Бо фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августа соли 2013 таҳти №1504 Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, тасдиқ карда шуд. Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 санади барномавии дурнамоӣ миёнамуҳлати сиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия буда, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории зичи байни макомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобик ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад, Стратегияи нав идомаи мантиқии Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 таҳти №864 буда хислати навкардашудаи низомнок ва маҷмуӣ пайдо кардааст.
СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
Leave a reply