СОИРИ КӮЧАҲОИ ИФРОТУ ХИЁНАТ!

Маҳз Истиқлолият буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаи худро пайдо намуда, дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор гирифт. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳои буздилу рубоҳсифате вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ ва демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб ҳисобида, баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопоки хеш бо ҳар ниқоб аз ҳар минбар, тавассути расонаю сомона, бо ҳар лиҳоз пай дар пай ба тафаккури омма паёму гузоришҳои хешро расонида истодаанд. Вале таърих огоҳ аст, ки ягон хиёнату душманӣ дар ҳаёт бе ҷавоб нахоҳад монд. Эй он фарзанди башар, ки ин лаҳза сатрҳои мазкурро мутолиа карда истодаи! Бидон, ки ҳеҷ гоҳ дар кӯчаҳои ифроту хиёнат майсаву гулу себарга намерӯяд.

Ягона дарди сангини ҷомеаи навин, ҳамин рӯ ба афзоиш овардани шаҳрвандони кӯчаҳои бадбӯи найрангу фиреб, тарсу ҳарос ва нафсу террори шаҳри Ифроту хиёнати сайёраи Замин аст. Масъалаи мубраме, ки шабу рӯзҳои охир ҳам мардуми минтақа ва ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин терроризм маҳсуб меёад. Терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби асри нав ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохӯш, парокандагӣ, тањдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Сабаби пайдоиш ва зуд паҳн гардидани чунин падидаҳои номатлуб дарак аз он медиҳад, ки шароити зинадгӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ, бардошти маънавӣ, сатҳи дониши қисме аз ҷомеа, хусусан ҷавонони камогаҳу аз таълиму тарбия дур монда хеле паст аст, ки зуд фирефтаи гурӯҳои тундгаро мегарданд.
Хотирасон намоям, ки ин падидаи аср на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона низ рахнаандозиро ба бор хоҳад овард. Пас ҳар фарди ҷомеаи мутамаддин, бахусус насли ояндасозу ҷавонро мебояд, ки бо як ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ баҳри дурахшонии фардо, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар муқобили ҳама гуна падидаҳои номатлуби замон бо иродаи қавияшон истодагарӣ намоянд.

Гулмуродзода Қ.Г.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *