Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад:

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии

КДАМ ҶТ хабар медиҳад:

28-уми апрели соли 2021, соати соати 16: 00 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар байни шаҳрвандони ҶТ ва ҶҚ муноқишаи сарҳадӣ рух дод. Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст.

Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд.

        Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ

https://khovar.tj/2021/04/markazi-matbuoti-shun-oi-sar-adii-kdam-t-habar-medi-ad-5/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *