Минтақаҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои рушди иқтисодии кишвар буда, таи солҳои охир бо суръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои меъроси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табии буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеи дорад. Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест табиати бою сарватҳҳои бебаҳо дошта, қисми зиёдашро балантарин қаторкуҳҳо ишғол карданд.
Кишвари мо бо чашмаҳои шаффоф , гарму табобати ва олами растаниҳои шифобахш дар тамоми олам машҳур аст. Дар қаламрави кишвар зиёда аз 200 чашма аз ҷумла 40 адад чашмаи гарм, 2 ҳазор намуди растаниҳои шифобахш мавҷуданд. Инчунин Тоҷикистон бо шароитҳо махсуси иқлимаш аз дигар мамлакатҳои ҳамсоя фарқ мекунад. Ғайр аз ин мардуми тоҷик таърихи тамаддуни ниҳоят бой дошта, минтақаҳои зиёди таърихи дар сарзамини муосири Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Инчунин хусусиятҳои хоси минтақавии релеф, шароитҳои гуногуни табии ва мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ имконият медиҳад, ки ҳарчи зиёд ба кишвар сайёҳонро ҷалб намоем.
Маннонов Ш.