ш.Душанбе. 03.04.2025. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии сатҳи олии ду кишвар муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвари бо ҳам дӯст таҳким меёбанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Арабистони Саудиро ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

