Љумњурии Тољикистон бо давлатњои Иттињоди Аврупо муносибати хуб дошта, њамкорињои дуљонибаро ба роњ мондааст. Дар доираи Стратегияи нави њамкорињои Иттињоди Аврупо ва Осиёи Марказї, ки соли 2014 барои солњои 2014-2020 ба тасвиб расидааст, Љумњурии Тољикистон бо Иттињоди Аврупо њамкорињои дуљонибаро асосан дар бахшњои тандурустї, маориф ва рушди дењот ба роњ мондаанд. Айни замон ташкилоти террористии њизби нањзати исломї ва созмони ифротии Гурўњи 24 тавассути сомонањои ифротиашон аз хабари сафари расмии Роњбари давлат ба Иттињоди Аврупо сўистифода намуда, ба танќиди сафари расмии Роњбари давлат камар бастаанд ва маълумоти бардурўѓу иѓвоангез ва тафриќаандозро пањн намуда истодаанд. Тавре ба њамагон маълум аст, ташкилоти террористии нањзатиён ва гурўњи 24 аз њар як иќдоми Роњбари давлат њангомасозї намуда, аз воќеият сарфи назар мекунанд.
Сафари расмии Роњбари давлат ба Иттињоди Аврупо то андозае ташкилоти террористии нањзатиён ва гурўњи 24-ро нигарон кардааст, ки ќабл аз сафари расмии Роњбари давлат ба иѓвогариву дасисабозї машѓул шуда, мехоњанд бо ин роњ монеа эљод кунанд ва сади роњи ин сафар гарданд. Ташкилоти террористии нањзатиён аз он хавфу њарос доранд, ки ин сафари расмї метавонад дар оянда барои онњо мушкилоти зиёде ба вуљуд оварад. Чунки дар доираи ин сафари расмї имкон дорад тамоми туњматњову дурўѓњояшон барои Иттињоди Аврупо ошкор гардад ва онњоро аз кишварашон хориљ кунанд. Ташкилоти террористии нањзатиёнро танњо кишварњои Аврупо сарпаноњ доданд ва онњо доир ба террористии онњо ба ќадри кофї маълумот надоранд. Вале онњо ба њадафи нопоки худ намерасанд.
Сафари расмии Роњбари давлат ба кишварњои Иттињоди Аврупо аз он шањодат медињад, ки Љумњурии Тољикистон дар роњи бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ташаккули љомеаи шањрвандї устуворона ќадам гузошта, новобаста аз он ки Иттињоди Аврупо ба хоинони миллаташ сарпаноњ додааст, бо онњо њамкорињои дуљонибаро идома медињад ва робитањои кишварашро бо Иттињоди Аврупо аз ќабл дида мустањкамтару устувортар мекунад. Барои Љумњурии Тољикистон фаъолияти чанд нафари нањзатии террорист ва дар Иттињоди Аврупо зиндагї кардани онњо чандон муњим нест. Зеро барои миллати тољик фаъолияти тахрибкоронаи нањзатиёни террорист ва Гурўњи 24 ошкор гардидааст ва њељ нафаре ба иѓвову дасисањои онњо ањамият намедињад. Барои миллати тољик муњим он аст, ки бо кишварњои Иттињоди Аврупо њамкорињои дуљонибаро афзоиш дињад ва робитањоро мустањкаму ќавитар гардонад.
Итминони комил дорем, ки Роњбари давлат дар ин сафари расмии худ ба кишварњои Иттињоди Аврупо ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардида, ба мисли ќабл дар рушду нумўи кишвар сањми боризи худро мегузорад.
Ёралии Набӣ