Хиёнат: ошкори амалҳои гаравгонирӣ, ваҳшоният ва харобкориҳо Терроризим ва экстремизм, мафҳуми ин ду вожа аллакай дар сар то сари олам ва дар ақлу заковати ҳар як инсони солимфикр бо даҳшат, ҷойгузин гардидааст.

Пас аз тамошои идомаи филми ҳуҷатии «Хиёнат», яъне қисмҳои 4-ум ва 5-уми филм бори дигар нафаратат  нисбат ба он хоинони миллат бештар мегардад. Зеро дар ин филм паҳлӯҳои дигари кирдору амалҳои зишти аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ба намоиш гузошта шудааст. Солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо дар Тоҷикистон як қатор силсилакушторҳоро анҷом доданд, ки ҳатто пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ идома ёфт. Ин ҳама баёнгари он аст, ки ин собиқ ҳизби террористӣ-экстремисти ҲНИ бо фаъолиятҳои зиддиинсонии худ ҳазорон хонандагони тоҷикро аз саробони оилаву аз ҷигирбандон маҳрум намудааст. Амалҳои террористии наҳзатиҳо, ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнат ва ҷафоест, ки аз тарафи ин гурӯҳ содир шудааст. Имрӯз роҳбарони фирории ТЭТ ҲНИТ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд,  худро инсонҳои мутамаддин нишон дода, гумон мекунанд, ки аъмалҳои зиддиинсонияташон ба фаромушӣ рафтааст. Тавре дар филми хиёнат дида мешавад,  дар соли 1995 ба таври дастаҷамъӣ қатл кардани сарбозони нерӯҳои марзбони Русия, соли 1997 ба қатл расондани намояндагонӣ ҳайати Созмони Милали Муттаҳид, ин ва дигар намояндагони милатҳоро низ ҳам чашми дидан надоранд. Дар идомаи ин филм дида шуд, ки шахсони ба ақидаи онҳо зид буда ва ҳатто мардумони бегуноҳро дар бочкаҳо зиндонӣ карда, охир онҳоро ба таври ваҳшиёна қатл мекарданд. Ин амалҳои нафратангези наҳзатиҳо соли 1992 аз гарав гирифтани намояндагони Шӯрои Олӣ сар шуда,  то охири фаъолияташон давом кард. Сарвари ин ҳизби террористӣ-Кабирӣ дар хориҷа ҳоло ҳам худро шахси бегуноҳ ҳисобида, ба сӯи  Тоҷикистон ҳар гуна буҳтонҳои дуруғро бор карданист.  Аммо мо мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан ҷавонони даврони Истиқлол ҳамеша тарафдори сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз кӣ будану чӣ хостани он ватанфурӯшон огаҳ ҳастем ва намехоҳем ҳеҷ як гуруҳе оромиву осоиштагии ватанамонро халалдор созад. Чун сиёсати созандаи Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки тамоми гуруҳои террористиву экстремистӣ, ҷамъиятҳои ғайриқонунӣ пурра несту нобуд карда шаванду халқи тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ кунанд

Раҳимзода Комил.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *