18.07.2022. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо роҳбарии Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Билол Иброҳим ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шоҳмансур дар нимаи аввали соли 2022 доир гардид,
Дар ҷамъбасти шаш моҳи аввали соли 2022 муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории дастгоҳ, мудирону директорони мактабу боғчаҳо ҳузур доштанд.
Дар идомаи маҷлис муовини якуми Раиси ноҳия, ва дигар муовинон ҷамъбасти шаш моҳи аввали соли 2022 ҳисобот доданд.
Дар ин бобат Раиси ноҳия ҷиҳати таъмин намудани сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар самти нигоҳдории роҳҳо, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, пешгирии сохтмонҳои худсарона дар ноҳия, вусъат бахшидани корҳо дар роҳҳо ва омодагӣ дидан ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии кишвар, пешгирии савдои кӯчагӣ, таъмин намудани нигоҳубини дарахтон, гулҳо ва буттаҳо, омода намудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас доданд.