Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ, демократӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид шуда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар мекард.
Ҳамчун давлати тозаистиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30-солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил мекунад, дар баробари дигар мамлакатҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.
Мардуми кишвари мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва мавқеи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар кард, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Зеро мамлакати мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдевори Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ намудан, аз байн бурдан ва несту нобуд сохтани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.
Дар ҷаҳони муосир равишҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як мамлакат ва ё як минтақа, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои дунёи имрўза тамоюли паҳншавиро дорад, экстремизм ва терроризм аст, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гаштааст. Ҳарчанд падидаҳои номатлуби ҷойдошта мавҷуди ин давру замон нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо намудааст.
Дар айни замон ва дар оянда низ экстремизм ва терроризм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб донистааст. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои экстремистӣ ва террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.