Баргузор намудани вохӯриҳо дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба пешгири намудани ҳолатҳои коррупсионӣ

Тибқи ҷадвали муштарак баргузор намудани вохӯриҳо дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷиҳати пурзур намудани пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстреместию террористӣ, фуруш ва муомилоти маводи мухаддир ва иҷрои талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар давоми соли 2021 санаи 5 феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 бо ҷалби сокинони маҳаллаҳои Роҳи нав, Я.Афзалӣ, Улуғбек, Гастелло, гузаронида шуд, ки дар маҷлис ҳузур доштанд муовини якуми Раиси ноҳия намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва дигар сохторҳои марбута. Ҳаряки инҳо нисбати мавзуҳои болозикр маърузаҳои худро пешкаши ҳозирин гардонданд.
Аксҳо аз ҷараёни баргузории вохӯри:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *