Тавре ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир давлатҳои абарқудрат барои дастгирӣ ва таъсисёбии ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ дар ҷаҳони ислом маблағҳои беандоза сарф мекунанд. Таърих собит сохт, ки фаъолияти ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ягон вақт ба манфиати мардуми оддӣ нест.
Ташкилоти экстремистӣ — террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, фитнаҷӯ ва ҳаммаслакони сиёҳкораш доимо ба ҷомеа зарар расонда, ҷавононро гумроҳ месозанд. Ҳамчунин, ин қотилон бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои “бародарон”-и аҷнабии тоҷикситезашон бешармона боз як созмони ҷангҷӯ бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд, ки дар асл ин паймони зиддимиллӣ мебошад.
Тоҷикистон дар интиҳои асри XX бо кӯшишҳои баъзе қувваҳои носолим, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иртиҷоӣ ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Ҷанг боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардид. Хушбахтона, тавассути заҳматҳои Сарвари давлат ва кормандони мақомотҳои қудратии кишвар имрӯз тамоми мардум сарҷамъ ва дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагӣ доранд.
Дар баробари ин, мутаассифона, то ҳол ташкилотҳое фаъолият доранд, ки мехоҳанд, бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи кишварро халалдор намоянд. Пӯшида нест, ки тариқи расонаҳои хабарӣ, яъне бо усули муборизаи иттилоотӣ душманони давлату миллат суханпартозӣ менамоянд. Бо мақсади паст задани мавқеи давлати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани Ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта, аз ҷониби ташкилоти террористӣ – экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом мунтазам ба назар мерасад.
Ҳарчанд ашхоси номбурда зодаи Тоҷикистонанд, вале дар асл муносибати дурушт бо Ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблианд, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик сиёҳ кунанд. Ҳарчанд саркардаи фирории ташкилоти экстремистӣ — террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони гурезааш вобаста ба ҳар воқеае изҳороти нодуруст медиҳанд, тамоми сокинон ва бошандагони мамлакат аз хурд то бузург аз ҳақиқат огаҳанд ва ин амалҳои палидони наҳзатиро шадидан маҳкум месозанд. Саркардаи фирорӣ ва дигар аъзоёну тарафдорони ташкилоти экстремистӣ — террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ҳаргиз ба мақсадҳои нопокашон нахоҳанд расид.
Маҳмудов Орзубек