ДОШТАНИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ ШАРАФ АСТ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «Соҳиби давлати миллӣ гаштани мо ва таваҷҷуҳи хоса доштан ба низоми давлати миллӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи дигар миллатҳоро надорад. Зеро давлати миллӣ барои мо воситаи ҳифзи фарҳангу забони миллӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар яки мову шумо баҳисоб меравад.

Миллати тоҷик роҳи бунёди давлати миллиро дар доираи принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш гирифт. Асоси давлати миллиро пеш аз ҳама инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ, ҳамгироӣ, муносибати неки ҳамбастагӣ бо давлатҳои дигар, созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини зиндагии шоистаю арзанда баҳри онҳо, волоияти қонун, ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ, эҳтиром ба эътиқоди мардум ташкил менамояд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Вобаста ба ин, низоми давлатдории кишвар дар шакли демократӣ бунёд гардидааст ва халқ сарчашмаи асосии ҳокимият баромад менамояд. Аммо дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби насли ҷавони кишвар бисёре аз паҳлӯҳои демократия, ки созгор ба арзишҳо ва манфиатҳои миллии мо нестанд, қабулу тарғиб мегардад ва дар зери мафҳуми демократия озодии мутлақ фаҳмида мешавад.
Дар ин замина, мо бояд демократияи миллиро ба ҷавонон омӯзем ва тарғиб намоем. Демократияи умумиҷаҳонӣ ва ё ба қавле Ғарбӣ на дар ҳама самтҳо ва паҳлӯҳо ба урфу одат, расму оин, фарҳанг ва ҳувияти миллии мо созгор аст, ки метавонад дар оянда дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ хатар эҷод намоянд.
Агар ба маънои маҷозияш гӯем, бешазоре, ки фазояш барои гургону шағолон мувофиқ аст, ин маънои онро надорад, ки фазои он бешазор барои шерон низ мувофиқ бошад. Аз ин рӯ, мо бояд демократияи миллии худро дошта бошем.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ, меъёрҳои ахлоқи миллӣ, ки яке аз восита ва рукнҳои таъмини субот ва ваҳдат дар ҷомеа маҳсуб меёбанд, бо дарназардошти он, ки иҷроишашон ихтиёрӣ мебошад, дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби ҷомеа, махсусан ҷавонон риоя намегарданд. Дар ин ҳолат эҳтиёҷ ба чораи маҷбурсозии қонунӣ зиёд мегардад ва меъёрҳои ахлоқӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил дода шуда, дар қонунгузорӣ ҷой дода мешаванд ва иҷроишашон ҳатмӣ мегардад.
Чихеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мо имрӯз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорем. Дар ин давраи тақдирсоз осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон неруи бузург ва созанда мебошанд.
Ақидаҳои бузургони миллат дар ҳар давру замон, бахусус дар даврони ташаккули рӯҳи озодиву истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳиро дар худ таҷассум намудаанд. Тӯли 30 — соли Истиқлоли давлатӣ исбот гардид, ки ин сиёсат ва ин роҳи пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан дуруст буда, танҳо манфиати мардумро ҳимоя менамояд ва ҳадафи ниҳоии он таъмини зиндагии шоистаю арзанда барои тамоми сокинони кишвар мебошад. Роҳи ояндаи ин сиёсат сохтани давлати ҳамаҷониба рушдкардаи миллӣ мебошад, ки аз мардуми шарифи Тоҷикистон муттаҳидӣ ва ягонагиро дар зери ин сиёсат ва Парчами миллӣ талаб менамояд.
Мо ҷавонон ва мардуми кишвар бояд тафаккури созандаи худро беш аз пеш рушд дода, хаёлпараст нагардем ва фирефтаи тарғиботҳои обурангёфтаи хоинону бадхоҳони миллат нашавем. Ба раванди давлатдорию давлатсозӣ бо чашми хирад нигарем, на ба он чашме, ки хоинон менигаранд.
Аз гузаштагон ва Пешвои муаззами миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ватандорӣ омӯзем ва дар роҳи пурифтихору бошарафи давлатсозӣ бетараф набошем ва агар қудрати созандагӣ надорем, пас монеа нашавем. Мо абадан бояд дарк кунем, ки муқаддастарин рисолати инсон ватансозию ватандорист.
                                                                                                                        УМАРЗОДА А.С

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *