Тибқи ҷадвали муштарак баргузор намудани вохӯриҳо дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷиҳати пурзур намудани пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстреместию террористӣ, фуруш ва муомилоти маводи мухаддир ва иҷрои талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар давоми соли 2022 санаи 16 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71 бо ҷалби сокинони маҳаллаҳои Ховарон, Зебуниссо, минтақаи 13, 14,15, гузаронида шуд, ки дар маҷлис ҳузур доштанд муовини якуми Раиси ноҳия намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндаи камисарияти ноҳия, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия ва дигар сохторҳои марбута. Ҳаряки инҳо нисбати мавзуҳои болозикр маърузаҳои худро пешкаши ҳозирин гардонданд.
Аксҳо аз ҷараёни баргузории вохӯри: