Ман ҳамчун як шаҳрванди ТОҶИКИСТОН, ки онро метавон мамлакати дӯстӣ, мамлакати озодӣ, мамлакати сулҳу субот ва мамлакати биҳиштосо номбурд мехоҳам қатрае аз баҳр ободии ватанро сухан кунам. Созандагиву бундёкорӣ бо талошу меҳнатҳои халқи бузурги Тоҷикистон моро ба ҷаҳониён хуб шинос намуд. Бунёди корхонаҳои наву замонавӣ барои таъмин намудани аҳолии бекор бо ҷои кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум хуб ба назар мерасад. Шабу руз дар оромиву осудагӣ мардум умр ба сар мебаранд. Кӯдакону наврасон ба дилхох муассисаҳои томактабиву мактабӣ новобаста аз шакли мансубият таҳсил намуда истодаанд. Ҷавонон дар дилхоҳ макотиби олии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд. Дар бораи ободи метавон ҷилдҳо навист вале…
Имрӯз шахсоне, гуруҳҳое пайдо шуданд, ки ин ҳама неъматро чашми дидан надоранд. Бо ҳаргуна фитнаю фиреб иғвоангезӣ намуда, мехоҳанд оромиву сулҳу суботро нест намоянд. Бо ҳар гуна роҳу восита мардумро ба шур андохта, мехоҳанд мамлакатро ба парокандагӣ ва миллатро ба нестӣ баранд.
Мардуми калонсоли мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хуб ба ёд доранд. Ҷанге, ки бародарро ба бародар, падарро ба писар душман намуд. Хонаҳои аксарияти мардуми тоҷик хароба шуда, ҳазорҳо кудакон ятим гаштанд.
Пас биёед ҳама аз як гиребон сар бароварда бар зидди хоинон мубориза барем. Ба ваъдаҳои дуруғи онҳо бовар накарда, барои рушду нумуи ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Гулмуродзода Қ.Г.