СОЛИМИИ ДАВЛАТ АЗ СОЛИМИИ ҶОМЕА ВОБАСТАГИ ДОРАД!
ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТЁБИ БА COVID-19 ҲИФЗ НАМОЕД!
10.07.2021 НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати пешгирии бемории сирояти Коронавирус аз ҷониби Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҳудуди ноҳия аксияи тақсими ниқобҳои худ муҳофизати масофаи иҷтимоӣ ва дигар фаҳмондадиҳиҳо ҳамарӯза гузаронида шуда истодааст.