Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсиия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 тасдиқ шудааст ва бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) тасдиқ карда шавад (замима мегардад). 2. Вазоратҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти ташкилоткунии давлатӣ, мақомоти худташкилоткунии шаҳрак ва деҳот баҳри дар амал татбиқ намудани Методологияи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода бо ҷамъбасти сол ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намоянд. 3. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи иҷроиши Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 28 октябри соли 2016 № 465 ш.Душанбе Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «28» октябри соли 2016 № 465 тасдиқ шудааст Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) (минбаъд — методология) асосҳои ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти ташкилоткунии давлатӣ, мақомоти худташкилоткунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектони хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи сармояи оинномавии нҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд (минбаъд — ташкилот) муқаррар менамояд. 2. Мақсади методологияи мазкур, бо дарназардошти таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ташкилотҳо раванди ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд ва ҳамчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири онҳо мебошад. 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар методологияи мазкур истифода шудаанд: — хавф — эҳтимолияти он, ки ҳолати муайян метавонад ҷой дошта бошад ё амали муайян ба вуқўъ пайвандад, ки вобаста ба омилҳои хавф метавонад гуногун бошад; — омилҳои хавф — шароит ё ҳолати ҷузъӣ, ки ба дараҷаи хавф таъсир расонда, ба пайдошавии падидаи муайян ё зуҳури ягон амал ё имконияти гирифтани ягон бартарият ба ҳар шакл мусоидат менамояд; — ошкор намудани хавфҳо — баҳодиҳии хавфи имконпазир, сабаб ва оқибатҳои он ва ҳамчунин баҳодиҳии имкониятҳои ташкилот оид ба мубориза бо коррупсия; — таҳлили хавфҳо — муайян намудани авлавияти хавфҳо тариқи ошкор намудани онҳо бо пешниҳоди иттилооти муфассали ба зуҳуроти коррупсия дахлдошта; — осебпазирӣ — вазъи воқеӣ, ки қобилияти таъсиррасониро ба хавфҳои мавҷудбуда ё эҳтимолиро паст менамояд ва ё ин, ки ба пайдоиш ва рушди онҳо мусоидат мекунад; — намудҳои осебпазири фаъолият — намуди фаъолияти ташкилот, ки вобаста ба хусусияти худ хавфи баланди коррупсияро ба вуҷуд оварда ба таври зайл ифода мешаванд: набудани меъёрҳо, нопуррагии меъёрҳо, басанда набудани меъёрҳое, ки ба риояи талаботи оид ба покниҳодӣ равона шудаанд, шиносоии нопурраи ҳайати кормандон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба таври дахлдор татбиқ накардани меъёрҳо; — нақшаи мукаммал — нақшаи мушаххаси амал бо мақсади аз байн бурдан ё коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ дар доираи фаъолияти ташкилот, ки ба пайдоиши коррупсия дар ташкилот мусоидат мекунанд ё рағбатоварандаанд. 4. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад: — ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд мусоидат кунанд; — таҳияи тавсияномаҳо оид ба истисно намудан ё паст намудани натиҷаҳои таъсироти онҳо (таҳияи нақшаҳои мукаммал). 5. Ба принсипҳои таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дохил мешаванд: — қонуният; — холисӣ ва беғаразӣ; — шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар раванди таҳлили (хавфҳои коррупсионӣ) ба истиснои маҳдудиятҳои пешбининамудани қонунгузорӣ; — риояи манфиатҳои ҷамъиятӣ (оммавӣ); — ҳисоботдиҳӣ. 2. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНӢ) ВА ДАВРАҲОИ ОН 6. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти ташкилот аз тарафи гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия (минбаъд — гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ), ки бо санади дахлдори роҳбари ташкилот таъсис дода шудааст, ба роҳ монда мешавад. Гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ аз ҳисоби роҳбарияти сарраёсатҳо, раёсатҳо, шўъбаҳо ва бахшҳои ташкилот (аз 5 то 7 нафар), аз ҷумла корманди дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (минбаъд — Агентӣ) ташкил карда мешавад. Роҳбари гурўҳ аз ҳисоби роҳбар ё муовини роҳбари ташкилот таъин карда мешавад. 7. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) аз давраҳои зерин иборат аст: — таҳлили шароити қаблӣ; — таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта; — баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлуб. 8. Натиҷаи давраҳои таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ҷаласаҳои гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин хусус ҳисобот тартиб дода мешавад ва дар муддати 30 рўзи корӣ якҷоя бо нақшаи чорабиниҳо ба Агентӣ пешниҳод карда мешавад. 9. Агентӣ ташкилотеро, ки барои гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар асоси маълумотҳои оморӣ, пурсиши афкори ҷомеа, ҳисобот дар бораи коррупсия, таҳлилҳо ва тадқиқоти махсус дар бораи коррупсияро доро мебошанд, интихоб менамояд ва дар муддати на камтар аз 2 моҳ то оғози фаъолияти баҳодиҳӣ ба ташкилоти интихобшуда хабар медиҳад ва ҳамчунин ин иттилоотро дар сомонаи интернетии Агентӣ ҷой медиҳад. 10. Шумораи ташкилотҳое, ки Агентӣ дар як вақт дар онҳо таҳлили фаъолият мегузаронад, вобаста аз мураккабии сохтори ташкилии ташкилоте, ки дар он баҳодиҳӣ гузаронида мешавад, миқдори равандҳои корӣ, ки аз тарафи ин ташкилот ба иҷро расонидашаванда ва захираҳои кадрии доробудаи Агентӣ, тағйир дода мешаванд. 11. Дар доираи ваколати гурўҳ оид ба таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) корманди Агентӣ дорои уҳдадориҳои зерин аст: — ба кормандони ташкилот, ки дорои вазифаи роҳбарикунандаанд, дар бораи консепсия, мақсад ва муҳимияти таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дастур медиҳад; — нисбати усулҳои ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, сохторҳои ташкилӣ, иттилоот дар бораи қоидаҳои ахлоқ, усулҳои ҳаммонандкунӣ ва тадқиқоти омилҳои хавф дастур ва машварат медиҳад; — мониторинги фаъолият оид ба таҳлили фаъолиятро (хавфҳои коррупсионӣ) амалӣ менамояд; — дар бораи таҳияи нақшаи фаъолияти гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ, тартиб додани ҳисобот дар бораи баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ ва нақшаи мукаммал, тавсияҳо медиҳад; — дар ҷаласаҳои гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ иштирок менамояд ва дар робита бо дурустии риояи тартибот, дар ҳолати зарурӣ, бо пешниҳоди таклифҳо ё тавсияҳое, ки ба ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ замима карда мешаванд, изҳороти худро баён менамояд. — таҳия ва татбиқ намудани нақшаи мукаммалро бо ҳамдигар мувофиқ менамояд. 3. ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНИИ) ШАРОИТҲОИ ПЕШАКӢ 12. Таҳлили фаъолияти (хавфҳои коррупсионии) шароитҳои пешакӣ чунин омилҳоро ба назар мегирад: — таҳлили мубрами қонунгузорӣ барои ташкилот; — таҳлили сохторҳои ташкилии ташкилот; — таҳлили қоидаҳои одоб (рафтор, деонтология, ё дигар ҳолатҳое, ки ба рафтори кормандони ташкилот дахл доранд). 13. Таҳлили фаъолияти (хавфҳои коррупсионии) шароитҳоии қаблӣ (пешакӣ) асосҳои қонунгузорӣ инро дар назар дорад: — таҳлили асосҳои қонунгузорӣ (қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла идоравӣ), ки ба ташкилот дахл доранд; — таҳлили низомномаҳое, ки ба намудҳои осебпазири фаъолият дахл доранд. 14. Ҳангоми таҳлили заминаҳои қонунгузорӣ диққати махсус ба муқаррароти қонунгузорӣ марбут ба фаъолияти осебпазир дода мешавад. Дар ин замина амалҳо бояд ба ошкор кардани ҳолатҳои зерин: мавҷуд набудани меъёрҳо, нопуррагии онҳо, меъёрҳое, ки ба тамомият равона нашудаанд, иттилоотонии нокифояи кормандон оид оид ба меъёрҳо, ба таври дахлдор татбиқ нагаштани меъёрҳо, равона карда шаванд. 15. Намудҳои осебпазири фаъолият метавонанд, ҳам намудҳои марбут ба сохтори дохилии ташкилот ва ҳам намудҳои фаъолияти ба вазифаҳои ташкилот (вазифаҳои берунӣ) дахл дошта бошанд. 16. Баҳодиҳии меъёрҳое, ки ба намудҳои осебпазири фаъолият алоқаманданд, метавонанд, мутобиқи намуна аз замимаи 1 методологияи мазкур амалӣ карда шавад. 17. Намудҳои осебпазири фаъолияте, ки ба сохтори дохилии ташкилот дохил мешаванд, дар навбати аввал алоқаманданд бо: — маъмурикунонии иттилоот (ҳифз намудани иттилооти дохилӣ, пешниҳод намудани иттилооти махфӣ, таҳия, баррасӣ, нигоҳдории маъмурикунонӣ (нигоҳдорӣ); — нусхабардории ҳуҷҷатҳо, аз он ҷумла ҳуҷҷатҳои махфии электронӣ, гардиши дохилӣ ва берунии ҳуҷҷатҳо, аз он ҷумла электронӣ ва махфӣ; — маъмурикунонии воситаҳои молиявӣ (ҷудо намудан, назорат ва аудити буҷет, пардохти хароҷотҳо, ҷудо намудан ва пардохти мукофотпулӣ, иловапулӣ ва мукофотҳои пулӣ); — маъмурикунонии молу мулк ва хизматрасониҳо (қабули қарор дар бораи харид ё ба кироя гирифтан, таҳияи талабот оид ба сифати хизматрасониҳо аз рўи таҳвили онҳо, гузаронидани гуфтушунид, интихоби молрасонҳо, маъмурикунонӣ ва ҷудо намудани молу мулк дар доираи ташкилот, истифодаи молу мулки берун аз вақти корӣ ё берун аз ташкилот). 18. Намудҳои осебпазири фаъолияти бо вазифаҳои (вазифаҳои берунӣ) ташкилот алоқаманданд, намудҳои фаъолияте ба ҳисоб мераванд, ки дар навбати аввал бо омилҳои зерин алоқаманданд: — инкассатсияи пардохт (андоз, пардохтҳои маъмурӣ, қарзҳо ва ғайра); — бастани шартномаҳо (озмунҳо, тендерҳо, шартномаҳо ва ғ.); — пардохтҳо (субсидияҳо, мукофотпулиҳо, иловапулиҳо, пардохтҳои сарпарастӣ, кўмакҳои пулӣ ва ғ.); — пешниҳоди шаҳодатномаҳои ҳуқуқӣ (додани иҷозатномаҳо, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, шиносномаҳо, шаҳодатномаи шахсият, фардикунонӣ, маълумотномаҳо ва ғ); — дар амал ҷорӣ намудани қонунҳо (санҷиш, назорат, муқаррар намудани (констатасияи) мутобиқат ё вайронкунии қонун, муҷозот ва ғ.). 19. Таҳлили фаъолияти сохторҳои ташкилӣ инҳоро дар назар дорад: — таҳлили органиграммаҳо; — таҳлили уҳдадориҳои вазифавӣ; — таҳлили раванду тартиботи корӣ. 20. Таҳлили фаъолияти сохтори ташкилии ташкилот бо назардошти меъёрҳои зерин гузаронида мешавад: — сатҳи мутобиқати сохтори ташкилӣ ба вазифаҳо, салоҳиятнокӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилот; — сатҳи манфиатнокии сохторҳои ташкилӣ бо дарназардошти вазифаҳо, салоҳиятнокӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилот. 21. Таҳлили одоб, дар худ маҷмўи принсипҳои ахлоқӣ ё арзишҳоеро ифода мекунад, ки ташкилот бо мақсади самти рафтори кормандони ташкилот дар ҳолати амалӣ намудани ҳамаи намудҳои фаъолияти дохилӣ ва берунӣ, таҷассум менамояд. Қоидаҳои одоб ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам нисбат ба ҳамаи ҳайати кормандони ташкилот қабул карда мешавад ва метавонад ба вазъи дохилӣ ва берунии ташкилот таъсир расонад. Таҳлили қоидаҳои одоб баҳодиҳии меъёрҳоеро, ки дар кодекси одоби соҳавӣ самти аниқро доир ба масъалаҳои ахлоқии дорои аҳамияти муҳиме, ки метавонад дар фаъолияти ташкилот пайдо шаванд, таъмин намоянд, дар назар дорад. 4. ТАҲЛИЛИ БЕВОСИТАИ ФАЪОЛИЯТ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНӢ) 22. Барои таҳлили бевоситаи фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ба амалӣ намудани шартҳои зерин зарур аст: — таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳо; — таҳлили хавфҳо. 23. Дар ин марҳилаи таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳо ҷамъоварии маълумот оид ба хавфҳои воқеӣ ва эҳтимолии коррупсия дар ташкилотҳо амалӣ карда мешавад. 24. Дар ин марҳила усулҳои зерини таҳқиқ ва ошкорсозӣ мавриди истифода қарор мегиранд: — таҳлили муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсионӣ; — пурсиши кормандони ташкилот; — таҳлили муносиботи мутақобилаи ташкилот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ; — таҳлили амалҳои мушаххаси коррупсионӣ; — таҳлили маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи коррупсия дар ташкилот. 25. Баҳодиҳии муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия баҳодиҳии таҷрибаҳоеро тақозо менамояд, ки он бо интихоби ҳайати мутахассисону кормандони ташкилот, доираи омўзишу таҳсили онҳо, уҳдадориҳои вазифавӣ, мутобиқсозии (дохилӣ ва берунии) вазифаи кормандон, машварат ва масъулияти мутахассисон, имконоти нозирот, мутамарказонӣ ва яклухтсозӣ, мусоҳибаи баҳодиҳӣ, алоқаҳои беруна, масъулияти назорат, хавфҳои берун аз ташкилот, даромадҳои муфти иловагӣ, бехавфии ҷисмонӣ, муносиботи қонунӣ бо таъсирбахшию самаранокӣ, дурусткорӣ, риояи қонун ва муомилот алоқамандӣ дорад. 26. Баҳодиҳии муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия метавонад мувофиқи намунаҳо аз замимаи 1 ба методологияи мазкур ҳамроҳ шудааст, ба амал бароварда шавад. 27. Бо мақсади санҷиши дурустии маълумоти бадастоварда оид ба баҳодиҳии муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия дар ташкилот пурсиши кормандон ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад ҳамчун восита намунаи саволномае, ки дар замимаи 2 оварда шудааст, метавонад мавриди истифода қарор гирад. Саволномаи мазкур метавонад бо хусусиятҳои хоси ташкилот мутобиқ гардонида шавад. Натиҷаи пурсишҳо мутобиқи замимаи 3 методологияи номбурда шарҳу тавзеҳ меёбад. 28. Баҳодиҳии робитаҳои ташкилот бо ҷомеа баррасии ботафсили расмиёти робитаҳои бо ҷомеа дахлдошта, аз ҷумла расмиёти алоқаманд ба баррасии муроҷиатҳо, сатҳи шаффофияти фаъолияти ташкилот, сомонаи интернетии он, муносибат ба воситаҳои ахбори омма ва амсоли онро дар бар мегирад. 29. Таҳлили ҳолатҳои мушаххаси амалҳои коррупсионӣ (ҳолатҳои мубрам ё хоси амалҳои коррупсионии аз ҷониби кормандони ташкилот содиршуда), бо мақсади ошкорсозии тарзи номукаммали идоракунӣ, ҳамчунин муайянкунии ҳудуди имкониятҳои воқеӣ ва имконпазири ташкилот оид ба огоҳсозӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ ба амал бароварда мешаванд. 30. Таҳлили маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи коррупсия дар ташкилот бо мақсади муқаррар кардани хавфҳои коррупсия дар самтҳои осебпазир, номукаммалии меъёрҳо ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати тақвияти фаъолият, баҳри пешгирии коррупсия гузаронида мешавад. 31. Барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ восита ва усулҳои зерини ҷамъоварии маълумотро бояд ба роҳ монд: — бозназарии иттилооти бунёдӣ — ҷамъоварии иттилоот аз сарчашмаҳои мавҷудбуда, ба монанди таҳқиқ ва баҳодиҳиҳои қаблӣ, ки аз тарафи гурўҳҳои манфиатдор, шахсони мансабдор, аудиторон, мақомоти муборизабаранда бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷамъоварии иттилоот аз муроҷиатҳои шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори омма; — ҷамъоварии маълумот аз рўйи натиҷаи таҳқиқоти иҷтимоӣҷамъоварии маводи мушаххас аз рўйи натиҷаи ҷавоби аҳолӣ ба пурсишҳои хаттӣ ва ё мусоҳибаҳои даҳонӣ. Пурсиши аҳолӣ метавонад ба таври умумӣ ва ё гуруҳи шахсони алоҳида, ки барои пурсиш бо мақсади таҳлили муқоисавӣ интихоб карда мешаванд, бошад; — истифодаи гурўҳҳои мақсаднок — ҷамъоварии маълумот тавассути гуруҳҳои мақсаднок. Гуруҳҳои мақсаднок — гурўҳҳои мушаххасе мебошанд, ки барои муҳокима ва ҳалли масоили махсус даъват карда мешаванд. Ин раванди корбурд метавонад, мутаносибан, аз рўйи сифат нисбат ба шумора хавфҳои коррупсиониро ошкор сохта, маълумоти мушаххастарро бо дарназардошти амалҳои коррупсионӣ, инчунин сабаби сар задани ин амалҳоро аниқ намояд ва ҳамзамон имконоти ташкилотро доир ба амалисозии мубориза бар зидди коррупсия возеҳ нишон диҳад. 32. Дар баъзе мавридҳо ба пуррагӣ аз байн бурдани хавфи амалҳои коррупсионӣ номумкин аст, вале паст намудани раванди хавфҳои ошкоргардидаи амалҳои коррупсионӣ то ҳадди расидани хавфҳои ҷиддӣ имконпазир дониста мешавад. 33. Илова бар ин, дар як муҳлат анҷом додани таҳлил, ҷудо намудани вақт, диққат ва имконот ба ҳар як хавфи ошкоргардида номумкин ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, ошкор намудани ҳадди хавфҳои коррупсионӣ, вобаста аз эътидоли хавфафзоии амалҳои коррупсионӣ барои ташкилотдошта хеле муҳим ҳисобида мешавад. 34. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ мутобиқ ба авлавияти онҳо ба роҳ монда мешавад. Авлавияти хавфҳои коррупсионӣ, дар сурати давомнокии хавфҳо ва ё эҳтимолияти пайдоиши онҳо, ба таъсири ин гуна хавфҳо вобастагӣ дорад. 35. Вобаста ба таъсирнокӣ хавфҳои коррупсионӣ метавонанд намудҳои зерин дошта бошанд: — ҷузъӣ — хавфе, ки ба шаъну эътибори ташкилот ва имконияти он ва амалӣ кардани мақсадҳояш таъсири начандон зиёд дорад; — муътадил — хавфҳои коррупсионии муътадил хавфҳое мебошанд, ки ба шаъну эътибори ташкилот таъсири зиёд мерасонанд ва ё қобилияти амалисозии мақсадҳои онро сахт коҳиш медиҳанд; — хавфҳои муҳим — хавфҳои коррупсионие мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо низоми кори ташкилот бо хавфи ҷиддӣ дучор шуда, ба амалисозии равандҳои фаъолият ва ҳадафҳои ташкилот таъсир мерасонад, ки дар натиҷаи он ташкилот метавонад зарари калони молӣ бинад ва ба раванди корбурду пешрафташ таъсири манфӣ ворид гардад. 36. Вобаста аз эҳтимолияти падид омадан, хавфҳои коррупсионӣ метавонанд намудҳои зерин дошта бошанд: — эҳтимолияти ҷузъии ба вуҷуд омадани хавфҳои коррупсионӣ (хавфҳои фавқулодда) — дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ метавонад дар шароити фавқулодда ва ё шубҳаовар (аз эҳтимол дур) арзи вуҷуд дошта бошад; — эҳтимолияти ҳадди миёнаи ба вуҷуд омадани хавфҳои коррупсионӣ (хавфҳои имконпазир) — дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ метавонад дар вақти муайян дар оянда падид ояд. — эҳтимолияти аз андоза зиёди падид омадани хавфҳои коррупсионӣ (анқариб хавфҳои ғайришартӣ) — дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ дар сурати инкишофи мўътадили воқеот ба амал омада метавонад. 5. МАРҲИЛАИ ХОТИМАВИИ БАҲОДИҲӢ (ТАҲЛИЛ) 37. Баҳодиҳии (таҳлили) пешакӣ ва хавфҳои коррупсия бо таҳияи ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ ба охир мерасад. 38. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ (таҳлили) бояд ба талаботҳои зерин мутобиқат намояд: — ба таври алоқамандии мантиқӣ ва шакли асоснок навишта шавад; — таъмин намудани саҳеҳият ва дурустии тасвия; — истифода намудани истилоҳоти монанд; — мавҷуд будани сана ва ҷойи тартибдиҳӣ, ҳайати гуруҳи баҳодиҳӣ; — имзогузорӣ шудан аз тарафи аъзои гуруҳи баҳодиҳӣ. 39. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ (таҳлил) бояд: — дорои хулосаҳои ба баҳодиҳӣ (таҳлил) алоқаманд бошад; — дорои тавсияҳо оид ба истисно ё паст намудани натиҷаҳои хавфҳои ошкоршуда бошад. 40. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ (таҳлил) мутобиқи сохтори зерин таҳия мешавад: а) баҳодиҳии (таҳлили) шароити қаблӣ; — баҳодиҳии (таҳлили) мубрами қонунгузорӣ барои ташкилот; — баҳодиҳии (таҳлили) умумии қонунгузорӣ; — баҳодиҳии (таҳлили) санадҳои зерқонунии идоравӣ дар бораи намудҳои осебпазири фаъолият, ки ба ташкили дохилии ташкилот алоқаманданд; — баҳодиҳии (таҳлили) санадҳои зерқонунии идоравӣ дар бораи намудҳои осебпазири фаъолият, ки ба вазифаҳои (ҳадафҳои берунии) ташкилот дахл доранд. б) баҳодиҳии (таҳлили) сохторҳои ташкилии ташкилот; — таҳлили органиграммаҳо; — таҳлили уҳдадориҳои вазифавӣ; — таҳлили раванду ва расмиёти корӣ; — баҳодиҳии (таҳлили) қоидаҳои ахлоқӣ. в) баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои институтсионалии коррупсия: — баҳодиҳии (таҳлили) муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия; — шарҳи натиҷаҳои пурсиши кормандони ташкилот; — баҳодиҳии (таҳлили) робитаҳои мутақобилаи ташкилот бо ҷомеа; — таҳлили ҳолатҳои мушаххаси коррупсия. г) баҳодиҳии таҳлили хавфҳои ошкоршуда. Авлавияти хавфҳо. Хулосаҳои умумӣ. д) тавсияҳо оид ба аз байн бурдан ё коҳиш додани оқибатҳои хавфҳои ошкоршуда. 41. Дар асоси ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ (таҳлил) гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ лоиҳаи нақшаи мукаммалро таҳия менамояд. Нақшаи мазкур нақшаи муфассали амал оид ба пешгирӣ намудани коррупсия дар ташкилот ба ҳисоб меравад. Ҳангоми таҳияи нақша авлавияти хавфҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳамин тавр, амалиёт оид ба ниҳоят паст гардидан ва баланд шудани эҳтимолияти пайдоиши хавфҳо бартарият мегирад. Баъд аз ин амал бояд амал бояд амал оид ба аз байн бурдан ё паст намудани оқибатҳои миёна ва эҳтимолияти миёнаи пайдоиши хавфҳо оянд. Дар хулоса амалиёт оид ба истисно намудан ва паст намудани оқибатҳои ҷузъӣ ва эҳтимолияти ками пайдоиши хавфҳо ба нақша гирифта мешавад. Нақшаи мукаммал баъд аз мувофиқа бо ҳамаи воҳидҳои сохтории манфиатдори ташкилот аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад. 42. Муҳлати татбиқ намудани нақшаи мукаммал наметавонад аз 2 сол зиёд бошад. Ташкилоте, ки ба баҳодиҳӣ фаро гирифта мешавад, ба Агентӣ ҳисобот дар бораи татбиқи нақшаҳои мукаммадро пешниҳод менамояд. Агентӣ ҳуқуқ дорад, дар бораи тадбирҳое, ки бояд амалӣ карда шаванд, маълумоти иловагӣ талаб намояд. 43. Агентӣ ҳар ҷамъбасти сол ба Шўрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқ намудани нақшаи мукаммал дар ташкилотҳои баҳодиҳишаванда маълумот медиҳад ва барои босифат ва сари вақт иҷро шудани чораҳои дар нақша пешбинишуда диққати махсус медиҳад. 6. АЗ НАВ БАҲОДИҲӢ (ТАҲЛИЛКУНӢ) 44. Аз нав баҳодиҳии (таҳлилкунии) на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад ва дорои мақсадҳои худ доир ба самарабахшии баҳодиҳии тадбирҳои пешгирикунандп, ки барои ҳаммонандкунии хавфҳо, баҳодиҳии манфиатнокии нақшаҳои мукаммал, аз нав баҳодиҳии хавфҳои ибтидоӣ ва таъмини истифодаи боманфиати манбаъҳои ташкилот истифода мешаванд, мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *