу оромии мардум  вуҷуд надоранд. Онҳо касонеанд, ки аз назари ахлоқӣ ва муносиботи хонаводагиву иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ зиндагонии солим надошта, нафарони номуваффақ ва дорои уқдаҳои равонианд. Аз самимияту соддагии мардум истифода намуда, бо роҳи тавтеаву дурӯғандозӣ мехоҳанд вазъро ба ҳам зананд ва аз ин роҳ пулу сармоя ба даст оваранд. Мардуми шарифи Бадахшон ва тамоми табаияти кишвар бояд бидонан, ки ин нафарони ноком, ки натавонистаанд, аққалан барои хеш як зиндагии солим созанд, чӣ гунна метавонанд дигаронро хушбахт намоянд ва ононро саодатманд созанд. Аз ҷониби дигар инҳо аз номи Бадахшон суистифода менамоян ва ҳадафашон ободиву осоиштагии мардум нест. Ҳадафашон даромадҳои шахсияшон аст. Бояд ҳар фарди солимфикр баяндешад, ки кишварро танҳо аз рохи сулҳу салоҳ ҳамдигарфахмӣ ва амал кардан дар доираи манфиатҳои миллӣ метавонем обод созем ва ба саодати рӯзгор бирасем. То ба имрӯз тамоми корҳои сазандагиву бунёдкорие, ки дар кишвар ва аз ҷумла дар Бадахшон шудаанд ин ҳама натиҷаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ аст. Рушди оянда низ  осоиштагӣ ва сулҳу салоҳи пойдори кишвар вобаста аст.

Умри дурӯғ кутаҳ аст. Тавтиъакор ҳаргиз ба манзили мурод намерасад!

 

Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии АМИТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *