Шуҷоату мардонагии тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

9-уми май тибқи Конуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи ғалаба эълон гардида, дар Чумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза мебурданд, аз ҷумла ҶБВ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо – Каҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Карабоев, Ходӣ Кенҷаев, Сафар Амиршоевич, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Исмоил Хамзаалиевич, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони Тоҷикистонро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои ҶБВ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кучаҳову майдонҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе Боғи Галаба номгузорӣ шудааст.

Гулмуродзода Қ.Г.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *