АЗ ФИТНАИ ХОИНОН ҲАЗАР БОЯД КАРД.

Тинҷию оромӣ ва ободкорӣ аз беҳтарин ам­алҳо ба ҳисоб рафта, фасодкорию рахна андохтан ба тинҷию оромии халқҳо аз бадтарин сиёсат мебошад. Афсус дар баъзе мамлакатҳои Аврупо, ки худро ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянду даъво мекунанд, ки онҳо зидди терроризм мубориза мебаранд аммо дар асл бошад гуфтаашон ба амалашон рост намеояд. Роҳбарони баъзе аҳзоби ғайриқонунӣ, монанди ҳизби наҳзати ислом, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шудааст, дар байни одамон нооромӣ ва ихтилофҳоро ба вуҷуд меорад дастгирӣ мекунанд. Ин хоинон аз онҷо истода бо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мафкураи баъзе ҷавононро заҳролуд мекунанд, афсӯс ҳатто баъзе ходимони дин ба фиребу найранги ин хоинони миллат аз рӯи ҷаҳолат фирефта мешаванд,мисоли он чуноне,ки дар матбуот нашр гардид ҳамкорӣ ва мукотабаи имом хатиби масҷиди ҷомеи Ҳоҷӣ Абдулғаффори ш. Кӯлоб ғ Муҳаммадсодиқ Саидов бо мудири сомонаи экстремистӣ эълон шудаи «Ислоҳ» Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.
​Муҳаммадсодиқ Саидов аз рӯи маълумотҳ­ои ба нашр расида боздошт шуда аст,агар ин имомхатиб дидаву дониста бо ин террористон ҳамкорӣ карда бошад хатои маҳз карда аст, ӯ бояд фикр мекард, ки бо ҷинояткор дар роҳи ҷиноят ҳамкорӣ кардан ҳам ҷиноят ва хиёнат ба ватану миллат аст.
Вақто, ки имомхатиб ба сомонаи ҷинояткорон даромад оё аз шахсияти Муҳаммадиқболи Садриддин бехабар буд? Агар бохабар бошад чаро хиёнатҳои ӯро ба ӯ нагуфт? ба ҷои он ҳамкорӣ кард? Оё ин домулло аз маънои ояти 2­юми сураи Моида бехабар аст, ки Парвардигори олам мегӯяд: Ба накӯкорӣ мададгор бошед! ва ба гуноҳу(ҷиноят) душманӣ дасти мадад дароз макунед», оё намедонад, ки ин хоинон аз ҷумла Кабирию Муҳаммадиқбол ба ватан ва миллат хиёнат кардаанд ҳеҷ вақт ба ин мулло садоқат надоранд фақат фиребаш мекунанду халос, ҳатто аз ин ҷумла умматони хиёнаткорон Пайғамбар алайҳис салом безор ҳастанд, зеро дар ҳадиси муборакашон мегӯянд «Хиёнаткор аз уммати (ҷумлаи) мо нест» Имрӯз ҳар фарди ватандӯст, аз ҷумла ходимони дин бояд ба миллату ватани худ содиқ бошанд, фирефтаи фитнаи ватанфурушон набошанд,мувофиқи ҳадиси шариф «Дӯст доштани ватан аз имон аст » ватани худро дӯст доранд.
                                                                                                                            Ҳайдаров С.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *