МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ДАВЛАТИ ҚАТАР
Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ноиби аввали Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, Президенти Кумитаи Олимпии давлати Қатар ҷаноби Ҷоан Бин Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот анҷом доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, пешбурди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Давлати Қатарро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок таъкид намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мизбонии бомуваффақонаи Қатарро дар мусобиқаи муҳими байналмилалии варзишӣ – Ҷоми Осиё оид ба футбол табрик намуданд.
Қайд гардид, ки дар воқеъ варзиш воситаи муассири беҳдошти тарғиби тарзи ҳаёти солим барои инсоният, махсусан ҷавонон ба шумор меравад ва боиси ифтихору хушҳолист, ки маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш, бахусус навъҳои варзиши олимпӣ дар кишвари мо дар марҳилаи рушд қарор дорад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақши Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиёро дар иштироки фаъоли варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпии ҷаҳон ва минтақа муҳим арзёбӣ карда, пешниҳод намуданд, ки варзиши гуштингирӣ дар марҳилаи аввал - ба Бозиҳои олимпии Осиё ва дар марҳилаи дуюм- ба Бозиҳои олимпии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.
Изҳори бовар карда шуд, ки Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё таклифи инҷонибро дар муҳлатҳои наздик ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар фарҷом ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд.