Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Раиси шаҳри Душанбе

Билол Иброҳим

Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

[currency_bcc type="custom" w="200" h="350" c="197e03" fc="FFFFFF" a="1" f="USD" t="TJS" g="on" sh="on" b="off" fl="on" p="c" cs="USD,RUB,TJS" s="off" mf="4" df="2" d="3" su="on" lang="ru-RU"]

Кор бо занон

ҲИСОБОТ
оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои соли 2022

КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА

Бахш тибқи нақшаи корӣ, вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ аз гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ҷурофотпарастиву ифродгароӣ, тақлиди фарҳанги бегона, бемориҳои сироятии ҷинсӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба қонунгузорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, коллеҷ ва литсейҳои ҳудуди ноҳия зиёда аз 24 суҳбату вохўрӣ, 10 семинарҳои омўзишї -иттилоотӣ, 1 конференсия бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 4 озмуни маърифати фарҳангӣ, 1 мизи мудаввар, 6 аксия, 5 барномаи телевизионию радиоӣ, 1 фестивал ва 150 гардишҳои маърифатӣ иттилоотӣ дар самти бегонапарастӣ баргузор намуд. Зимни баргузории вохўриҳо бо аҳолӣ оид ба риоя ва татбии дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” далелҳои ассоснок баён гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки риояи дақиқи талаботи қонунҳои мазкурро ҳамагон бояд таъмин намоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумотҳои бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии нохияи  544 нафар оила нав бунёд карда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад кам гардидааст. Масъалаи бекоршавии ақди никоҳ бошад 442 ҳолатро ташкил медиҳад, ки аз ин 343 ҳолат тариқи ҳалномаҳои судӣ ҷудо гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Cоли 2024 - Соли марифати ҳуқуқӣ