Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки Хонов Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гулаҳмадзода Зулфиор Аҳмад- Раиси Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Билол Иброҳим Раиси ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди аъзоёни ташкилот ва ҳизбиён ҳисобот дода, аз дастовардҳои даврони истилолияти мамлакат, пайкори созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирӣ ва кӯмак ба ниёзмандон, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва амсоли ин ҳисобот доданд. Дар музокира ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид. Сипас раёсати ташкилот, раис ва муовини ӯ, масъулини комиссияҳои ҷамъиятии назди ташкилот бо пешниҳод ва овоздиҳии якҷоя интихоб гардиданд.
Сипас Хонов Абдураҳмон — Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ суханронӣ намуда, оид ба татбиқи Барномаи ҲХДТ, дастгирии ҳадафмандонаи сиёсати созандаи раиси муаззами ҲХДТ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, ҳамбастагиву ҳамовозии созанда дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расонидани фардеро, ки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад ҳарф заданд.
Бобати тақвияти фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳибӣ тавсеаҳододанд.
Сипас як гуруҳ ҷавононе, ки иродаи сиёсии худро муайян карда, ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар лаҳзаи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҲХДТ дода шуд ва фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.



