Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогариву дасисабозиҳои сиёсии беасосу бемояи бадхоҳону хоинони миллат – роҳбарони гуруҳҳои тундрав, ба монанди ТЭТ ҲНИ пахш мегарданд, ки ақидаҳои дурӯғини худро ба сари мардуми тоҷик таҳмил кардан мехоҳанд. Бо истифода аз вожаи муқаддаси «ислом» бо роҳи фишор овардан ба ирода ва зеҳни мардум ҳадаф доранд, ки нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохти конститутсионии давлат ва арзишҳои миллӣ эҳсоси нобовариро ба вуҷуд оранд. Давлатҳои абарқудрат аз нигоҳи ҷуғрофиёи сиёсӣ бо ҳадафҳои худхоҳона ва дурнамои хеш лоиҳаҳои зиёдеро тарҳрезӣ намудаанд, ки барои аз байн бурдани аксари миллату халқиятҳои дунё аз ҳар восита кор мегиранд, бахусус тавассути мухолифини ин давлатҳо. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакани ӯ низ аз он ҷумлаанд, ки бо супориши чунин хоҷагони хориҷиашон аз тамоми усулу васоит истифода бурдан доранд, то байни мардум иғво ангехта, вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноором ва худро чун «мусалмонони боадлу инсоф» ҳомиёни адолати иҷтимоӣ ангоранд. Шояд онҳо дарк нанамоянд, ки ҳадафи аслии ин «хоҷаҳо» чист. Ин тоифаҳо аз куҷо медонанд, ки сулҳу ваҳдати Тоҷикистон бо чӣ уқубатҳо ба даст омадааст? Аз масофаи ҳазорҳо километр дур тариқи садову симо иғво ангехтану сабукфикронро ба доми найранги худ афкандан кори саҳл аст. Вале кишвареро, ки душманонаш мехост онро ба арсаи муноқишаҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ табдил дода, валангор созад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангдидаву харобшуда созишу ризоияти тоҷиконро фароҳам оварад. Бо шарофати ӯ сулҳу истиқрор дар Тоҷикистон пойдор гардид ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро «Ваҳдат» унвон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар марҳилаи осоишу амният ва созандагию бунёдкорӣ ба сар мебаранду ин нохалафон теша ба ин реша задан доранд.
Имрӯзҳо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар самти ҳифзи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ эътироф намудаанд ва ин ибтикори бузурги фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки қадамҳои устувору бузург дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегӣ – ба даст овардани истиқлолияти энергетикиро дорад ва садҳо созишномаҳои шарикии стратегиро бо дигар кишварҳо ба имзо мерасонад, ҷиҳати баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро ҳадафҳои олии худ эълон менамояд, ҳазорҳо пулу роҳҳо, иншооти хизматрасонию солимгардонӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустии муосир сохта, ба истифода медиҳад, арзишҳои маънавию фарҳангии миллатро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд! Пешвои муаззами миллат аст, ки эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро вусъати тоза бахшидааст! Ва ин рӯйхатро дурудароз метавон идома дод. Вале хоинони миллат, ки такя ба ғояҳои миллӣ надоранд, дастовардҳои Тоҷикистонро нодида мегиранд, принсипҳои дунявиятро таҳқир месозанд ва неруҳои ҷавону ҳанӯз нопухтаро бар зидди Ҳукумат мехезонанд, гуфтаниям: Боре ба худ суол диҳед, ки барои пешрафти Тоҷикистон худи шумо чӣ кор кардаед? Дар меҳробу минбар «ҷилванамоӣ» кардану ақидаҳои бардурӯғу иғвогаронаи худро ба сари мардум таҳмил додан камоли ноҷавонмардист! Иқрор оед, ки шумо барои ин миллат дар амал коре карда наметавонед, ба ҷуз аз дур тӯҳмату иғво ангехтан! Мо бо чашмони кӯдакона даҳшати ҷанги солҳои 90-умро дидаем ва намехоҳем, ки фарзандонамон дуду алангаи ҷанги хонумонсӯзро бинанду бо ашки тарс рӯй бишӯянд! Оё медонед, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори сулҳу амният дар тамоми ҷаҳон аст? Пас, диққат диҳед ба гуфтаҳои ӯ:
«Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист… Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд».
Ва оё медонед, ки Пешвои муаззами миллат дар ҷавоб ба амалу кирдорҳои шумо чӣ ҷавоб додаанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед:
«Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд».
Мо низ, ба гуфтаҳои Пешвои миллат сад дар сад розием ва гуфтанием, ки сулҳу субот ва оромиву пешрафти Тоҷикистони азиз бароямон волотар аз ҳама чиз аст!
Шуъбаи ташкили кор бо кадрҳо
дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур.