МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Раиси шаҳри Душанбе

Билол Иброҳим

Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

[currency_bcc type="custom" w="200" h="350" c="197e03" fc="FFFFFF" a="1" f="USD" t="TJS" g="on" sh="on" b="off" fl="on" p="c" cs="USD,RUB,TJS" s="off" mf="4" df="2" d="3" su="on" lang="ru-RU"]

Соҳаи иқтисодӣ

           

ҲИСОБОТ

оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи

Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои соли 2022

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон аз 21 декабри соли 2021 баён гардидаанд ва қарору амрҳои Раиси шаҳри Душанберо сармашқи кори худ намуда, корҳои муайянеро анҷом дод.

Фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ чунин натиҷаҳо ба бор овард?                  

      ИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши контингенти умумии даромадҳо аз ҳисоби андозсупорандагони ноҳия ба андозаи 101,1 фоиз таъмин карда шуд. Нақшаи контингенти умумии даромадҳо дар ин муддат маблағи 1 081,2 миллион сомониро ташкил дода, ба буҷети давлатӣ маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба маблағи 1 093,2 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (1052,2 миллион сомонӣ) ба маблағи  41,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 106,9 фоиз иҷро гардид. Нақшаи аниқгардида 236,3 миллион сомониро ташкил дода, дар асл бошад, 252,6 миллион сомонӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷети ноҳия ворид гаштанд. Нисбати нақша ба буҷети ноҳия 16,3 миллион сомонӣ зиёд ворид шуд.

Нақшаи аниқгардидаи қисми хароҷоти бучети ноҳия 99,9 фоиз иҷро гардида, нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 13,8 фоиз ё ин, ки 29,2 миллион сомонӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зиёд маблағ равона шудааст. Нақшаи аниқгардидаи хароҷотҳои буҷети ноҳия 239,5 миллион сомониро ташкил дода, хароҷот гардидааст.

Иҷроиши хароҷотҳои буҷети ноҳия дар соҳаҳои хоҷагии халқ чунинанд:                                                                                                                                                                                      (сомонӣ)

Номгуи хароҷот Маблағ (нақша) Маблағ (иҷро) Фоиз
Хароҷотҳои мақомоти иҷроия 1946759 1946420 99,9 %
Хароҷотҳои соҳаи маориф 93073647 93053649 99,9 %
Хароҷотҳои соҳаи тандурустӣ 50703686 50700510 99,9 %
Хароҷотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 1605347 1604223 96,8 %
Хароҷотҳои коммуналию манзилӣ 90367843 90367709 100 %
Соҳаи фарҳанг ва варзиш 137838 137764 99,9 %
Дигар соҳаҳо 1747739 1747644 100 %
Ҳамагӣ: 239582859 239557919 99,9%

 

Дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоби хазинаи фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  маблағи 359,0 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 97,6 фоизи нақшаро ташкил менамояд. Нақшаи аниқшуда 367,8 миллион сомонї буда, ба буҷети хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 8,8 миллион сомонӣ кам ворид гардид.

Бо назардошти иҷро гардидани нақшаи умумии қисми даромад, дар ноҳия иҷроиши 2 сарчашмаи андоз ба маблағи 27,3 миллион сомонӣ таъмин нагардид. Андоз аз даромади шахсони воқеъӣ 15,0 миллион сомонӣ ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуӣ 12,3 миллион сомонӣ ворид нашуд. Нақшаи аниқшудаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ 319,3 миллион сомониро ташкил дода, дар асл ба буҷет 304,3 миллион сомонӣ (95,3%) ва нақшаи аниқшудаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 305,9 миллион сомониро ташкил дода, дар асл ба буҷет 293,6 миллион сомонӣ (96,0%) ворид шуд.

                                                                        САНОАТ

Корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳия бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 512,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 (458,8 миллион сомонӣ) ба маблағи 53,3 миллион сомонӣ зиёд ё 110,5 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил менамояд.

Ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурўш баровардашуда ба 482,6 млн. сомонӣ расонида шуд, ки 94,2%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар бар мегирад.

Музди меҳнати миёнаи ҳар як корманд дар соҳаи саноат 1546 сомо­ниро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли 2021 музди меҳнати кор­ман­­дон 1406 сомониро ташкил медод, ки дар муқоиса 140 сомонӣ зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ аз 126 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 56 ада­ди корхонаҳо ҳаҷми истеҳсолотро зиёд карда, 33 адад корхонаҳо бо сабаб­ҳои пайдо нагардидани талаботу набудани фармоиш аз ҷониби истеъ­мол­ку­нан­да­гон ва иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз тарафи шарикон ҳаҷми истеҳсо­лотро кам намуда ва 37 адад корхонаҳо фаъолият накарданд.

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои зерин суръати афзоиши истеҳсолотро зиёд намуданд: 

Номи корхона Ҷамъбасти 12 моҳи соли 2022
Ҳазор сомони         %
1 ВМ ЧДММ «Мармари» дар н.Шохмансур 38777 777,4
2 КВД «Комб. полиграфии ш. Душанбе» 4978,9 164,7
3 КВД «Коргоҳи машинасозӣ» 16119,2 127,9
4 КВД «Тачхизоти мошинасози»-и КВД «Коргохи мошинасози» 2250,3
5 КВИИ «Созтарош» 24,4 321,1
6 КД «Заводи протезию ортопедӣ» 5140 108,5
7 МД «Матбааи ДМТ» 562,7 113,7
8 Раёс. комб. дўзандагии амволи ҳарбӣ 2153,4 900,6
9 ҶДММ «Анориён» 8,7 174,0
10 ҶДММ «Абдулхай» 396 215,5
11 ҶДММ «Авесто Гуруҳ» (сиёма) 9584 163,7
12 ҶДММ «АЗМ Сабрина» 50
13 ҶДММ «Ақиқа» 1250 150,8
14 ҶДММ «Алвон» 221,5 101,0
15 ҶДММ «Аличони карим» 32
16 ҶДММ «Анатис» 913,2 357,8
17 ҶДММ «Асрори санг» 688,3 120,8
18 ҶДММ «Балоғат» 529,9 144,9
19 ҶДММ «Бунёдкор Т» ш.Душанбе 2689,1 106,2
20 ҶДММ «Вањдат Текстайл» 23351,9 118,1
21 ҶДММ «ГУРӮҲИ САНОАТӢ ВА БОЗОРГОНИИ ОРИЁ» 25,7
22 ҶДММ «Деккерс» 89,4
23 ҶДММ «Донишварон» 2812,2 172,8
24 ҶДММ «Иксир» 709,6 102,2
25 ҶДММ «Исфанҷ» 872,8 122,6
26 ҶДММ «Ихлоси комил» 132,9
27 ЧДММ «КМ Хуаксин Гаюр махсулоти нави сохтмони (Гаюр-1) 14244,8
28 ЧДММ «Корхонаи босифат» ш. Душанбе 51,4
29 ҶДММ «Механик К» 3728,2 248,8
30 ҶДММ «Мурғи покиза» 21415 111,1
31 ҶДММ «Неруи шарк» 151,9 203,9
32 ҶДММ «Орбита» 4429,6 101,1
33 ҶДММ «Офсет» 3450,9 219,4
34 ҶДММ «Покиза М» 16238,9 136,5
35 ҶДММ «Пром Экспо» 370,9 181,7
36 ҶДММ «Пулотов» 871 129,5
37 ҶДММ «Рохати дунё» 60
38 ҶДММ «Садои ќалб» 353,8 122,3
39 ҶДММ «Самт-2» 2600,2 141,4
40 ҶДММ «Сарв» 2240,5 115,9
41 ҶДММ «Собириён» 5961,3 212,3
42 ҶДММ «СОМОНШИФЕР» 28584,1 125,7
43 ҶДММ «Т Принт» 722 116,2
44 ҶДММ «Табъу нашр» 1421,9 434,4
45 ҶДММ «Тољ Пласт» 2335,1 529,3
46 ҶДММ «Тродат» 261 116,3
47 ҶДММ «Фарозманд» 1352,1 342,4
48 ҶДММ «Хишти Ахмедов» 1171,1 134,9
49 ҶДММ «Шарафманд» 99,8
50 ЧДММ «Ширинихои Шафоат» ш.Душанбе 1576,9 166,4
51 ҶДММ «Ширкати мошинсозии технологияњои муосир» 45892,4 208,9
52 ЧММ «Шохсом» ш.Душанбе 336,9 201,1
53 ҶДММ «Ясмина» 524,9
54 ҶСК «Обшорон» 2581,1 189,6
55 ҶСП «Лаззат» 1128,1 104,2
56 КВД «Обу корези Душанбе» 5490,5 105,6

(Аз шумораи умумии корхонаҳо 56 адад ё 44,4 % корхонаҳо суръати афзоишро зиёд намуданд).

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои зерин суръати афзоиши истеҳсолотро кам намуданд:

Номи корхона Истеҳсоли маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ
Ҳазор сомони %
1 КВДН «Қонуният» 307,4 70,6
2 МТИ офияти карҳои №2 55,1 74,5
3 Муасисаи «Матбааи вазорати молия» 1009,2 99,3
4 МН «Дониш» 985,2 80,5
5 ҶДММ «Армуѓон» 2080,7 72,3
6 ҶДММ «Барфак 67» 88 90,7
7 ҶДММ «Бовар савдо» ш.Душанбе 131,3 58,3
8 ЧДММ «ВАТАР» ш.Душанбе 1504,2 81,8
9 ҶДММ «Душанбе-принт» 2096,3 97,1
10 ҶДММ «Ёќут-2000» 2665,7 60,2
11 ҶДММ «Зебокор» 399,6 79,0
12 ЧДММ «Комбинати орди Душанбе» 2020,9 12,4
13 ҶДММ «Курушкада» 10,1 46,1
14 ҶДММ«Маснуоти филизї» 1940,1 85,8
15 ҶДММ «Мењрољ Граф» 297,2 78,6
16 ҶДММ «Мир полиграфии» 134,4 89,7
17 ҶДММ «Мирзо мебел» 705,9 85,1
18 ҶДММ «Муњрсоз» 268 98,3
19 ҶДММ «Озум» 257 54,7
20 ҶДММ «Окна» 68,3 88,4
21 ҶДММ «Осёби гардон» 32 49,2
22 ҶДММ «Рохат тичорат» ш.Душанбе 5665,4 15,1
23 ҶДММ «Сармад компания» 131,7 99,0
24 ҶДММ «Сифат офсет» 167,9 38,4
25 ҶДММ «Созмон» 2509,9 86,6
26 ҶДММ «Солењ-2013» 425,5 95,7
27 ҶДММ «Суфра» 136,5 51,0
28 ҶДММ «Тољик кристалл» 867,4 70,8
29 ҶДММ «Фармико» 597,6 52,6
30 ҶДММ «Шен Чуан» 602 87,6
31 ҶДММ «Контраст» 12162,9 95,4
32 ҶСК «Системавтоматика» 645,9 57,5
33 ҷСП «Сармоя. таъмиру сохтмон» 148,1 13,9

Аз шумораи умумии корхонаҳо 33 адад ё 26,1%-и корхонаҳо суръати афзоиши истеҳсолотро кам намуданд.

Руйхати корхонаҳое, ки дар соли ҷорӣ тамоман фаъолият накарданд:

Номгуи корхона Самти фаъолият Омилҳои фаъолият накардан
1 ҶДММ «Авесто» шаҳри Душанбе Истеҳсоли маҳсулоти

чопӣ

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чопӣ дар таҳхонаи бинои Иттифоқҳои касаба ҳамчун иҷорашин мебошад. Роҳбарияти корхона сабаби фаъолият накарданро дар набудани фармоиш аз тарафи мизоҷон иброз намуд.
2 ҶДММ «АЗМ» Истеҳсоли нушокии

квас ва яхмос

Корхона қаблан дар кўчаи Айнӣ, назди гардиши Фурудгоҳ ҷойгир буда, баъди бартараф гардидани бинои ҷой­гир­ша­вӣ ва сохтмони биноҳои баланд­ошёна фаъолияти корхона қатъ гардид.
3 ҶДММ «Амир босафо» Истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан Корхона дар маҳалаи Мирзобек, до­хи­ли Автобаза иҷорашин буда, боназар­дошти қатъ кардани иҷораи бино таҷҳизоти корхона канда шудааст. Инчунин барои аз нав барқарор намудани хатти технологӣ имконияти моли­явӣ вуҷуд надорад ва дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад.
4 ҶДММ «Аслӣ» Истеҳсоли кунҷакҳои оҳанӣ Корхона қаблан дар дохили ҶСК Обшорон ҳамчун иҷорагир ҷойгир буда, бо сабаби на­омадани роҳбарият ва мута­хас­сисони Чи­нӣ аз соли 2020 инҷониб фаъо­лият намекунад.
5 ҶДММ «Байчуан» Истеҳсоли қуму шағал Корхона дар деҳаи Қуштеппа ҷойгир буда, роҳбари он моҳи декабри соли 2019 ба Чин сафар карда, барнагашт. Айни замон корхона баста мебошад.
6 ҶДММ «Вањдат» Коркарди пахта ва маҳсулотҳои пахтагин Корхона аввали соли 2020 ба фаъолият оғоз карда, моҳҳои май — июни соли 2020 бино­бар сабаби иваз гардидани соҳиб­мулкон номи корхона ба ҶДММ «Ваҳдат текстайл» иваз карда шуд. Роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки иқтибоси дахлдорро ба мақомоти омор пешниҳод намояд.
7  ҶДММ «Ғаюр 1» Регу шағал Корхона соли 2021 ба фаъолият оғоз карда, моҳи майи соли 2022 номи корхона ба ҶДММ «КМ Хуаксин Ғаюр маҳсулоти нави сохтмонӣ» иваз карда шуд. Роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки иқтибоси дахл­дорро ба мақомоти омор пешниҳод намояд.
8 ҶДММ «Дастархон 2017» Истењсоли њасибњо Атрофи корхона бо деворњо ва дарвозаи баланд мањкам буда, имкон барои вориди гурўњи корї нашуд.
9 ЉДММ «Дон Ѓарам» Истеҳсоли орд Корхона дар дохили ҶСК «Обшорон» иҷора­шин буда, бо назардошти имко­ниятҳои молиявӣ фаъолият надорад.
10 ҶДММ «Инстру­менталшик» Истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ Набудани фармоиш аз тарафи мизоҷон
11 ҶДММ «Истиқлол-24» Нонвойхонаи истеҳсоли нону

кулчақанд

Корхона дар бинои иҷоравӣ, ки аз нон­войхона ва мағоза иборат мебошад, ҷойгир буда, бо назардошти тоб наовар­дан ба рақобат дар бозор фаъолияти истеҳсолии худро қатъ намуд. Корхона бо сабаби аз пардохтҳои андозӣ қарздор будан барҳам дода нашудааст.
12 МН Маҷаллаи «Ма­о­рифи Тоҷикистон» Истеҳсоли маҳсу­лоти чопӣ Набудани фармоиш аз тарафи мизоҷон
13 ҶДММ «Меҳрофар» Истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ Корхона дар бинои иҷоравӣ ҷойгир буда, бо назардошти ва­фо­ти муассис, маҳдуд гардидани имко­ният­ҳои молиявӣ ва фармоиш фаъолияти худро қатъ намуд. Ҷиҳати барҳам додани корхона ба мақо­мотҳои дахлдор дархост пешниҳод шу­да, дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад.
14 ҶСК «Нафиса» Истеҳсоли ҷуробу трикотож Корхона дар кучаи Академик Адҳамов — 11 ҷойгир буд, ки бо назардошти барта­раф гардидани бино барҳам дода шуд.
15 ҶДММ «Нашр» Истеҳсоли маҳсулоти чопӣ Корхона дар хиёбони Айнӣ 24а ҷойгир буд ва бо назардошти бартараф гар­дида­ни бино ва сохтмони биноҳои ба­ланд­­ошёна фаъолияташ қатъ гардидааст.
16 ҶДММ «Офтоби Шарқ» Коркарди партовҳои пластикӣ, истеҳсоли гранула Корхона дар дохили ҶСК «Обшорон» иҷо­ра­шин буда, бо сабабҳои номаълум хатҳои технологиаш канда, аз бино бароварда шу­дааст. Дар ҷойи мазкур аз ҷониби соҳибко­ро­ни инфи­родӣ Раҷабов Маҳмадулло коргоҳи ис­теҳ­соли нушокиҳои ташнашикан ва Каро­ма­тов Шораҳ­матулло коргоҳи истеҳ­соли қоғази ташноб кушода шуданд.
17 ҶДММ «Сохт­мони инвес­тит­­сионии чин» Истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ Бо назардошти бартараф гардидани бинои кор­хона ва таъсиси минтақаи саноатии пойтахт фаъолияти корхона қатъ гардид. Тибқи маълумоти мақомоти ан­доз ҷамъи­ят бо сабаби аз пардохтҳои ан­до­зӣ қарздор будан барҳам дода нашудааст.
18 ҶСК «Сити конструкшен компани» Истеҳсоли бетони молӣ Корхона технологияи нави истеҳсоли бето­ни молиро аз Туркия ворид намуда, омодаи фаъолият мебошад, вале бо сабаби набу­да­ни фармоиш ва обектҳои сохтмонии худӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз накардааст.
19 ҶДММ «Фируз бинокор» Истеҳсоли ламинат Корхона нимсолаи дуюми соли 2020 ифтитоҳ шуда, айни замон бинобар сабаби гарон будани нархи ашёи хом аз хориҷи кишвар фаъолият надорад.
20 ҶСП «Табарук» Истеҳсоли нушобаҳо Дар иншооти мазкур МД «Те­ле­визиони ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ» ва Гим­на­зияи хусусии «Тоҷикистон» фаъолият менамояд.
21 ҶДММ «Фей тиен»

 

Истеҳсоли сақои оҳанин аз пораву партови металл Корхона дар дохили собиқ Комбинати абре­шим ҷойгир буда, босабаб­ҳои номаълум фаъ­о­лият намекунад. Аз суханҳои муҳофиз Идрис ду сол боз корхонаи мазкур фаъолият надорад.
22 ҶДММ «Хуа Чие» Истеҳсоли сақои оҳанин аз пораву партови металл Корхона дар дохили собиқ Комбинати абре­шим ҷойгир буда, бо сабабҳои номаълум фаъолият намекунад. Аз суханҳои муҳофиз Идрис ду сол боз корхонаи мазкур фаъолият надорад.
23 ҶСК «Чопхонаи Дониш» Истеҳсоли маҳсулоти чопӣ Корхона аз сабаби набуда­ни имкони­ятҳои молиявӣ, фармоиш ва муассис фаъоли­я­таш­ро қатъ кард. Тибқи маълумоти мақомоти ан­доз ҷамъи­ят бо сабаби аз пардохтҳои ан­до­зӣ қарздор будан барҳам дода нашудааст.
24 ҶДММ «Шаршара» Истеҳсоли оби нушокӣ Набудани фармоиш аз тарафи мизоҷон
25 ҶДММ «Шоҳком» Истеҳсоли макарон Набудани фармоиш аз тарафи мизоҷон
26 ҶСП «Куҳбол» Истеҳсоли

ќумушаѓал

Корхона бо истеҳсоли қуму шағал машғул буда, дар ҳудуди минтақаҳои ба шаҳр воридгардида ҷойгир мебошад.
27 ҶДММ «Абир» Истеҳсоли мебел Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон
28 ҶДММ «Аг­ро­ветсервис» Истеҳсоли ма­води доруворӣ Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон
29 ҶДММ «Ал­моси бузург» Истеҳсоли ма­води кимиёвӣ Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон
30 ҶДММ «АНС Сохтмон» Истеҳсоли бе­тон, регу қум Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон
31 ҶДММ «Баракат 64» Дару тирезаи пластикӣ Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон
32 ҶДММ «Пластикаи чинӣ» Истеҳсоли дару тирезаи пластикӣ Корхона навтаъсис мебошад
33 ҶДММ «Ис­теҳ­­соли босифат» Табъунашр Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон
34 ҶДММ «Ка­ром сангрез» Регу шағал Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон
35 ҶДММ «Транссиб» Регу шағал Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон
36 ҶДММ «Ҳурия» Истеҳсоли яхмос Тобовар набудани маҳсулоти истеҳсол­карда ба рақобат дар бозор
37 ҶСК «Матбуот» Табъу нашр Набудани фармоиш аз ҷониби мизоҷон

(бино куњнаю фарсуда шудааст)

Аз шумораи умумии корхонаҳо 37 адад ё 29,3 фоизи корхонаҳо аз аввали сол тамоман фаъолият накардаанд.

                                                            НАҚЛИЁТ

Муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ дар давраи ҳисоботӣ 4 миллиону 302,1 ҳазор тонна борҳои хоҷагии халқро кашониданд (соли  2021 – 4 млн. 207,6 ҳазор тонна), ки 102,2 фоизро ташкил дода, 94,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Гардиши боркашонӣ ба 331,1 миллион тонна/километр расонида шуд (соли 2021 – 395,8 миллион тонна/километр), ки ин ба 83,7% баробар буда, 64,7 миллион тонна/километр кам мебошад.

Дар ин давра аз тарафи муассисаҳои мусофиркашонии ноҳия 66 миллиону 907,3 ҳазор мусофирон ба манзил расонида шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 296,8 ҳазор мусофир зиёд буда, 100,5 фоизро ташкил медиҳад (ҳамин давраи соли 2021-ум 66 миллиону 610,5 ҳазор мусофир ба манзил расонида шуда буданд).

Гардиши мусофирон 316,1 миллион  мусофир/километрро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта (364,6 миллион мусофир/километр) 48,5 миллион мусофир/километр кам буда, 86,7 фоиз мебошад.

 

                                                 СОДИРОТУ ВОРИДОТИ МОЛҲО

Дар ҳудуди ноҳия 5 адад корхонаҳо фаъолият менамоянд, ки дар моҳҳои январ – декабри соли 2022 маҳсулоти худро ба маблағи 10119,0 ҳазор доллари ИМА ба хориҷа содирот кардаанд.

Ҳамзамон 58 адад корхонаҳои ҳудуди ноҳия дар давраи ҳисоботӣ аз хориҷи кишвар ба маблағи 321590,8 ҳазор доллари ИМА маҳсулот ворид кардаанд.

ХИЗМАТИ  МАИШӢ

Муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маблағи 172,8 миллион сомонӣ хизмат расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,2 миллион сомонӣ зиёд буда, 138,9 фоизро ташкил медиҳад (ҳамин давраи соли 2021 ба аҳолӣ ба маблағи 119,6 миллион сомонӣ хизмат расонида шуда буд).

Ба аҳолӣ ба маблағи 5 миллиарду 829,7 миллион сомонӣ хизмати пулӣ расонида шуд, ки ин дар қиёс ба 129,7 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 барорбар буда, 1 миллиарду 610,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад (соли 2021 – 4219,1 млн. сомонӣ).

СОҲИБКОРӢ

Имрўз ба соҳибкорӣ, ки омили асосии пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, дар ноҳия диққату эътибори ҳаматарафа дода мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ 5425 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли 2021 (5125 нафар) 300 нафар зиёд мебошанд.

Маблағи патент ва шаҳодатномаи онҳо 34 172,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба малағи 56,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

КИШОВАРЗӢ

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ноҳияи Шоҳмансур 1023,06 гектар майдони умумии кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ мавҷуд буда, аз он 10 гектар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 486,06 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 527 гектар заминҳои хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад.

Дар заминҳои ба ҳудуди ноҳия воридгардида 272 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки дар ихтиёри худ 486,06 га заминҳои обӣ доранд. Дар қитъаҳои замине, ки ҳосили барвақтиро ҷамъоварӣ намуданд, пай дар пай кишти такрориро гузарониданд. Вобаста ба ин, дар 103 га заминҳои ҳудуди ноҳия кишти кори тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки 125,6 фоизи нақшаро ташкил менамояд. (нақша 82 га)

Вобаста ба ин, дар соли 2022 дар маҷмуъ 11 696,7 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла зиро­ат­ҳои ғаладонагиҳо 616,4 тонна, картошка 551 тонна, сабзавотҳо 4779,4 тонна, зироатҳои техникӣ 8,9 тонна, мевагиҳо 985 тонна ва хуроки чорво 4756 тонна ҷамъоварӣ карда шуд.

Дар маҳаллаҳои ҳудуди минтақаи ба ноҳия воридшуда ҳайвону парандаҳо бо шумораи зерин бақайд гирифта шудааст:

-Ҳайвони калони шохдор 4108 сар;

-Ҳайвони хурд -2910 сар;

-Асп -130 сар

-Ҳамаи намуди парандаҳо 21780 адад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҹумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020