«ДУШАНБЕ-ГАНҶЕ ДАР ҚАЛБИ ОСИЁ». Таҳти чунин унвон барои эҷодкорон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

 Бахшида ба пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Озмуни ҷумҳуриявии «Душанбе- ганҷе дар қалби Осиё» эълон менамояд.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун олимону адибон, рӯзноманигорон, сокинони пойтахт ва он нафароне, ки қобилияти эҷод кардан доранд, иштирок карда метавонанд.

Инчунин сокинони дигар минтақаҳои мамлакат ва сайёҳони хориҷӣ низ метавонанд бардошти худро пас аз тамошои шаҳри Душанбе ба унвони почтаи электронии javonontj@mail.ru пешниҳод намоянд.

Маводи пешниҳодшаванда бояд фарогири дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Душанбе зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои мондагори шаҳрдори ҷавони мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар роҳи ба шаҳри орзуҳо табдил додани шаҳри Душанбе бошанд. Мақолаҳо бояд дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 пешниҳод карда шаванд.

Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро аз 20 январ то 20 август пешниҳод намоянд. Ғолибони озмун дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Бояд гуфт, ки барои ғолиби ҷойи аввал  телевизори плазмавӣ, барои ҷойи дуюм  ноутбук  ва  барои ҷойи сеюм планшет пешбинӣ шудааст.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *