Истиқлол

Search
Search

ҶАВОНОН ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Калимаи терроризм ё террорист ҳама дарк мекунанд ва солҳост, ки бо амалҳои даҳшатафканӣ ҷомеаи ҷаҳон ба мубориза баромадааст. Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар таъмини амнияту осудагӣ ва бехатарии сайёра масъул мешуморад ва тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин падидаҳои номатлуб равона месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистонбаъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо дахолати нерӯҳои манфиатҷӯ ва бадхоҳони миллату давлат ба ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХI аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, радикализм, хариду фурӯши силоҳ, одамрабоӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дучор гардид ва дар кӯтоҳтарин муддат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин намуди ҷиноятҳоро маҳкум карда, оқибатҳои харобиовари онҳоро хуб дарк намуд.

Тоҷикистон, ки дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ қарор дорад, дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгирии тавсеаи терроризм ва экстремизми динӣ ба қаламравӣ онҳо ҳамчун сипар истодааст.

Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ занону кӯдакон ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мебошад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарҳои зиёдеро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, хисороти зиёдеро ба буҷети кишварҳо ворид месозад.

Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

БОБИЕВ ҶАЛОЛИДДИН ШЕРАЛИЕВИЧ

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон