30.09.2022. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иҷлосияи ёздаҳуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Билол Иброҳим доир гардид.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Дар оғози иҷлосия вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори иҷлосияро тасдиқ намуданд.
Сипас, Раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз натиҷаи интихоботи гузашта дар ҳавзаҳои интихоботи гузориш дода, аз рӯи он ваколати вакилони навинтихобшударо тасдиқ намуданд ва савганди вакилии онҳо шунида шуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси ноҳия шунида шуд.
Дар идомаи маҷлис вакилони интихобшуда ба аъзогии комиссияҳои доимӣ шомил карда шуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи ёздаҳуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳриДушанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.