«ХУШҲОЛИИ ЯТИМОН ИН ХУШҲОЛИИ МОСТ!»

1.09.2021
Санаи 1 сентябри соли равон дар ҳошияи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба аёдати кӯдакони ятими Мактаб-интернати шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав рафтанд.
Зимни аёдати кӯдакон Раиси Кумита аз пуштибонии пайвастаи давлату Ҳукумат хоса, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кӯдакони ятиму бепарастор зикр намуда, ба онҳо дар ҳошияи ин ғамхориҳои беназир либосҳои мактабӣ тақдим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *